Ҷашни Истиқлол барои мо, мисли ҳар миллати озодаи ҷаҳон, боарзиштарин ҷашн аст. Зеро Истиқлол аст, ки зиндагӣ рангу бӯ мегирад ва ҳаёт маъно пайдо мекунад. Истиқлол аст, ки миллатрову кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоем. Истиқлол аст, ки миллати мо бо азму иродаи худ роҳбари арзандаи давлату миллатро интихоб намуда, ояндаи худу фарзандонашро ба дасти ӯ супурдааст. Истиқлол аст, ки мо имкон ёфтаем, масири зиндагии худро худ муайян созем ва равобити хориҷии худро бар асоси манофеи миллии худ танзим намоем. Истиқлол аст, ки тавонистем, як кишвари зебову пешрафтаро аз худ барои фарзандон ба мерос гузорем… Хулоса, Истиқлол буду набуди як миллат аст, миллате, ки барои ояндаи худ тарҳу барномаи мушаххас дораду барои расидан ба онҳо талош меварзад.
Воқеан, таҷлили ин рӯз ба он хотир аст, ки мо як бори дигар арзиши ин неъмати бузургро ба ёд орем, роҳи тайнамудаи худро дар даврони Истиқлол ба дидаи нақду санҷиш бингарем ва барои ояндаи беҳтари худу фарзандонамон барномарезӣ кунем. Ин ҷашн ба он хотир аст, ки як бори дигар рӯҳи истиқлолхоҳӣ дар афкор ва шуури ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба таҳрик биёяд, то бо ифтихор ва масъулиятшиносии бештар ба худ ва ба дунё назар андозанд ва қадри Истиқлол ва суботу оромиши кишварро бидонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, агарчи расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлолият расид ва давлати мустақили худро таъсис дод, фарҳанги давлатдорӣ барои тоҷикон чизи нав ва тозабадастомадае набуд. Оини давлату давлатдории аҷдоди мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тӯли таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст.
Собиқаи пурғановати давлатдорӣ ба мо имкон дод, ки пас аз бозгашти сулҳу оромиш, дар муддати кӯтоҳе ба арсаи ҷаҳон бароем ва бо нақшгузорӣ дар ҳалли масоили глобалӣ обрӯи кишвар ва миллатро баланд бардорем. Халқи тоҷик нишон дод, ки як миллати тамаддунофар аст ва бо гузаштан аз ҳамаи мушкилоти сунъӣ, ки душманон барояш пеш оварда буданд, инак ба ҷойгоҳи арзандае дар сатҳи ҷаҳон расидааст.
Дар тӯли 27 сол кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои муаззами миллат, дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва тавонист бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад.
Имсол дар кишвари мо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон иншоотҳои муҳими бахши сайёҳӣ, назири Маҷмаи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара», истироҳатгоҳҳои «Пули сангин», «Баҳористон», маҷмаи «СПА Ҳаёт» ва боз даҳҳо меҳмонхонаҳои панҷситорадори ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд гардида, як қатор инфрасохтори бахши сайёҳӣ таҷдид карда шуданд. Дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат мардуми кишвар ба корҳои созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Ҷараёни босуръати корҳои бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат, хосса дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе далели ин гуфтаҳост.
Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ аст. Кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани манзараҳои чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш қалби садҳо сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст.
Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, шикор дар чор фасли сол мавҷуд аст. Чунин иқлимро шояд мардумони дигар кишварҳои ҷаҳон орзу доранд. Бояд, пеш аз ҳама, худамон ба қадри ин диёри ҳамешабаҳор ва ин неъмати бузурге, ки дорем, яъне сулҳу амнияту осоиш бирасем ва сипас онро барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем…
Инак, бори дигар ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ расидем ва бо тамоми вуҷуд шукронаи онро дорем, ки Тоҷикистони зебои мо дар партави сиёсати санҷидашудаву мардумписандонаи Пешвои миллат дар фазои комилан осуда 27-умин солгарди Истиқлолиятро ҷашн мегирад. Тоҷикистон бо фазои орому осуда ва пешравиҳову созандагиҳояш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани диёр якдилона талош меварзанд.
Ид муборак, ҳамдиёрон!
Шоҳона Сулаймон