Имрӯз Аламвӣ Сиярова ва фарзандонаш яке аз бузургтарин чорводорони ноҳия ва водӣ ба шумор мераванд. Саршумори чорвои калони хоҷагии онҳо аз 100 сар ва чорвои майдаашон аз 1500 сар гузаштааст. Ин оила аз зумраи чорвопарварони муваффақи кишвар ба ҳисоб меравад. Бино ба қавли Аламвӣ Сиярова, ин ҳама ба осонӣ ва зуд ба даст наомадааст.
- Маро дар 14 - солагӣ ба шавҳар доданд. Ҳатто намедонистам, ки шӯдорӣ чист. Ҳамсарамро ака мегуфтам. Он замон низ барои барвақт ба шавҳар додан ҷазо таъйин буд. Аз ин сабаб ҳамсарам ду сол то ба синни никоҳӣ расиданам, аз чашми мардум дуртар чӯпонӣ мекард. Аз хурдсолӣ дар меҳнат обутоб ёфтаам. Кори хона, саҳро, тарбия ва нигоҳубини панҷ фарзанди падар низ ба зиммаам буд, - мегӯяд ин бонуи чорводор.
Беандоза зани ботаҳаммул ва бениҳоят шукргузор аст аз зиндагӣ. Аз замони сахтиҳову қаҳтиҳо бо як андуҳ ҳикоят мекунаду ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. Тавре ӯ мегӯяд: «Аз ин ҳама осоиштагиву ободиву озодӣ, сериву пуриву пешравӣ шукр накунӣ ва ин ҳамаро нодида бигирӣ, кӯр мешавӣ».
- Шавҳарам дар авҷи зиндагӣ, замони кашмакашиҳои шаҳрвандӣ дар 50 - солагӣ аз олам чашм пӯшид ва ман дар синни 32 бо ҳашт фарзанд бесаробону бесоҳиб мондам. Роҳбарии оилаи иборат аз 15 нафар пурра ба дӯши ман афтод, ки басо душвор буд. Ҳини куштор буду фасли хунрезӣ. Дарёфти нон беҳад мушкил, дар ҳама ҷо қаҳтӣ вилоят дошт. Пул умуман набуд, дар ноҳияҳо мардум бо мол хариду фурӯш мекарданд. Охирон гову моли хона ба ивази гандум рафт. Мондем бе молу бе ҳол, дар оғил чизе дигар сиёҳӣ намекард. Қаҳтии ҷанг ману фарзандонамро барои дарёфти гандум ба Ҳисору Қумсангир бурд. Хостем бар ивази дарави ғалла гандум дарёфт кунем. Вале, хешу табори шавҳарам, ки маскуни он ҷо буданд, нагузоштанд. Якҷоя шуда 10 халта гандум инъомамон намуданду мо ба Тоҷикобод пас гаштем, - бо дард ёд меорад пиразан.
Зиндагӣ маҷбураш месозад ва ӯ ҳамроҳи писаронаш моли мардуми деҳаро гирифта ба айлоқ мебарояд. Ба ивази заҳмати рамабонӣ ҳамдеҳагон ба онҳо орду гандум ва бузу барра медиҳанд. Ҳамин тавр, сол аз сол саршумори чорвои онҳо меафзояд.
- Писаронам аз уҳдаи чӯпонӣ хуб мебаромаданд, ба моли мардум хиёнат намекарданд. Овозаи гӯсфандчаронии хуби онҳо тез паҳн гардид. Бошандагони рустоҳои Ғанишов, Дараи Назарак, Миразюн ва Фатҳобод талабгор шуданд, ки маҳз мо молашонро ба чарогоҳҳо барем. Бо сарварии худам рамаро ба мавзеи зебоманзари Сӯз ва Тошбулоқ баровардем. Ин айлоқҳо дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд. Табиату набототаш барои чорводорӣ бисёр мусоид аст. Бар ивази заҳматҳои кашидаамон ҳамон сол мардум ба мо 40 сар моли майда доданд. Ана ҳамин гуна мо дар баробари чӯпонӣ ба халқ саршумори рамаи худро низ афзун менамудем, - мегӯяд ӯ.
Ҳоло синни мубораки ин зани ширингуфтор ба ҳафтод расидаасту назорати кору бори хона, келинҳо, фарзандон ва хоҷагӣ пурра дар ихтиёри ӯст. Тавре худаш мегӯяд, бе иҷозати ӯ фарзандон ҳатто пашми бузеро қайчӣ намезананд.
- Айни ҳол рамаи гӯсфандон дар ихтиёри писари чорумам Садриддин Исмоилов қарор дорад. Ӯ бо ҳамроҳии чанд нафар рамабон, ки ба онҳо маошу хӯрду хӯрок ва пӯшоку пойафзол таъйин шудааст, подаро бонӣ мекунанд. Вай аллакай мутахассиси ин соҳа гаштаасту масъалаи хушзоткунии чорворо ба роҳ монда. Чорворо дар чарогоҳҳои ноҳия ва дар мавсими тирамоҳу зимистон ба чарогоҳи Ҷорубқули минтақаи Кӯлоб мебаранд. Дар он мавзеъ барои чӯпонҳо зистгоҳ бо шароити хуб муҳайёст. Писаронам барои чорво кашар сохтаанд ва захираи хӯроки чорво низ дорад, - мегӯяд бо ифтихор модар.
Чорводорон аз шири гов ва бузу гӯсфанд ҷурғот, маска, чакка ва пинуи тозаи хонагӣ истеҳсол мекунанд. Шири чорвои майда ва маҳсулоти аз он тайёрнамудаи онҳо харидорони худро дорад. Тавре Садриддин иброз намуд, корашон осон нест, вале давраи тӯлгирӣ, ки ба моҳи ҳамал рост меояд, аз ҳама вақти сангини корашон аст.
– Деҳқон дар зимистон ба истироҳат мебарояд. Чӯпон бошад, ҳич гоҳ, - мегӯяд ӯ.
Аламвӣ Сиярова азоби зиёде кашидааст дар зиндагӣ. Дар баробари фарзандони худ ва падараш, ки парасторашон буд, боз ҳафт ҷигарбанди духтари калониашро ҳам, ки аз олам даргузашт, ба воя расонд. Сахтии ҷанг, гуруснагиву бепӯшокиро дида, азоби кори даҳмардагиро баробари фарзандонаш озмуд. Вале, тавре ӯ мегӯяд, барои зиндагии шоиста мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ватан сулҳ оварду ободӣ кард, талош мебояд. Ва имрӯз ӯ шодком аст. Дар оғӯши фарзандон ва наберагонаш, ки 36 нафаранд, даври пирӣ меронад. Оила ва хоҷагии намунавии ноҳияанд. Дар маҷлису вохӯриҳо Аламвӣ Сиярова назди мардум ба сухан баромада, аз минбар ҷавононро ба меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ, ростқавлию ростгӯӣ даъват мекунад.
- Бисёр мехостам бо Пешвои муаззами миллат аз наздик суҳбат кунам. Орзуи дигаре надорам, - мегӯяд ӯ ва қисса мекунад, - замони нооромиҳо, вақте Сарвари давлат ба Тоҷикобод ташриф овард, баъди мулоқот бо мардум чархболаш ба ҳаво хест. Аз маркази ноҳия то деҳаи Мазори Шинг дар осмон суроби чархболи Президентро ҷуста, ашк дар дида назди Худованд дуо менамудам, ки Пешвои мо сиҳату саломат ба Душанбе бирасад. Зеро, давраи ҷанг буд ва вазъ дар минтақа муташанниҷ. Баъд дар замони осоишу рифоҳ дар доираи сафарҳои анъанавии кориашон Сарвари давлат ба водии Рашт, ба ноҳияи мо низ ташриф оварданд. Дар ҳузури Президент имкони баромад даст дод маро. Аз фурсат истифода намуда, гуфтам, ки ормоне дорам, то бо Шумо салом кунам. Маро ба назди Пешво бурданд ва ман бо ӯ даст ба даст салом кардам. Маро паҳлуи худ шинонд ва ман бо Президент сурат гирифтам. Ба ӯ гуфтам: «Дар ҷунут садқа, э бачаи ҷуни ширин, э додари қиёматӣ». Шукр, ки орзуям амалӣ гашт, - бо гиря ва ҳаяҷон ёдовар мешавад ин зани чорвопарвар.
Бале, барои зиндагии хубу шоиста бояд талош кард. Ҳамин талошҳоянд, ки имрӯз рӯзгори мардум офият асту осуда ва пешравиҳо назаррасанд. Агар як зани одии деҳотӣ ин қадар заҳмат кашиду нанишасту нашикаст, пас метавон гуфт, ки фардои мо боз ҳам шукуфотару рахшо хоҳад буд.
Далер САФАРЗОДА,
ноҳияи Тоҷикобод