Дар Конфронс, ҳайати 30 нафараи намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон низ иштирок доштанд.
«Барои Қазоқистон об ин бузургтарин арзиш аст. Кишвари мо дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар ду ҷумҳурии наздисарҳадӣ ба шумор меравад, барои мушкилоти истифодаи устувори об мубориза мебарад», - иброз дошт дар суҳбат бо мо профессори кафедраи «Захираҳои об ва мелиоратсия»-и Донишгоҳи миллии аграрии Қазоқистон Ермеккул Жапаркулов.
Мувофиқи гуфтаи ӯ, об ин манбаи ҳаёт, бунёди тамоми асосҳо маҳсуб меёбад. «Ин аст, ки имрӯз мо ба ин Конфронси ҷаҳонӣ ташриф овардем, то Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбари давлати шуморо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, дастгирӣ намоем. Инчунин, аз ин Конфронс таҷрибаи муфид гирифта, дар оянда барои ҳалли мушкилоти оби дорои хусусияти минтақавидошта камари ҳиммат хоҳем баст. Чун дар Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамасола аҳолӣ афзоиш меёбад, аз ин рӯ, кишвари мо низ ба захираҳои бештари обӣ ниёз дорад. Табиист, ки ин ҷо мушкилоти муайяне сар мезанад, ки онро мебояд дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо ҳаллу фасл намуд. Мушкилоти об ин як масъалаи умумӣ барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст», - иброз дошт дар охири сухани худ профессор.
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», намоиши технологияҳои нав ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунии захираҳои об низ баргузор гардид.
Дар суҳбат бо мо узви Кумитаи байналмилалии Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» Тат Юунг зикр намуд, ки Тоҷикистон яке аз манбаъҳои асосии таъминоти об ба шумор меравад. Дар намоишгоҳи мазкур, Тат Юунг таҷҳизоти нави ширкати Гонконгро ба намоиш гузошт, ки он обро аз ҳавои атмосфера ҷамъоварӣ менамуд. Оби истеҳсолнамуда поку беолоиш буда, барои истеъмол тавсия дода мешавад ва истеҳсолаш муҳити зистро низ ифлос намекунад.
«Дар ҳайати намояндагони мо дар шаҳри Душанбе, инчунин, намояндагони ширкати Гонконг, ки махсус барои ҳалли проблемаҳои об тахассус дода шудааст, иштирок намуданд. Ширкати мазкур созишномаи дарозмуддати даҳсола бо Тоҷикистон дар соҳаи рушд ва истифодабарии оби пиряхҳо аз кӯли Сарез ва ҷорӣ намудани таҷҳизоти навро имзо намуд. Мо миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» мерасонем, - бо хушнудӣ иброз дошт мавсуф.
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, дар баробари намояндагони дигар кишварҳо, ҳайати меҳмонону мутахассисони соҳаи об аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя, Ӯзбекистон низ ҳузур доштанд.
«Конфронси мазкур яке аз чорабиниҳои муҳимест, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва натиҷааш аллакай маълум аст. Ин ҳам бошад, муколамаи ҷиддӣ дар самти захираҳои об мебошад. Агар мо суолҳои вобаста ба мушкилоти об ва созишномаи мутақобилан судманд барои идоракунии захираҳои обиро дар ҳошияи ин конфронс ҳал намоем, фикр мекунам, ки кишвари мо беҳтару хубтар рушду инкишоф меёбад, зеро об омили асосии рушди ҳар як давлат мебошад», - иброз дошт зимни суханронии худ устоди кафедраи экология ва рушди устувори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Азамат Азизов.
«Бонувони Тоҷикистон»