Як саҳарии барвақти моҳи май занги дарвозаи хонаи Бибихон Азизоваро пахш кардам. Ҷавонзани чеҳракушоде, ки келини хонадон будааст, маро ба хона даъват намуд. Бибихон дар роҳаткурсӣ нишаста буд ва баъди салому паём узр пеш овард, ки бо сабаби ранҷурӣ бархоста наметавонад. Ҳарчанд касалии қанд ва дарди дил ӯро аз пой афтондаанд, чеҳрааш мисли офтоб медурахшид ва дар чашмонаш оташи умеду орзу шуъла мезад. «Духтарам, барои меҳмон чой дам кунед», - фармуд ба келинаш ӯ.
- Шукр, ҳазорон шукр, ки маро дар бемориам аҳли хонадон, ёру дӯстон, шогирдони сершумор, ҳамшаҳриҳо, роҳбарони имрӯзаи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр танҳо нагузоштанд, барои табобат ҳама чораву тадбирҳоро андешиданд, - лаб ба сухан кушод Бибихон Азизова. – Як ҳафта пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдат омаданд. Он кас ҳангоми раиси кумитаи замини ҷумҳурӣ буданашон ҳам ба диданам омада буданд, ки хеле сипосгузорам ва дуо мекунам, ки дар вазифаи нави ниҳоят сангин муваффақ бошанд. Аз ҳама муҳимаш он ки мардуми зиёд ба диданам меоянд, ки бархе аз онҳоро намешиносам ва аз корҳои неки ман дар ҳаққашон ёдовар мешаванд, ки аслан дар хотирам намондаанд…
Бо ҳамин гуфтаи Бибихон Азизова суҳбати мо оғоз ёфт.
«Духтар»- и Сталинград
- Лутфан, дар бораи солҳои бачагиатон, падару модар, таҳсилоти ибтидоӣ чанд сухан мегуфтед…
- 19-уми ноябри соли 1946 дар маҳаллаи Дӯкчигарони шаҳри Конибодом таваллуд шудаам, ҳанӯз сесола будам, ки аввал падар ва баъди як моҳ модарро аз даст додам ва аз беҳтарин неъмати бачагӣ – муҳаббати волидон маҳрум афтодам. Муддате тағою холаам маро тарбия карданд. Баъд бародарам Насруллохон Азизов, ки баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизмати ҳарбиро дар Сталинград давом медод, маро ба он қаҳрамоншаҳр бурд. Дар хонаи як зани рус бо номи Нинахола зиндагӣ мекардем, ки маро гоҳ-гоҳ ба корхонааш, ки либосҳои низомӣ медӯхт, мебурд. Ба мани хурдакак кам-кам асрори дӯзандагиро меомӯзонд, ки баъдан ин ҳунарро пешаи якуми худ интихоб кардам. Синфи якуми мактаби миёнаро ҳам дар Сталинград хатм намудам ва сипас бародарам, ки хизматро тамом карда буд, ба Конибодом баргаштем.
Коргоҳ – парвозгоҳ
- Дуруст аст, ки фаъолиятро аз дӯзандагӣ оғоз кардаед?
- Баъди хатми синфи ҳаштум, минбаъд таҳсилро дар мактаби шабонаи коргарҷавонон идома дода, рӯзона дар иттиҳодияи истеҳсолии «Швейместпром-2» (алҳол «Ҳусноро») ба сифати шогирди дӯзанда ба кор пардохтам. Шукр, ки ин коргоҳи муқтадир, ки дар он сею ним ҳазор нафар (аксар занону духтарон) заҳмат мекашиданд, маро зина ба зина боло мебурд: дӯзанда, тарроҳ, устои баст, сарвари ҷавонони коргоҳ, сардори коргоҳи тарроҳӣ будам, ғоибона техникуми технологӣ, факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) –ро хатм кардам. Коргоҳи мо дар саросари қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буд. Соли 1987, ки ман котиби ташкилоти озоди ҳизбӣ ва сармуҳандиси корхона будам, аз телевизиони Москва як гурӯҳ омада, дар бораи коргоҳи мо филми ҳуҷҷатие омода карданд бо номи «Супориш» («Поручение»), ки борҳо пахш гардид.
Бо супориши ҳизб
- Шумо ин ҷои гармро чӣ хел партофта, сарварии як корхонаи он солҳо ниҳоят қафомондаи шаҳр – комбинати хизмати маиширо қабул кардед ва аз вартаи муфлисӣ наҷот додед?
- Он солҳо супориши котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳр, ки роҳбари аввал ба ҳисоб мерафт, ҳатман бояд иҷро мешуд. Ва камина ҳам бояд аз ин имтиҳон мегузаштам ва ба эътимод сазовор мегаштам. Ҳақиқатан, кор дар ин комбинат, ки доираи хизматрасониҳояш хеле васеъ буд, чандон хуб ҷараён надошт, роҳбаронаш, ки ҳама мардон буданд, зуд-зуд иваз мешуданд, ҳатто як нафарашон паси панҷара ҳам рафта буд. Корхона 1 миллион сӯми шӯравӣ қарз дошт, дар анборҳо 300 ҳазор метр матоъ гӯё чун чизи нолозим ғарам мехобид. Корро аз ҷоннок кардани фаъолияти сехҳои дӯзандагӣ, ки ба фаъолияти пешинаи ман рабт дошт, сар гирифтам. Бо машҳуртарин комбинати хизмати маишии Душанбе – «Садбарг» шартнома баста, 10 нафар дӯзандаро барои такмили ихтисос фиристондам, ки баъд онҳо ба дигарон сабақи тарзҳои нави буридану дӯхтани либосҳои мӯдро омӯзонданд. Дигар соҳаҳо, аз ҷумла ҳаммомҳо ва ҷомашӯйхонаҳоро мувофиқи талаботи замон тағйир додем ва мизоҷони мо, ба ғайри конибодомиҳо, аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон ҳам хеле зиёд шуданд. Корхона тӯли 2–3 сол ҳамаи қарзҳоро пардохта, суди зиёд низ дарёфт ва дар шаҳр хонаи нави хизмати маишӣ сохтем, ки то ҳол аз худхизматгузории он бархӯрдоранд.
Раисӣ дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд…
- Шумо дар шаҳри Конибодом, ки беш аз 160 ҳазор аҳолӣ дошт, ҳашт сол раис будед, ҳол он ки баъди истиқлолият роҳбарони шаҳр 1–2 сол тоб меоварданду бас. Сабаб чист?
- Ростӣ, раисӣ кардан дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Рӯзе, ки раиси вақти вилоят Қосими Раҳбар маро ба ҳузур хонда, ин масъаларо баён намуданд, сахт ҳайрон шудам ва ҳамоно рад кардам. Раис гуфтанд: «Барои соҳиб шудан ба ин вазифа 15–20 нафар мард часпу талош дорад, аммо пурсишҳои афкори мардум ва маслиҳати пирони кори Конибодомро ба назар гирифта, мо тасмим гирифтем, ки дар шароити вазнини ҳозира аз Шумо беҳтар номзаде нест. Ҳуҷҷатҳоятонро гирифта фардо ба Душанбе, ба ҳузури Президенти муҳтарам меравед». 20-уми апрели соли 1996 ба Душанбе рафтам ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди суҳбати тӯлонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъйин намуда гуфтанд: «Аз ҳамин рӯз Шумо дар шаҳри худ намояндаи мо ҳастед. Ҳаракат кунед, бо дилу нияти пок ба халқ хизмат намоед. Як лаҳза ҳам аз ёд набароред, ки обрӯи Шумо обрӯи Сарвари давлат ҳам ҳаст. Барори кор мехоҳам». Чун аз ҳузури Сарвари давлат мебаромадам, ба худ мегуфтам: «Эҳ, Бибихон, Бибихон, оё ту ба ин боварӣ сазовор мешуда бошӣ?!»
Партовҳоро дур бояд кард
- Корро аз чӣ сар кардед?
- Он баҳори соли 1996 ҳанӯз ҷанги бародаркуш идома дошт. Боди самуму наҳси он ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ расида, корхонаҳо аз кор монда, мардум муҳтоҷи як бурда нон буд. Аз ҷабҳаҳои ҷанг ҷасадҳои ҷавонони шаҳидро меоварданд ва доду фиғони модарону падарон ва хешу таборон ба фалак мепечид. Фитнагарон ва душманон ошкору ниҳон ҳукуматро бадном мекарданд, мардумро ба намоишу эътирозҳо даъват менамуданд. Ба ман тавсия доданд, ки муҳофиз гирам ва назди халқ танҳо наравам, аммо ин пешниҳодро қатъиян рад кардам. Охир ба назди мардум бо муҳофиз равам, чӣ мегӯянд? Кадом модар назди фарзандонаш бо муҳофиз меравад?! Корро аз ободонӣ сар кардам. Пеш аз ҳама маро ҳамчун зан кӯҳи партовҳои солҳо ғуншуда ба ташвиш оварда буд. Бинобар ин тамоми техникаи мавҷуда ва аҳолиро ба бардоштани партовҳо сафарбар намудам, ҳатто бинои идораи шаҳрро се рӯз тоза кардем, то дили мардум ҳам аз бухсу кина покиза шавад. Аз мадрасаи Ойим, ки нодиртарин ёдгории таърихии шаҳр аст, 500 мошин партов кашонда, онро таъмиру тармим кардем, ки алҳол зиёратгоҳи меҳмонон ва сокинони шаҳр шудааст.
Наҷот аз гуруснагӣ ва пешрафтҳо дар пахтакорӣ
- Дар бораи нахустин комёбиҳои шаҳр чанд сухан мегуфтед?
- Иқдоми саривақтии Сарвари давлат дар бораи ҷудо кардани заминҳои президентӣ мардуми Конибодомро аз гуруснагӣ наҷот дод. Деҳотиёни мо, ки асосан ба боғдорӣ ва пахтакорӣ машғул буданд, аз заминҳои эҳдошуда он қадар гандум ғундоштанд, ки комбайнҳо фурсати даравидану кӯфтанашонро намеёфтанд ва шоҳроҳи Конибодом - Исфара аз ҳосили фаровони гандум пур буд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат Ваҳдати миллӣ тантана кард ва дили мардум ба кор гармтар шуд. Ҳамон соли мубораки 1997 пахтакорон бо оростани хирмани 17 ҳазор тоннагӣ дурнаморо иҷро карданд. Соли 1998 ҳам рӯзе то 4, 5 дарсади солона пахта месупурдем ва нахустин таҳсини Президентро дар маҷлиси фаъолони вилоят шунидем, ки гуфтанд: «Раҳмат ба падари раиси Конибодом Азизова! Имрӯз ноҳия то 4,5 фоизи нақша пахта супурда истодааст. Масъалаи ободонӣ, тозагии шаҳр низ лоиқи ибрат аст. Дигар раисони ноҳияҳои ҷумҳуриро ин ҷо овардан лозим, то таҷрибаи ноҳияро омӯзанд. Ана ҳамин хел ташаббускорон, мутахассисони дилсӯз ва ғамхори миллатро бояд ҳаматарафа дастгирӣ намоем ва аҳсан гӯем». Ҳамон сол беш аз 20 ҳазор тонна пахта супурда, ғолиби мусобиқаи вилоятӣ гардидем. Дар соли 1999 ҳам пахтакорон комёбӣ ба даст оварданд ва ҷоми «Тоҷи заррин»-и вилоятро барои се сол пайдарпай ғолиби мусобиқа гардидан, доимӣ соҳибӣ карданд.
Имтиҳони сел ва таваллуди Бибихони 2
- Медонем, ки моҳи майи соли 1998 сели ногаҳонӣ деҳаи Маданияти шаҳрро пахш кард ва тавре матбуот хабар дода буд, Шумо 22 шабонарӯз аз маҳали ҳодиса дур нашудед…
- Бадбахтона, чунин ҳодиса рӯй дода, ба 315 манзил зарар расонд, 210 гектар киштзор ба коми нобудӣ рафт, аммо, хушбахтона, он талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Таъҷилан мардумро бо сарпаноҳ, либосу хӯрок таъмин кардан лозим буд. Аз ин рӯ, дар он ҷо ситод ташкил карда, шабонарӯз барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиат талош намудем ва муваффақ гаштем. Дар ҳамон шабу рӯзи серташвиш дар хонаводаи яке аз осебдидагон духтаре ба олам чашм кушод, ки номашро ба ифтихори банда Бибихон гузоштанд. Ин беҳтарин подош бар ивази заҳматҳои кашидаам буд, ки баъди шуниданаш ҳамаи хастагиро аз ёд бурдам, неруи наве барои хидмат ба халқи қадрдон ва меҳрубонам пайдо намудам. Хушбахтам, ки ҳамон Бибихон дар ҷашни 70- солагиям маро табрик гуфт.
Бозгашт ба сиёсат
- Баъди 8 соли раисии муваффақона Шумо фаъолияти худро дар кадом корхона идома додед?
- Баргаштам ба ҳамон комбинати хизмати маишӣ, ки акнун ҷамъияти саҳомии «Муҳайё» ном гирифтааст ва аз соли 2004 то соли 2007 онро сарварӣ кардаму ба нафақа баромадам, аммо истироҳати бофароғати банда дер давом накард. Моҳи майи соли 2008 бо пешниҳоди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маро якдилона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карданду боз ба сиёсат пайвастам. Ба ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят сафарҳои хидматӣ анҷом дода, ҳуҷҷатгузорӣ ва корбариро санҷидам. Маълум шуд, ки баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо худ аъзои ҳизб бошанд ҳам, ба кори созмонҳои ҳизбӣ ҳеҷ мададе намекунанд. Барои ҳалли ин мушкилот раиси вақти вилоят Қоҳир Расулзода моро хеле дастгирӣ карданд. Кори ҳизбӣ бо ҷӯшу хурӯш пеш мерафт, аксари кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ соҳиби биноҳои замонавӣ гардиданд. Ниҳоят, соли 2011 бо назардошти бад шудани вазъи саломатиям аз вазифа рафтам ва алҳол гирандаи нафақаи ҷумҳуриявӣ мебошам.
Меҳрубони хонавода
-Оё «зани оҳанин» метавонад ҳамзамон модару ҳамсари меҳрубон бошад?
- Агар «зани оҳанин» пуштибони қавие аз ҷониби ҳамсар ва дигар аҳли хонадон надошта бошад, зуд «об» мешавад. Хушбахтона, ҳамсари содиқу бовафоям Абдураҳимхон Холтӯраев беш аз панҷоҳ сол аст маро мисли гул мепарваранд. Банда ҳам дар хона «оҳанин» нестаму набудам, ҳатто солҳои раисиям ҳам дар тарабхона не, дар хона хӯрок мепухтаму бо аҳли хонадон тановул мекардам, ки лаззати дигар дошт. Фарзандонамон Абдураҳмон, Иброҳимхон ва Насибахонро соҳиби хонаву дар кардем. Шукр, 12 набера ва 6 абера дорем.
Панде ба бонувони раҳбар
- Муҳтарама Бибихон Азизова! Ба туфайли сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занону духтарон дар кишвар торафт баландтар мегардад, бонувон ҳар чи бештар ба корҳои роҳбарӣ ҷалб мешаванд. Шумо ба бонувоне, ки имрӯз зимоми роҳбарии зинаву соҳаҳои гуногунро ба уҳда доранд, чӣ маслиҳат медиҳед?
- Пеш аз ҳама, мағрур нашаванд, одамгариро гум накунанд. Ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат содиқ бошанд ва инро на бо забон, балки аз таҳти дил, бо иҷрои корҳои амалии хеш собит созанд. Хоксор, ба халқ наздик бошанд, то мардум дарди дилашонро беибо ба онҳо гуфта тавонанд. Бо баҳонаи серкорӣ аз тарбияи фарзандон худро канор нагиранд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Конибодом