· Даъвати мо ба сулҳ ва сабру таҳаммул ҳанӯз дар рӯзҳое садо дод, ки мухолифати шадиди мусаллаҳона миқёси даҳшатнок пайдо карда, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия аз марказ то маҳалҳо фалаҷ гашта буд.
· Фикр мекунам, ки паси ҳам ба истеъфо рафтани Ҳукумат, ба тариқи фишор аз сарварӣ дур намудани Президентони мамлакат, таъқиби вакилони халқ ва зиёиёни равшанфикр, азоби мардум аз нарасидани нон ва мушкилоту бенизомиҳои он рӯзҳо аз хотири халқ нарафтааст.
· Падидаи аз ҳама хатарнок дар он рӯзҳо ин буд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои мамлакат зери пой шуда, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Ба назар чунин мерасид, ки роҳи ягонаи пешгирии ин офат фишору зӯрӣ аст. Вале мо бо ин роҳ нарафтем.
· Инсоният садҳо ҷанги дохилии кишварҳо ва сарзаминҳоро ёд дорад, ки бо оқибатҳои бисёр даҳшатноку вазнин анҷом ёфтаанд. Зеро тарафҳои даргир проблемаҳои худро маъмулан бо роҳи зӯрӣ ва истифодаи силоҳ ҳал мекарданд. Бо назардошти ин омил, мо дар он айёми тақдирсоз дарк кардем, ки идомаи ҷанг ва муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва нобудии генофонди миллати тоҷик гардад.
· Дар он рӯзҳои сахт таҷрибаи талхи давлати Сомониён ҳамвора пеши назар меомад. Он давра душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд. Дар натиҷа, давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард.
· Бар асари фитнаҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд ва ин дафъа ҳам тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини мо барафрӯзанд, халқамон аз бисёр чизҳо маҳрум монд. Яъне дар даврае, ки мардуми мо бо мухолифати мусаллаҳона саргардон буд, тақсими мероси давлати абарқудрати шӯравӣ идома дошт ва мо натавонистем, ки ҳиссаи қонунии худро соҳиб шавем.
· Роҳи сулҳ барои мо роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо модели тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Мо дар раванди музокирот ба хотири сулҳу салоҳ гузаштҳо мекардем, гаштаю баргашта сари мизи музокирот менишастем, фазои боварию эътимодро фароҳам оварда, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳарифи сиёсиро меомӯхтем. Дар ҷустуҷӯйи роҳҳои мусолиҳа мо ба ҳама чиз омода будем.
· Дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, эҳсоси хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт. Роҳнамои асосии мо дар ҳалли масъалаҳои баҳснок Конститутсияи мамлакат ва иродаи халқ буд.
· Ман ҳанӯз дар суханронии аввалини худ дар иҷлосияи таърихии шонздаҳум гуфта будам, ки ба хотири таъмини сулҳ ва наҷоти миллат омода ҳастам ҷони худро қурбон намоям.
· Дар давоми музокирот ва ҳам дар ҷараёни татбиқи талаботи Созишномаи сулҳ бисёр омилҳо ба пешрафти корҳои мо таъсир мерасониданд. Баъзе гурӯҳҳо тавассути ба роҳ андохтани террору моҷароҷӯӣ мехостанд музокироти моро аз маҷрои муътадил бароранд. Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишварамон қувваҳое низ амал мекарданд, ки бо муваффақият анҷомидани музокироти сулҳро намехостанд, зидди бозгашти гурезаҳо ба Ватан буданд, ҳамчунин мехостанд, ки ба мухолифати дар мамлакатамон идомадошта рангу тобиши этникӣ диҳанд.
· Кор ба дараҷае расида буд, ки баъзе ҳамсафони наздики Роҳбари давлат бар зидди раванди сулҳ баромада, ба сиёсати пешгирифтаи мо бо назари шубҳа муносибат мекарданд. Онҳо ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои шуми худ ҳатто чанд дафъа ба табаддулоти ҳарбию давлатӣ даст заданд. Лекин мо ба ҳамаи ин ниятҳои нопок ва кӯшишҳои душманона иродаи қавии халқ ва азми устувори қувваҳои солими ҷомеаро муқобил гузоштем ва оқибат пирӯз шудем.
· Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.
· Аз оғоз то анҷоми даргириҳо ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу салоҳ ва бо ин васила ба ҳам овардани миллату раҳоии давлати миллӣ аз парокандагӣ ва шикасти ногузир.
· Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила неруҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиклолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.
· Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд. Бо имзои ин санади таърихӣ мо дар кишвари худ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем.
· Ҳар касе, ки ниҳолеро сабзонда бошад, медонад: дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Ин ниҳол ниҳоли дӯстӣ ва ваҳдат аст. Мо меваи ширини ин ниҳоли сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша бар решаи он расад.
· Тавре 27-уми июни соли 1997 дар маросими имзои Созишнома дар ҳузури намояндагони баландмақоми як қатор кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ изҳор карда будам, таҷрибаи талхи мо собит намуд, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи осоишта, яъне музокира расидан имкон дорад.
· Хотирнишон менамоям, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем ва мардумро ба номи истиқлолияту озодӣ ва пешрафти ояндаи Ватанамон муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ дорем.
· Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, нияту нақшаҳои неки оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем.
· Бигзор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша нурафшонӣ намояд!