Қурбон Ҳакимзода - раиси вилояти Хатлон:
- Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Метавон бо ифтихор дар ин маврид аз корнамоию хизматҳои ватандоронаи бонувони фаъоли Хатлонзамин, ки аксаран ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мебошанд, ба монанди Низорамоҳ Зарифова, Адолат Раҳмонова, Гавҳарбӣ Пиракова, аввалин генерал- зани тоҷик Саодат Амиршоева, собиқ раиси суди вилояти Хатлон Муҳаббат Азизова, Муҳаррама Мирзоалиева, Қиматгул Рустамова ва даҳҳо нафари дигар ёд овард.
Ҳамин неруву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони таърихии худро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расонданд, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани нақши занон заминаи бо эътимод фароҳам овард. Қабул гаштани фармони мазкур такони бузург дар самти тақвияти сиёсати гендерӣ дар кишвар гардида, роҳро дар масири сиёсату роҳбарӣ барои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кушоду фарох гардонд. Дар ин давра ба арсаи сиёсат бонувони сиёсатмадор, ба монанди муовинони раиси вилоят Турсуной Али-
мардонова, Латофат Шарифова, Руқия Қурбонова, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, Ситора Маннон, Маҳмадова Тоҷиннисо, Хидирзода Махфират, Фирӯза Шарифӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ба монанди Каримова Раъно, Файзова Муҳаббат, Шукурова Малика, Раҳимзода Раъно, Зоирзода Маърифат, Давлатзода Заррина, Қурбонзода Ҳилолбӣ, Сатторова Зебо, Назарова Т ӯтихон, Саодатбибӣ Сироҷева, Аслбӣ Наврӯззода, Умеда Собирзода, Фариза Абдулло- зода ва даҳҳо нафари дигар ворид гардиданд, ки бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ, саҳми муносиб дар корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳм гузошта омадаанд.
Аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргари вилояти Хатлон 6586 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд.
Раҳимҷон Набизода - раиси ноҳияи Рашт:
- Давлати мо дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
Имрӯз бонувон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият доранд.
Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории кишвар аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд, ки яке аз намунаи он Озода Раҳмон мебошад, ки имрӯз роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишварро ба уҳда дорад.
Дар ноҳияи Рашт низ сол аз сол сафи бонувон дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ 430 нафар, маориф 380, фарҳанг 60, бонкҳо 38 нафар бонувон фаъолият доранд. Инчунин 71 бону ба соҳибкории хурду миёна машғул буда, 72 тан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ мебошад.
Дар ноҳия 198 нафар бону дар вазифаҳои пурмаҳсули роҳбарикунанда кор мекунад, 9 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 27 нафар вакили Маҷлисҳои маҳаллӣ мебошанд.
Имрӯз дар муассисаҳои олии кишвар аз ноҳияи Рашт 680 нафар духтар таҳсил намуда истодааст, ки дар ояндаи наздик баҳри боз ҳам бештар намудани сафи духтарону бонувон дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.
Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ:
- Яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Ин гуна ҳуҷҷатҳои тақдирсоз нисбат ба баланд бардоштани манзалати занон дар ҷомеа саҳми бориз мегузоранд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон занон баробар ба мардон дар корҳои сиёсӣ ҷалб мешаванд ва аз уҳдаи вазифаҳои худ дар сохторҳои идории кишвар ба хубӣ мебароянд.
Ин аст, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он занҳо дар баробари мардон дар мансабҳои масъулиятнок фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла дар кумита қариб 180 нафар занон фаъолият менамоянд, ки аз шумораи умумии ҳайати шахсии кумита 13 %-ро роҳбарон аз ҳисоби занон ташкил медиҳанд.
Талошҳои пайвастаи роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини баробарии гендерӣ он аст, ки сол аз сол иштироки занон тибқи Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кору пайкори соҳа зина ба зина боло рафта истодааст.
Фирдавс Шарифзода - раиси шаҳри Гулистон:
- Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қарор дорад. Аз 35 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 10 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин 12,5 фоизро дар бар мегирад. Аз 95 нафар вакили Ҷамоати шаҳрак 38 нафарашон занон мебошанд, ки 9,3 фоизро ташкил медиҳад.
Аз теъдоди умумии аҳолии шаҳри Гулистон (48 100 нафар) 23 954 ё
49,8 %-и аҳолӣ бонувонанд. Дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳр 34,8 % кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 78,3 %, дар соҳаи тандурустӣ 68,6 %, хизматчиёни давлатӣ
42 %, соҳибкорон 25 %, дар соҳаи фарҳанг 46 % бонувон фаъолият меба- ранд.
Шумораи занони роҳбар дар шаҳр беш аз 50 нафар буда, 37 %-и роҳбаронро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 10 нафар занон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон вакилони Маҷлиси ҷамоати шаҳракҳо интихоб шуданд ва ин нишондод нисбати даъвати гузашта 15 фисад афзудааст.
Қобили тазаккур аст, ки раиси нозироти андоз, роҳбари бонк 2 нафар ва раисони ҷамоати шаҳракҳо 2 нафар аз ҳисоби занон мебошанд. Дар шаҳр 48 фисади аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро бонувон ташкил дода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр зан мебошад. Алҳол 198 нафар занон ба соҳибкории хурду миёна машғуланд. Алҳол 355 нафар донишҷӯдухтарони шаҳр дар донишкадаву донишгоҳҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ таҳсил менамоянд.