03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МИЛОДИ ВАТАН

Ваҳдати миллӣ - сулҳу суботу ҳамбастагии мардуми тоҷик, ки онро ба хости Худованди пок ба Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуд, низ аз ин сарчашмаи таърихӣ об мехӯрад. Чаро ки мафҳумҳои «Дирӯз, Имрӯз, Фардо»-ро муаллифу меъмори мулоҳизакори сулҳу истиқрори тоҷиксоз пора ба пора, тора ба тора, реша ба реша, ришта ба ришта ба ҳам сиришта то ба сатҳи як рукни ноҷудои сиёсати давлатдорӣ яклухт сохт, ки дар ниҳояти кор ба ғояи миллӣ табдил ёфт. Ба қавле, дар масири ваҳдатсозии суботмандона тадбир ҷуст ва решаи имрӯзу фардоро аз гузашта оби ҳаёт дод. Ҷашну суннатҳои миллии таърихии қавми озодатабори тоҷик бо ибтикору иқдомҳои фарҳангсолорию бузургворонаи ӯ, бо шумули Наврӯзу Садаю Меҳргон, дар оину оинаи ибратомӯзи имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҷилои тозааш эътибору эҳтироми дигар гирифт. Ҷашнвораҳои мазкур ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса мутантану хотирмон таҷлил мешаванд, ки ба таҳкими ғояи Ваҳдати миллӣ хидмати гаронарзишеро сомон медиҳанд. Як далели муътамад дар ин иртибот ин аст, ки макони таҷлилу гиромидошти ҷашнвораи Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳар сол як хиттаи нави маъмурию ҷуғрофии Тоҷикистон баргузида мешавад. Ҳадаф аз ин боз ҳам ҳамон таҳкиму тақвияти ғояи Ваҳдати миллист. Зимни омодагиҳо роҳбарияти минтақаи мизбон бо дарки масъулияти баланд барои бунёди иншооти зиёди ҷашнӣ иқдом мекунанду дастранҷҳои арзандаи истеҳсолӣ касб менамоянд, то ҳосили заҳматҳои худро ба маъраз гузоранду иззати соҳибхонагию маъракадориро ба ҷо биёранд. Ҳини таҷлили ҷашнвораҳои суннатӣ, ба вижа Наврӯзи хуҷастапай, ки бо ташаббусҳои хастагинопазири чандинсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рутбаи байналмилалиро ба худ ихтисос дод, меҳмонони бешумору дилогоҳи дохилу хориҷи кишвари мо бархӯрдор аз нӯшаи дидор бо ҳам аз кору бору шеваи рӯзгор суҳбатҳои ҷонпарвару табодули афкор менамоянд. Дар ин ҷабҳаи ҳамгироию ҳамзистии осоишта, махсусан бонувони сарбаланди тоҷик беш аз дигарон саҳми бориз мегузоранд, чаро ки ҳосили хирмани ҳунари онҳо маъракаро рангу ҷозибаи дигар бахшида, таассуроту бардоштҳои судманде боқӣ мегузорад.

 

Зимнан, маҳз ба хотири арҷгузорию қадршиносӣ ба заҳматҳои мардуми чирадасту муаррифии хиттаҳои биҳиштосои сарзамини барӯманди Тоҷикистон дар Паёми анъанавии Сарвари муаззами давлати мо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад». Ин ташаббус натанҳо ба ҷалби сайёҳону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди бахшҳои мавриди назар мусоидат мекунад, балки сатҳи зиндагии мардумро боло бурда, дар таҳкиму тақвияти ҳусни тафоҳум миёни онҳо ба таври умдаю амиқ таъсиргузор хоҳад омад. Воқеан, ин аз ташаббусҳои нодири раҳбарии Пешвои миллати мо мебошад, ки ҳар иқдому ташаббусашон чанд ҳадафу паҳлу доранд. Ба гунаи муште аз хирвор, қаламу зеҳни нуктапардози худро ба ин ибтикор, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» унвон шудааст, ихтисос медиҳам. Ин ташаббусро ҳадаф ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаю мушкили дурнамои танқисӣ аз об мебошад. Имрӯзҳо коршиносони масоили сиёсию иҷтимоӣ пештару бештар аз ҷангҳои билоэҳтимолии фаромарзӣ дар заминаи об ҳадсу фол мезананду мардуми сайёраро ҳушдор медиҳанд, аммо Пешвои мо дар бораи истифодаи оқилонаи неруи об дар асоси сарфакорию тамоюл додани он ба рушду созандагӣ ҳарф мезананд, ки дар миёни ҷомеаи тараққипарвари дунё ҳамовозию пуштибонии гарму самимиро пайдо намудааст. Тамоми ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар ин иртибот аз арҷгузорию идроки фарҳанги гаронбаҳои ниёгони озодатабори мо шодоб аст. Чуноне ки маълум аст, қавми Озодагон дар қатори чаҳор унсури ҳастӣ-хок, бод, оташ обро низ арҷ мегузоштанд. Об кафолати рушди зироаткорию боғдорӣ ва ҳам муҳимтарин василаи рӯзгори серу пуру хотири ҷамъ шинохта мешуд. Мардуми соҳибзаковати мо обу ободиро мафҳуми ба ҳам алоқаманд мешуморанд. Ободӣ бошад, кафолати озодию рифоҳ ва сулҳу субот дар ҳар давлат ба шумор меравад. Яъне барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷанбаи ваҳдатбахшоӣ низ бархӯрдор бувад, ки зикри тавонмандии он дар як ҳикмати судманди мардуми мо ифодаи рӯшане дорад: «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност». Ин мардуми муддате садпораи тоҷик, дар ангезаи ифтихору нозиш аз арзишҳои истиқлолу озодию ободӣ обошно танготанг ба ҳам омадаанду дуову дурудеро бар забон меоранд: «Ҷовидону бегазанд бод, дар тақвими таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷик ин Рӯзи муқаддасу мубораки ҳамдилӣ!»

Мо низ ҳамфикру ҳаммаслак бо онҳо бо қалбҳои саршор аз фараҳ мегӯем: «Иқтидору ифтихори меҳану миллати мо - Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми шумо, муборак бошад, ҳамдиёрони гиромӣ!»

Шоҳона ОДИНАЗОДА

 

:.  Сиёсат 21.06.2018 09:43 1509

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz