Соли 2004 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм карда, соли 2010 унвонҷӯи кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуд. Рисолаи номзадияш “Роҳҳои таълиму тарбияи кӯдакон дар оилаҳои ҷудошуда” ба ҳимоя омода аст.
Январ - августи 2004 ровӣ ва муҳаррири барномаҳои “ТВ Исфара” буд. Сипас, ба “ТВ Сафина” гузашта, 10 сол дар вазифаҳои муҳаррир ва муовини сармуҳаррири идораи ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиш кор кард. Аз соли 2014 то апрели соли 2018 мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати љумҳурӣ фаъолият дошт. Аз апрели соли 2018 муовини раиси шаҳри Исфара аст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Оиладор, соњиби ду писар - Исломиддин (2002) ва Комрон (2009). Ҳамсараш Қосимҷон Обидов, номзади илмњои кишоварзӣ, ходими калони илмии Институти зироаткории Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад.
- 30 ноябри соли гузашта дар Исфара анҷумани бонувони фаъол доир шуд, ки он ба 20-солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (аз 3.12.1999, №5) бахшида шуд. Ҳадафҳои аслии ҷамъомад аз чӣ иборат буданд?
Мо ҷамъомадро бо тарзи нав созмон додем ва намояндагони ҳамаи наслҳоро даъват намудем, то ба фаъолнокии бонувон дар ҳаёти ҷомеа такони нав бахшанд. Занону духтарони Исфара, махсусан, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар туфайли маҳорату кордонӣ дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ соҳибном гардидаанд. Масалан, Гулафзо Савриддинова ва Ёқубӣ Муҳиба Бобохон раиси шаҳри Исфара таъйин шуда, пурмаҳсул адои вазифа кардаанд. Ҳамзамон, онҳо дар мақомоти олии қонунгузор - Гулафзо Савриддинова ҳамчун вакил ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон ва Муҳиба Ёқубӣ чун узви фаъоли Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳмгузор буданд.
Алҳол вакилии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳавзаи интихоботии Исфара №20 яке аз бонувони соҳибназар Мавзуна Шамсиддинзода ба зимма дорад.
Бонуи лаёқатманд ГулрӯҶабборзода дар вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ фаъолият мебарад. Сардухтури беморхонаи минтақавии Ворух КаримаҲакимова ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд фаъолият дошта, 4 нафар – ФотимаҶалилова, Гулрабо Бобоева, Марҳамат Ёқубова ва Раъно Маҳмудова вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва аз 265 нафар вакилони Маҷлиси ҷамоатҳо 65 нафарашон зан ҳастанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи умумии аҳолии шаҳри Исфара 270720 нафар буда, аз он 134307 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Шумораи аҳолии қобили меҳнат дар шаҳр 172003 нафар буда, аз он 83002 нафар занон мебошанд.
Дар байни кадрҳои роҳбарикунанда 8 нафар зан сарварии раёсату идораҳо, шуъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба уҳда дошта, 2 нафар ҳамчун муовини раис ва 4 нафар ба сифати котиби ҷамоат фаъолият мебаранд. Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 157 нафар хизматчии давлатӣ 50 нафарро занон ташкил медиҳанд. Чун дар муқоиса бо нишондодҳои солҳои қаблӣ таҳлил намоем, маълум мегардад, ки шумораи занони роҳбарикунанда дар ҳамаи зинаҳо то соли 2005 189 нафар бошад, пас ин нишондод дар соли 2016 290 нафар ва дар соли 2019 304 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи занони роҳбар дар мақоми хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, агар соли 2015 6 нафар бошад, пас ин нишондод соли равон ба 10 нафар расидааст. Ҳадафи аслии ҷамъомад ҷалби ҳарчи бештари бонувони арзанда дар мақомоти қонунгузору намояндагӣ, ҳокимияти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқбуд.
- Яке аз мушкилоти асосӣ дар деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Сурх монеъ шудан ба таҳсили духтарон дар зинаи сеюм буд...
- Фаҳмидам, бо мақсади ҳалли ин мушкил аз ҳисоби бонувони фаъоли ин се деҳот гурӯҳи корӣ ташкил карда, бо усули хона ба хона корбарӣ намуда, бо худи духтарон, волидони онон суҳбатҳо оростем. Зарурати соҳибмаълумот ва соҳибҳунар гардидани духтаронро фаҳмондем. Дар ин самт хидмати олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ки бар иловаи 21 квотаи ҳарсола барои довталабон аз мактабҳои Исфара боз 50 квота ҷудо намуданд, шавқу ҳаваси духтаронро барои гирифтани маълумоти пурраи миёна баланд бардошт.
Соли таҳсили 2019 – 2020 тариқи квота ба донишгоҳу донишкадаҳо 71 нафар аз Исфара дохил шуд, ки аз ҷумлаи онҳо 36 нафар духтар мебошад. Умуман, дар соли таҳсили ҷорӣ 738 нафар духтари исфарагӣ сазовори номи донишҷӯ гардид.
- Дар деҳоти мазкур ва баъзе деҳоти дигар аксарияти бонувон, ҳатто духтарони мактабхон ба тарзи либоспӯшии бегона ба фарҳанги мо майл доранд...
- Ин масъала ҳам то дараҷае ҳалли худро ёфт. Ҳангоми сафари порсолаи Пешвои миллат ба Исфара духтарони мактабҳои деҳоти Ворух ҳамагӣ тоқиҳои миллии зебои тоҷикӣ доштанд. Ин барои намоишкорӣ набуд. Дар ҳақиқат, туфайли роҳандозии чорабиниҳои гуногун дар мактабҳои Воруху Чоркӯҳ духтарон либоси ягонаи мактабӣ ва тоқиҳои миллӣ мепӯшанд.
- Тобистони соли гузашта як гурӯҳ волидон аз Исфара ба мулоқот бо фарзандони сарбозашон дар яке аз қисмҳои ҳарбии марзбонӣ ба ноҳияи Спитамен омада буданд. Вохӯрӣ басо хотирмон гузашт. Ва муҳимаш ин, ки нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ соли гузашта пурра иҷро шуд. Дар ин маврид кадом омилҳоро муҳим мешуморед?
- Солҳое, ки дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон кор мекардам, корвони модаронро бо номи “Дидори аскарбача” созмон додем, ки натиҷаи мусбат дода буд. Ҳамин таҷрибаро дар шаҳри Исфара роҳандозӣ намудем. Бар замми ин, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии шаҳр моҳе як маротиба аз ҳисоби бонувони фаъол гурӯҳҳое созмон додаем, ки меҳмон, дурусттараш мизбони сарбозон мешаванд. Онҳо ҳамчун модар барои аскарбачаҳо ғизоҳои гуногуни миллӣ омода месозанд ва суҳбатҳо меороянд.
- Бонуи соҳибмансаб, модару келини хонадон ва ҳамзамон хизматчии давлатию унвонҷӯ будан душвор нест?
- Нахуст ба волидонам ташаккур мегӯям, ки маро ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ дастгирӣ карданд. Сонӣ, ба хушдоманам Малоҳатхон Обидова арзи сипос менамоям, ки маро ҳамчун фарзанд қабул карданд. Барои анҷом додани кори илмӣ дастгирӣ ва дар тарбияи фарзандонам аз ман дида бештар саҳм гузоштаанд.
Ҷӯра ЮСУФӢ,Исфара