Дар фарҷоми соли 2019 чун анъана Паёми пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат маҳсуб меёбад, ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Чун ҳамасола таваҷҷуҳи кулли мардуми Тоҷикистон ба Паём равона шуда, аз тасмимҳои созанда, бунёдкорона ва шоистаи Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза бардоштанд.
Соли 2019 ва солҳои қаблӣ бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ, ки бо ташаббус ва роҳбарии Сарвари давлат ба вуқӯъ пайвастаанд, барои мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои воқеан таърихӣ маҳсуб меёбанд. Сол то сол ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ки яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, татбиқи як қатор чорабиниҳои барномавӣ ба он мусоидат менамояд. Интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи «ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш» аз талошҳои дигари Ҳукумати мамлакат аст, ки амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегиро вусъати тоза мебахшад.
Дар ироаи Паёми хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди кишвар, ки дар корҳои созандагиву ободонии мамлакат саҳми арзанда гузоштанд, сипосу миннатдорӣ баён намуданд, ки хулқи волою заковати азалии эшон шоистаи таҳсин ва пайравӣ мебошанд.
Ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон дар соҳаи обро Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ намуда, барои кишварҳои аз лиҳози об танқисидошта як қатор барномаҳоро роҳандозӣ менамояд, ки боиси сарфарозии мо, тоҷикон аст. Мушкилоти таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ тадриҷан ҳалли худро ёфта истодааст, ки далели он 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ин самт мебошад.
Афзалияти бештар додан ба соҳаҳои илму маориф, тақвияти қобилияти эҷодии наврасону ҷавонони кишвар ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз иқдомҳои нек ва зеҳнияти маърифатпарваронаи Сарвари давлат мебошанд, ки баҳри бақои наслҳои китобдӯст ва хирадманду закӣ тадбирҷӯӣ менамоянд. То ҷашни 30 –солагии истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим намудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби фонди Президенти кишвар тадбири дигари муассиру манфиатбахши Сарвари хирадсолори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри ҳифзи таърихи пурғановати тоҷикон маҳсуб меёбад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои ниёзманд ғамхориҳои пайваста зоҳир менамоянд ва зимни ироаи Паёми хеш эълон доштанд, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва маъюбони ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта 50 дар сад нафақаи онҳо дар соли 2020 зиёд хоҳад гардид.
Таваљљуњи сатњи олии кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъолу пешоҳанги кишвар боиси сарфарозиву нишоти кулли бонувони кишвар аст, ки ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ироз доштанд:
«Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем. Бовар дорам, ки дар интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард».
Дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намудани бонувони кишвар ва дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштани онҳо, ки зимни ироаи Паём Сарвари давлат ин нуктаро низ таъкид доштанд, мояи ифтихори тамоми бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Зимнан, гуфтаҳои зер низ, ки дар Паём ироа гардиданд, моро беш аз пеш ба масъулиятшиносиву заҳматдӯстӣ, фаъолияти босамару ташаббусҳои нек ва навҷӯиву навгониҳо таҳрик медиҳад.
«Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем».
Масъалаи бо шуғли доимӣ таъмин гардидани сокинони мамлакат ва махсусан занону духтарон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин масъала низ дар Паём мавридии баррасӣ қарор гирифта, Сарвари давлат ба мақомотҳои дахлдор дастур доданд, то дар беҳтар намудани сатҳу сифати касбомӯзии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд. Ин иқдом баҳри некуаҳволии бонувони кишвар таъсири амиқ гузошта, ба соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани фарзандон низ мусоидат менамояд.
Партави Паём, ки онро мардуми соҳибзаковати тоҷик «Бахтномаи айём» низ унвон кардаанд, зеҳну хотири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мунаввар сохта, аз кафолати озодию рифоҳ ва сулҳу суботи мамлакат дарак меорад ва ҳар фардро ба он водор месозад, ки дар ободу шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузоранд ва номи неку кишвари сарсабзро ба ояндагон мерос монанд.
Шоҳона ОДИНАЗОДА