Президенти мамлакат аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҷойгоҳи хоси Покистонро дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун шарики муътамад махсус таъкид намуданд. Ҳарду ҷониб ҳамкории фарогиру созандаро дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангии ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишварро баррасӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фаррохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ изҳор доштанд.
Барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ва ташаккули маҷмӯи ҳавзаҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла, бахшҳои гидроэнергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сатмҳои мухталифи саноат ва ҳамчунин туризм саҳми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ хеле муҳим шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи баланд бардоштани ҳаҷми мубодилаи тиҷорат то ба 500 миллион доллар, истифодаи муштараки имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили бунёди хатти интиқоли барқи САSA — 1000, ба кор андохтани имконияти нақлиётиву транзитии кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.
Таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои мусоиди бахшҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, истеҳсоли алюминии аълосифат, бунёди коргоҳҳои ноқил, истеҳсоли мошинҳои мухталифи барқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва доруворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкории густурдаи соҳибкорони ду кишвар низ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки равобити дуҷониба бошанд.
Фаъолияти ҷамоаи тоҷикон “Тоҷик Қавми Иттиҳад Парти Пакистан” ва нашри маҷаллаи “Тоҷик” намунаи беҳтарини ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.
Сарони давлатҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амниятӣ, ки сатҳи сифатан нав касб кардааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, инчунин истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро муҳокима намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Далер С.