Такя бар неруи зан
Такя ба неруи созандаи халқ, ба хусус, занону духтарони хонашин, ки бузургтарин вазифаву рисолати зиндагиро бар дӯш доранд, нишони эътирофу арҷгузорӣ ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушду пешрафт ва ободию сарсабзии ноҳия аст, ки натиҷаҳои он имрӯз баръало ба чашм мерасанд. Маҳз бо ҳамовозию мусоидати фаъолзанони маҳалҳои ноҳия буд, ки дар самти пешгирӣ аз сарулибоси барои фарҳанги мо бегона муваффақ шудан дорем. Бонувонро мебояд, ки ба касбомӯзию маърифатнокӣ ва ташаккули худогоҳӣ маҳдуд нашуда, ҷаҳондидаву мушоҳидакор бошанд, то дар қиёс бо корномаи занони маъруфи олам фаъолияту зиндагӣ карда, фарзандони худро дар рӯҳияи қаҳрамонию фидокорӣ дар ҳифзи марзу буми Ватани хеш тарбияву ба воя расонанд, - мегӯяд муовини раиси ноҳия Анзурат Абдусаломзода.
Таҷрибаи як тарҳи ҷадиди дастгоҳи идеологӣ дар ҳамкорӣ бо бонувони пешоҳанги ноҳия бори дигар собит намуд, ки модарон бо хираду заковат ва шуҷоату зарфияти хосси худ дар мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб ва ҳалли дигар мушкилоти ҷомеа нақши калидӣ бозида метавонанд.
Дар фазои маънавӣ
Ба андешаи Анзурат Абдусаломзода беҳтарин роҳи пешгирӣ аз падидаҳои номатлубе мисли фарҳанги бегонапарастӣ, бадахлоқию ҷудошавии оилаҳо, худкушию дигар кирдорҳои ношоям ин баланд бардоштани сатҳи илму донишандӯзӣ ва маърифати фарҳангии сокинон, аз ҷумла ҷавондухтарон мебошад.
Оила чун сарчашмаи пешрафти мактаб, ҷомеа ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар таълиму тарбияи инсон нақши асосӣ мебозад. Вале дар бисёр мавридҳо идоракунии ин қишри муҳими ҷомеа ва давлат ба зиммаи модароне мондааст, ки худ ба касбу донишандӯзӣ ва андешакорию афкори пешбаранда ниёз доранд. Бо мақсади ислоҳи вазъ ва рушду таҳкими оила, баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ва тарбияи насли наврас робитаи хонаводаҳоро бо ҷомеа, мактаб ва дигар сохторҳои ҳаётӣ густариш додан дорем. Аз ҷумла, дар доираи мусоидат баҳри тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби духтарони деҳот танҳо дар соли 2017 беш аз 355 нафар ҷавондухтарони ноҳияи Ҷ. Балхӣ тариқи квота ва Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ аз он дохил шудаанд.
Пайвандҳои Мавлоно
Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зодгоҳи ин мутафаккири соҳибном эътироф шудааст, ки бо андешаву афкори бузургаш оламиёнро тасхир намуда, «Маснавӣ»-и маънавиаш то кунун серхонандатарин китоб дар ҷаҳон дониста мешавад. Соли гузашта пушти 22-юм аз шаҷараи аҷдодии Мавлонои бузург хонум Айшӣ Эсин ба зодгоҳи мутафаккири беназири адабиёти форсу тоҷик ташриф оварда буд. Баъди суҳбату вохӯриҳо бо мухлисони ашъори шоир ва мутафаккир пешниҳод гардида буд, ки ба хотири мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангии мардумони диёри зодгоҳи шоир ва макони охирати ӯ анҷумане дар мавзӯи назаре ба эҷодиёти Мавлоно таъсис дода шавад.
Сокинони ноҳия бо ифтихору сарбаландӣ масъулияти маънавии муаррифӣ намудани зодгоҳи ин ҳакими донишварро ба хубӣ эҳсос менамоянд. Имрӯз дар маркази ноҳияи ҳамноми шоир муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қомат афрохт. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфили адабии «Мавлавихонӣ» фаъолият дошта, ҳамасола 30-юми сентябр зодрӯзи ин орифи бузург дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Интизор меравад, ки бо дастгирии молии Созмони «Тика»-и Туркия Маркази фарҳангии Ҷалолиддини Балхӣ бунёд хоҳад ёфт.
«Дигар Балхӣ бувад як воҳаи сабз»
Бинобар гуфтаи Анзурат Абдусаломзода, яке аз дигар рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ ин аст, ки бо тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо мардум, аз ҷумла иқдомҳои ташаббускоронаи фаъолзанони маҳаллаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ истиқбол намудани ҷашнвораи ҷаҳонии Наврӯз аз ҳоли ҳозир омодагӣ мегиранд.
Мувофиқи реҷа тайи як соли оянда таъмири роҳҳои мошингард ва корҳои ороишию кабудизоркунӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия ба анҷом расонда мешаванд. Ҳамчунин, то ҷашни Наврӯзи соли 2019 дар маркази ноҳия бунёди варзишгоҳ бо зарфияти 15 ҳазор ҷои нишаст ва осорхонаву китобхонаи замонавӣ мавриди назар аст. Дар ин давра биноҳои Маркази фарҳангии ҷавонон, идораи САҲШ таъмиру азнавсозӣ гардида, дар чанд маҳаллаҳои дурдасти ноҳия муассисаҳои хизматрасонии тиббию фарҳангӣ мавриди баҳрабарӣ қарор мегиранд.
- Сокинони гуногунзабони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯҳбаланд аз эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳёи ҳунарҳои дастӣ рӯ меоранд. Занон чун қувваи пешбаранда дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа нақши пешоҳангӣ бозида метавонанд, агар бо эътимоду эҳтиром ба қудрату тавоноии бонувон масъулияти муҳими ҷамъиятиро ба зиммаи онҳо гузорем,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ