03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚИЁМИ ЗАН ВА ШАМШЕРУ ҚАЛАМ

 

Дар ҳама давру замон намоду нуфузу эътибори сиёсӣ ва пойдории ҳар миллату давлат насли солиму солеҳ ва идеологияи он аст ва сарманшаи ин аркони муҳим илм бувад.

Бинобар моҳияти бузурги сиёсию ғоявии ин муқаддасот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз марҳилаи бун­ёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд.

Дар марҳилаи пуртазоди ҷаҳони муосир, ки аз як тараф хатари терроризму ифротгароӣ ва аз сӯи дигар муборизаҳои геополитикӣ суботи кишварҳои осоиштаро халалдор менамоянд, иттилоот ба силоҳи муассир табдил ёфтан дорад. Душманони миллату давлати мо бо истифода аз воситаҳои иттилоотӣ ҳамарӯза даҳҳо маълумоти бардурӯғу фитнаангезро алайҳи бадномсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мекунанд. Мусаллам аст, ки алайҳи ин бадгуфториҳои асолатбохтагон иддае аз журналис­тони меҳандӯсти кишвар вокунишҳои сазовор нишон медиҳанд ва дар миёни ин мудофиёни идеологии Ватан бонувони рӯзноманигор низ ҳузур доранд, ки баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллию давлатӣ нуктаю далелҳои муътамадро қаламкорӣ мекунанд.

Асалмоҳ Сафарова, сарму­ҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бо таъкид аз вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор медорад, ки оқибати бетафовутию бетарафӣ нисбат ба ифротгароӣ аз хатари фашизми гитлерӣ ҳам фарохтару пурдаҳшаттар аст. Чаро ки инсоният дар солҳои 40-уми асри ХХ душмани қаттоли худро мешинохт, аммо дар ҳоли кунунӣ на ҳама сокинон таваҷҷуҳ доранд, ки душманони зери парда имрӯз ё пагоҳ фарзанди кадоми моро ба доми дасисаю тавтиаҳои худ мекашанд. З-ин сабаб вазифаи ҷонии мо, кормандони воситаҳои ахбори омма аст, ки бештару беҳтар ба мардум бифаҳмонем, ки ифротгароёни зери ниқоби дини мубини ислом чӣ хоставу ҳадаферо рӯи даст гирифтаанду кадом қишрҳои ҷомеаро гумроҳу бадбахт месозанд.

Мавсуф иброз медорад, ки фароҳамсозии имконияти мусоид бобати ҳузури бонувон дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи матбуоти вилояти Хатлон нақши ВАО-ро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм муҳиму муассиртар гардондааст. Чаро ки дарду мушкилиҳои иҷтимоиро пеш аз дигарон зан-модар дарку эҳсос менамояд ва аз оқибатҳои мудҳишу ҳалокатбори он ҳам, пеш аз ҳама, модарон азобу уқубат мекашанд.

Ба шарофати сиёсати гендерии давлат солҳои охир теъдоди бонувон дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи матбуоти маҳаллии вилоят меафзояд. Айни ҳол, дабирии маҷаллаҳои вилоятии «Сафо», «Меҳровар» ва ҳафтаномаҳои шаҳру навоҳии Левакант, Дӯстӣ, Қубодиён ва Ховалинг­ро бонувон ба уҳда доранд. Бонувони рӯзноманигор бо дарки масъулият вокунишу посухҳои саркӯб нигоштан бар муқобили матлабҳои фитнаангезонаи гумоштаҳои аҷнабиро рисолати касбӣ ва қарзи муқаддаси хеш мешуморанд.

Давоми чанд соли охир аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» дар масири саҳмгузории ВАО-и вилояти Хатлон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ нақши бориз дорад. Қариб дар ҳар шумораи нашрия матолибу гузоришҳо дар мавзӯъҳои таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҳисси ватанпарварию хештаншиносӣ ва вокунишҳои сазовор алайҳи душманони иғвоангез ба табъ мерасанд.

Тақозои вақт аст, ки лаҳзае фориғ аз вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон набошем, зеро баръало мушоҳида мешавад, ки солҳои охир ба муқобили ҷомеа ва давлати мо аз силоҳи иттилоот бесобиқа истифода мешавад, - андешамандона изҳор медорад сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон».

Роҳи ягонаи ҳифзи фазои иттилоотӣ ва амнияту осоиштагии ҷомеа ин иттиҳоди неруҳои эҷодию зеҳнӣ ва ташаккули афкори муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои иттилоотии иғвогарон мебошад. Вагарна хатари мағзшӯии насли ҷавон тавассути технологияи муосир ва дигар воситаҳои гуногуни фарҳангиро то бар дари ҳар хонаву даргоҳу дабистон метавон эҳсос кард.

Бонувони рӯзноманигори хатлонӣ дар арсаи мубо­ризаҳои идеологӣ таъсиси сомонаҳои рӯзномаҳои маҳаллиро амри зарурӣ мешуморанд. Чаро ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ, ки на ҳама сокинон ба матбуоти даврӣ дастрасӣ доранд, таъсиси сомонаҳо бар салоҳи кор аст. Таҳлилҳои пайваста нишон медиҳанд, ки теъдоди истифодабарандагони сомонаи рӯзномаи «Хатлон» аз хонандагони ин нашрия ба маротиб зиёд аст. Номаҳои мардумӣ ва вокунишҳои масъулони сатҳи гуногун ба матлабҳои таҳлилию тадқиқоти журна­листӣ бозгӯи таваҷҷуҳи бесобиқаи хонандагон, ба хусус, тоҷикони бурунмарзии мо ба сомонаи интернетии рӯзномаи «Хатлон» арзёбӣ мегардад.

Ба иқрори Асалмоҳ дар арсаи мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм танҳо вокунишгарии бонувони рӯзноманигор басанда нест. Балки бо дарки амиқи моҳияти саводнокии модарон бояд духтаронро ба касби илму донишандӯзӣ тарғибу ташвиқ намоем. Зеро тарбияи инсон аз батни модар оғоз ёфта, минбаъд маҳз модар чун муаллими аввалин дар ташаккули ақлонию афкору маънавиёти инсон нақши меҳварӣ дорад.

-Албатта, насли худогоҳу худшинос ва эмин аз афкори бегонапарастӣ танҳо дар домани модароне ба воя мерасад, ки бо донишу заковати барҷаста сипари маънавии хонаводаи худ бошанд. Вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯз тақозо менамояд, ки мо, модарон, барои тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, пешгирии ҷомеа аз афкори бегонапарастӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир созем,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Асалмоҳ Сафарова.

Ҷ. Усмон

 

:.  Сиёсат 13.04.2018 04:53 1952

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz