03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУЕ ОЗОДА

 

Табиист, ки Озода Раҳмон ба хотири мансубияташ ба хонаводаи аввали кишвар муттасил мавриди таваҷҷуҳи хоссу ом қарор мегирад, аммо ӯ ҳамеша бо маърифату хиради азалии фардӣ, фурӯтаниву хоксорӣ мартабаи баланди хонаводагиву иҷтимоияшро ҳифз кардааст. Дар ибтидо баъзеҳо фаъолияти муваффақи ӯро ба фарзанди президент буданаш рабт медоданд, аммо ӯ бо кори мураттабу муназзамаш, риояи одобу оини роҳбарӣ бад-ин осо ҳукму пиндорҳоро барҳам зад. Ҳамакнун мардум бо баҳра аз таҷрибаи рӯзгор фаҳму фаросат намуданд, ки Озода дар ифои вазифа гирди номи падар намегардад, балки тибқи фармудаи қиблагоҳаш бо дасту дили пок кор мекунад. Исбот сохт, ки муваффақияти ӯ ба донишу малакааш рабт дорад. Дар суҳбате гуфт: «Қабл аз ҳама шукри онро мекунам, ки дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Дар оилае, ки фазои меҳру муҳаббат, садоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва иззату эҳтироми тарафайн ҳукмфармо буда, ба арзишҳои хонаводагӣ, ба мисли тарбия ва ба воя расондани фарзандон дар рӯҳияи ахлоқу одоби ҳамида, инсондӯстиву ватанпарастӣ, нексириштиву хушмуомилагӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон эътирофу қадршиносии урфу одат ва расму оинҳои ниёгонамон, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд, диққати аввалиндараҷа дода мешавад».


Раҳмон Озода Эмомалӣ соли 1978 таваллуд шудааст.

Солҳои 1995 – 2000 – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2004 – 2006 донишҷӯи бахши забономӯзии Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА.

Солҳои 2005 – 2007 атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА, Вашингтон.

Солҳои 2007 – 2009 сардори раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2009 – 2014 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2014 – 2016 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2016 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Таҳсилдидаи яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонист. Солҳо дар Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолияти чашмрасе дошт. Донандаи хуби забони англисӣ мебошад.

Ба эътирофи коршиносон Озода Раҳмон дар рушди дип­ломатияи муосири тоҷик саҳми арзишманде дорад. Ӯ соли 2007 дар мақоми сардори раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Ҷорӣ шудани низоми модерну осон дар соҳаи додани раводид, дастрасии озод ба шиносномаи хориҷӣ ва ба роҳ мондани назму тартиб дар таҳияи ҳуҷҷатҳо дар ин ниҳод бо исми бону Озода Раҳмон марбут дониста мешаванд. Ба ҳайси як ҷавони пешрафта бо диди замонавиаш аз таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ сабақ гирифтааст.

Баъдтар ӯро муовини вазири корҳои хориҷа таъ­йин карданд. Дар ин симат низ осори чашмгире аз худ боқӣ гузошт. Аз ҷонибдорону ҷорикунандагони аслии шиносномаи биометрӣ шинохта мешавад. Тоҷикистон аз нахустин кишвари Осиёи Марказист, ки шиносномаҳои биометриро ҷорӣ кардааст. Ғояи гузаштан ба шиносномаи сохти нав ва ё кортҳои идентификатсионӣ низ бо ӯ пайвандӣ дорад.

Соли 2012 дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон (дар солҳои 1917–2011)» рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносиро дарёфт. Олимону коршиносони соҳа ба мавзӯю муҳтавои рисолаи илмиаш баҳои баланд додаанд. Дар пажӯҳиши ӯ мақому мартабаи зан баҳои таърихӣ, фалсафӣ ва ҳуқуқиву сиёсӣ дарёфтааст. Дар суҳбате Озода Раҳмон тазаккур додааст, ки ҳимояи рисолаи номзадӣ ормони даврони донишҷӯияш буд.

Хоксор аст. Аз рӯи гуфти нафароне, ки шарафи ҳамкориро бо бону Озода Раҳмон дош­танд, яке аз хислатҳои ҳамидаи ӯ дигаронро бо таҳаммул гӯш карда тавонистанаш аст.

Иқдому ташаббусҳо дар амали хайру накукорӣ зиёд ба харҷ медиҳад. Соли 2009 Фонди хайриявии «Лона»-ро бунёд гузошт. Мақсади аслии он дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони мубталои саратон ва атфоле, ки аз сӯхтор зиён дидаанд, арзёбӣ мешавад.

Оила ва муҳити хонаводагиро барои худ муқаддас мешуморад. Дар тарбияи фарзандон аҳамияти хос зоҳир менамояд. Озода Раҳмон модари панҷ фарзанд аст. Дар суҳбате гуфта: «Ба фарзандон ҳамчун модар ва дӯсти наздик муносибат мекунам ва бо ин роҳ мехоҳам, ки онҳо ҳангоми изҳори иродаю андешаҳои худ озоду мустақил бошанд ва дарк намоянд, ки модар ҳамеша омодааст, то онҳоро гӯш андозад, дар ҳалли дилхоҳ масъалаҳо ёрӣ расонда, ба роҳи рост ҳидоят созад»…

Бонувони Тоҷикистон

 

:.  Сиёсат 13.04.2018 04:21 1668

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz