03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ…

 

Салом хонандагони азиз!

12 201915Инак, охирон шумораи маҷаллаи дӯстдош­таатонро дар ин сол рӯи даст мегиред. Ин сол ҳам мисли солҳои дигар кӯшишу заҳматҳои аҳли қаламро, ки ҳамеша барои баровардани ниёзҳои зеҳнии шумо талош намуданд, бояд хуб эҳсос карда бошед. Соли 2019 барои дарки дурусти набзи ҷомеа ҳайати эҷодӣ ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон сафар намуданд. Кӯшидем дар баробари суҳбатҳои омӯзандаи бонувони собиқадору шинохта, дар муаррифии чеҳраҳои наве аз ҳисоби бонувони муваффақ саҳм гузорем. Хабарнигорони мо дар ҳар шумора кӯшиданд аз даст­оварду мушкили бонувони минтақаҳои гуногун, дурдасттарин деҳоти Тоҷикистон баҳратон мавод пешниҳод созанд. Талош варзидем аввалин шуда, аз пешрафти ҳар бонуи тоҷик, ки берун аз кишвар кору зиндагӣ дорад, баҳратон навид расонем.

Хуллас, дар бурду бохт, каму беш, афтодану хестанҳо бо шумо будем…

Барои мардуми Тоҷикистон ин соли пурфайзу бобароре буд. Соле пур аз воқеоти фараҳноку таърихӣ. Маҳз дар ин сол Тоҷикистон мизбони ҳамоиши сатҳи баланди сиёсӣ буд, ки аввалин шуда дар байни кишварҳои Қораи Осиё сарони 28 давлати мухталифи дунёро гирди як миз ба ҳам овард (15 июни соли 2019, панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО). Дар ҷаласа мавзӯъҳои муҳим, шурӯъ аз мушкили дохили кишварҳо, то мушкили умдаи сайёра мавриди ҳаллу баррасӣ қарор гирифтанд.

9 сентябри соли 2019 агрегати 5-уми НБО «Роғун» ба истифода дода шуд, ки дар он меҳмонони олиқадр аз давлатҳои гуногуни дунё ширкат доштанд.

Соли 2019 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз бонувони сиё­сатмадори тоҷик Озода Раҳмон сафири созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» (Women Political Leaders) дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Дар соли 2020 моро боз воқеаҳои бузурги таърихиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ интизоранд. Муҳимтарин маъракаи сиёсии сол интихоботи парлумонист. Моҳи сентябри соли 2020 бо Қарори ЮНЕСКО аз 5500-солагии Саразми бос­тон, ки исботи халқи қадимаву миллати тамаддун­офар будани мардуми тоҷик аст, ба таври шоиста истиқбол хоҳем кард.

 

…Бо хотироти нек ва қалбҳои саршори фараҳ ба соли нав – Соли 2020 ворид мешавем. Аз рӯи тақвим ин сол соли муш аст. Соли муше, ки ҳамеша хонааш пур аз гандум асту анвои хӯрока. Барои шумо дар соли нави мелодии 2020 барору комёбиҳои нав таманно дорам. Бигзор он соли серию пурӣ бошад!

Итминон дорем, ки мо - халқи Тоҷикистон бо донишу заковати олӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон талош меварзем ва 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.

Соли нави мелодӣ муборак!

 

Шоҳона Одиназода

:.  Сиёсат 23.12.2019 12:15 1002

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz