Саъбагул дар фасли дайи соли 1962 дар деҳаи Хоҷа Исҳоқи Валии Ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб (ҳозира шаҳри Кӯлоб) дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Даврони тифлию кӯдакиаш бо хушиву хурсандӣ паси сар мешуд, то даме, ки падар думболи оилаи дигар рафт. Вале, модар мардонавор аз сахтии рӯзгор ва бевафоии ёр наҳаросида, 4 нури чашмашро ба камол расонд. Рӯзона фарзандони халқро таълим медоду шабона ҷигарбандонашро.
- Модарам дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки он замон «Пахтакор» ном дошт, ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба хурдтаракон дарс мегуфту аз эҳтироми баланд бархӯрдор буд. Муаллими аввалин ва идеали ман дар зиндагӣ модарам аст,- мегӯяд Саъбагул Валиева.
Ҳанӯз дар синфи панҷум таҳсил мекард, ки ӯро раиси духтарони мактаб таъйин намуданд. Аз мизи мактабӣ фаъолияти роҳбариашро шурӯъ намуд. Дар ин росто, модараш роҳбарии дастаи ҳаваскорони мактабро ба ӯ супурд. Ин навраси донову зирак, барномаҳои нав менавишту барои ҷалби бештари духтарон ба мактаб маҳфили «Дугонаҳо»-ро ташкил дод.
Бародар садди таҳсил
Соли 1978 мактабро хатм кард. Саъбагул мехост, ки донишҳои андӯхтаашро такмил диҳаду шомили донишгоҳ гардад, вале бародараш розӣ намешуд. Ӯ ҳамроҳи дугонааш Ҳилолбӣ, ки бисёр фанни риёзиро дӯст медошт ва ҳатто дар ҳал кардани мисолу масъалаҳо устодонро дар ҳайрат мегузошт, хостанд пинҳонӣ ба шаҳр рафта, сазовори номи донишҷӯ гарданд. Ин нақша амалӣ нагардид, зеро Ҳилолбиро низ падар аз тамдиди таҳсил боздошт. Чандин борҳо онҳоро аз истгоҳҳое, ки аз он ҷо барои нияти шомил шудан ба донишгоҳ ба шаҳр рафтан мехостанд, баргардонданд. Вақте падари Ҳилолбӣ ва бародари Саъбагул мебинанд, ки дугонаҳо дар азмашон устуворанд, ба хонданашон розигӣ медиҳанд, ба шарте ки имтиҳонҳоро супоранд, вагарна рӯи хонаро нахоҳед дид. Тавре худи ӯ мегӯяд:
- Имтиҳони якумро бо баҳои се, имтиҳони дувумро бо баҳои чор ва ду имтиҳони боқимондаро бо баҳои панҷ супурдем ва шарафи донишҷӯиро дарёфтем.
Ҳамин тариқ, Саъбагул ба факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил мешавад. Дар донишгоҳ низ мисли даврони мактабиаш аъло таҳсил дошт. Яке аз донишҷӯёни намунавӣ шинохта мешуд. Нимсолаи якуми таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуда, ҳамчун аълохон идрорпулӣ мегирифт. Дар деҳа аз ӯ бо ифтихор ҳарф мезаданд. Таҳсилу рафторҳои намунавияш ҷалби духтаронро ба таҳсил дар донишгоҳ бештар мекард.
- Духтаре, ки нақшу нигор намедӯхт, ӯро келин кардан душвор буд. Дар таътил ба деҳа омада, бо ҳамроҳи дугонаҳоям чодардӯзӣ мекардем. Барояшон бисёр ҷолиб буд таҳсил кардани ман дар донишгоҳ. Қиссаҳо аз ҳаёти донишҷӯии маро шунида, меҳрашон ба таҳсил меафзуд,- ёд меорад он айёмро бо хушнудӣ Саъбагул.
Пас аз хатми донишгоҳ Саъбагул Валиеваро ба хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (он замон «Ленинград») ба ҳайси мураббии боғчаи бачагона ба кор даъват мекунанд. Кордониву ҳуҷҷатнигориашро дида, баъд аз шаш моҳ мудири боғчаҳо таъйин менамоянд. Дар хоҷагӣ таҳти роҳбарии ӯ 12 кӯдакистон арзи ҳастӣ дошт. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳамаи модарон фарзандонашонро ба боғчаҳо супурда, оромона ва бо дили пур корро дар саҳро идома диҳанд. Барои амалӣ кардани ин хостааш, ӯ шумораи кӯдакистонҳоро то 18 адад боло бурд. Дар баробари ин, ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр низ хидмати мардумро ба ҷо меовард. Талош меварзид, то ба мушкилии мардуми деҳот расидагӣ намояд.
- Аз соли 1987 то соли 1991 вазифаи котиби ҳизбиро бар дӯш доштам. Баъдан раиси Шӯрои занони хоҷагӣ интихоб шудам. Соли 1999 маро муовини раиси ҷамоат таъйин намуданд. Дар ин мақом то соли 2005-ум ифои вазифа намудам,- мегӯяд ин бонуи кордон.
Таъсиси маркази инкишофи ҷамоати «Саховат»
Дар баробари кор дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ҳамчунин, ташкилоти ғайридавлатиеро бо номи Маркази инкишофи ҷамоати «Саховат» таъсис медиҳад. Бо ин роҳ ба мардум ёрӣ мерасонд. Лоиҳаеро роҳандозӣ намуда, корхонаи дӯзандагӣ таъсис дод ва занони хонашинро ба кор ҷалб сохт. Бо теъдоди даҳ нафар усто ва 20 нафар шогирд корхонаи мазкур фаъолият мебурд. Занҳои деҳотро бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин карда, бар ивази музди меҳнат ба онҳо орд медод. Ин лоиҳа муддати шаш моҳ амал намуд. Дар ҳамон шабу рӯзе, ки зиндагӣ ниҳоят мушкил буд, бо орд таъмин намудани коргарон, танқисии ғизоро коҳиш медод. Баъд дар назди хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои ҷалби занони ҳунарманд корхонаи ресандагӣ таъсис дод ва бисёриро бо кор таъмин намуд.
- Афзори худсохт омода карда, аз пашмҳои бузу гӯсфандоне, ки қариб дар хонаи ҳар як нафар мавҷуд буд, риштаҳо омода мекарданд. Боз як гурӯҳи дигари духтаронеро гирд овардем, ки аз риштаҳои ресидашуда ҷӯроб ва дигар либосҳои зимистона омода менамуданд. Моли тайёрро ба хоҷагӣ месупурдему коргарон бар ивази маош барои кӯдаконашон либосворӣ мегирифтанд,-иброз медорад ҳамсуҳбати мо.
Аз роҳбарии муассиса то раиси кумитаи иҷроияи ҳизб
Соли 2005 ба ҳайси директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 бо истифода аз чанд лоиҳаи пешниҳоднамудааш ҳуҷраи алоҳида ташкил карда, барои духтароне, ки таҳсилоти синфи 9 доштанду барои тамдиди таҳсил имкон намеёфтанд, курси дӯзандагиро ба роҳ монд. Бо литсейи касбӣ-техникӣ шартнома баста, онҳоеро, ки курсҳоро ба итмом мерасонданд, бо сертификати дӯзандагӣ таъмин мекард.
Дар баробари ин, як бинои мактаб бо шаш синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ бо пешниҳоди лоиҳаи ӯ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо сармоягузории Бонки рушди Осиё бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дере нагузашта, боз як бинои дигарро бо шаш синфхона дар паҳлуи ҳамон бинои мактаб ба истифода доданд. Баъд аз ин, соли 2009 ӯро ба ҳайси раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ таъйин мекунанд. Ташаббускориҳояшро дида, ӯро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод менамоянд ва аз соли 2014 дар ин вазифа заҳмат мекашад.
Дар зиндагии хонаводагӣ низ мушкиле надошт. Бо шавҳараш Ҳабибулло Ҷумъаев 18 сол зиндагии хубро сипарӣ намуд, аммо ҳамсараш ба беморие мубтало гардиду тарки дунё гуфт. Саъбагул 4 фарзанд: ду духтару ду писарро ба воя расонд. Фарзандон соҳибтаҳсилот буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Ҷамила Ҷумъаева дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббии ҳифзи иҷтимоии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Замира орзуи модарро, ки дар хурдӣ зиёд мехост барандаи ахбор бошад, амалӣ намуда, факултаи забону адабиёт ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кардааст. Дар телевизион кор мекард, айни замон ба тарбияи фарзандон машғул аст. Писари калонии бону факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро ба итмом расонд. Зубайдулло Ҷумъаев соҳибкор буда, дар шуъбаи ғоибонаи факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб машғули таҳсил аст. Саъбагул Валиева Аълочии фарҳанг, маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад.
Бунафшаи Абдураҳим,
шаҳри Кӯлоб