Тавре дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод хабар доданд, гузарондани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои хизмати давлатӣ яке аз самтҳои асосии кори шуъба маҳсуб меёбад.
Ҳангоми ҷалбу интихоби кадрҳо ба вазифаҳои хизмати давлатӣ, пеш аз ҳама, дониш, малакаву қобилият, забондонию ташкилотчигӣ ва одобу рафтори номзад ба инобат гирифта мешаванд.
Дар интихоби кадрҳо ба занону духтарон афзалият дода мешавад. Онҳо дорои имтиёзҳои бештаранд. Бахусус духтароне, ки тибқи квота таҳсил накардаанд, иловатан се бал имтиёз мегиранд. Дар гузаштани аттестатсияи давлатӣ низ бонувон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, таҳти рақами 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва татбиқи Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» дар ноҳия тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақша - чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расидаанд.
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки аз 76 ҳазору 664 нафар аҳолии ноҳияи Нуробод 38 ҳазору 634 нафарро бонувон ташкил медиҳанд, ки онҳо баробари мардон дар рушду пешрафт ва корҳои давлатию ҷамъиятӣ мавқеи худро доранд.
Имрӯз шумораи бонувони роҳбар 16 нафар ва теъдоди бонувони вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 7 нафарро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи маориф 114 нафар бону фъолият дорад, ки аз он 80 нафар дорои маълумоти олӣ ва аз ин шумора 44 нафар тибқи Квотаи президентӣ дар донишгоҳҳо таҳсилнамуда мебошад.
Дар соҳаи тандурустӣ сафи занону духтаронро 198 нафар тащкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 18 нафар дорои таҳсилоти олист. 29 бону сарвари хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, 27 нафар бо соҳибкорӣ шуғл меварзад.
Бо мақсади баланд бардоштани нақши зан ва маълумотнок гардондани ҷавондухтарон ва ҷалби онҳо ба мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо имрӯзҳо аз ҳисоби духтарони ноҳия 1012 нафар тариқи Квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ, 24 нафар дар омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва 38 нафар дар коллеҷи муҳандисӣ - техникӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мувофиқи нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022» як зумра бонувони ноҳия ба захираи кадрҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил карда шудаанд. Инчунин, тариқи озмун ду нафар духтар ба соҳаи хизмати давлатӣ, як нафар дар бахши САҲШ, як нафар дар бахши танзими Ҷамоати деҳоти Комсомолобод ба кор таъмин гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани нақши зан ва маълумотнок гардондани ҷавондухтарон ва ҷалби онҳо ба мактабҳои олӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тайи солҳои охир гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, беморхона, комиссияи кор бо ноболиғон ва шуъбаи маориф дар ҷамоатҳои деҳот миёни занону духтарон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба ҷалби духтарон ба синфҳои болоӣ ва таҳсили минбаъда дар мактабҳои олӣ, пешгирӣ намудани никоҳи хешутаборӣ ва амалҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, пӯшидани либоси миллӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронда мешаванд, ки натиҷаҳои хуб дода истодаанд.
Ин аст, ки шумораи донишҷӯдухтароне, ки тибқи Квотаи президентӣ ва ихтиёрӣ идомаи таҳсил доран, сол аз сол зиёд мегардад. Соли 2019 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба ноҳияи Нуробод ба 42 нафар духтари хушбахти даврони истиқлол, Квотаи президентӣ туҳфа намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола 11 нафар духтар тавассути ин имтиёз сазовори номи донишҷӯ мегарданд. Имсол бо ин имтиёз 42 нафар духтар ба донишгоҳҳои кишвар дохил шуда, идомаи таҳсил дорад.
Соли равон аз 417 нафар хатмкунанда дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе 96 нафар ба коллеҷҳо ва 163 тан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла тибқи Квотаи президентӣ 68 нафар (аз ҷумла 42 духтар) ба донишгоҳҳо дохил шуд.
Д. САФАР,
ноҳияи Нуробод