Гиромидошти ин идвораҳои муқаддасу муътабар дар диёри озод ва ободи тоҷик бо ибтикору иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мартабаи тоза, мақому манзалату ҷойгоҳи баландтари дигар гирифтанд. Идвораи 8 Март ҳамчун рӯзи байналмилалии озодии занон солҳо боз дар аксар кишварҳои дунё ба таври хос қайд карда мешуд. Қисман коршиносони риштаи сиёсату фарҳанг ва бархе аз намояндагони қишри зиёиёни давлати тозаистиқлоли тоҷик садо дар медоданду мегуфтанд, ки ҷашни мазкур моли Шӯравист, яъне ба фарҳанги миллии мо бегона. Дар ин мавридҳо андешаҳо ҳар гуна буданд, ки модарону хоҳарони мо магар ба як иди пуршукӯҳ ҳаққу ҳуқуқ надоранд? Гузашта аз ӯ, модару хоҳару ҳамсару бибиҳои мо чаро коми худ аз меваи шаҳдбори озодӣ ширин накунанд? Ташаккур ба зеҳну заковати табиӣ ва модарзодии Сарвари муҳтараму муътабари давлати мо, ки бо дарки ҳамин мазмуну муҳтаво, саҳеҳтараш ҳамин ҳақиқати бидуни баҳс, дар баробари солҷашни Рӯзи байналмилалии озодии занон – 8 Март тадбири дигареро рақам зад, ки баъдан он таҳранги бунёдии ҷадидеро касб намуда, фаротар аз таърихи пешин эътибору эҳтиром, мақому манзалат ва мартабаи сазовортареро ба худ афзуд. Ба наҳви дигар, дар заминаи як пешниҳоди фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнвора унвони Рӯзи Модарро гирифт. Аз ин иқдоми созандаи Сарвари хирадсолори давлат модарону хоҳарони мо гарму самимӣ истиқбол намуданд. Воқеан ҳам, Пешвои миллат дар нисбати намояндагони ин қишри ҷомеа ғамхориҳои рӯзафзун зоҳир намуда, баҳри боло бурдани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешида, дар сатҳи давлату ҳукумат роҳандозӣ сохт. Имрӯз, агар бонуи тоҷик олим асту сиёсатмадор, роҳбар асту ходими давлатӣ, табиби ҳозиқ асту омӯзгор, ҳуқуқшиносу бозаргону соҳибкор, кишоварзу саргарми кор дар дигар бахшҳои хоҷагии халқ асту рӯзгор, ба гоҳи фаъолият фароҳам асту фориғ, чаро ки баҳравар аз таҷрибаи андӯхтааш ё мушоҳидаю омӯхтааш дақиқу дуруст медонад, ки дар ҳифзи манфиатҳои қонунии хеш аз пуштибонии ҳамвораи Сарвари давлат бувад бархӯрдор.Имрӯзҳо хоҳишмандони таҳсилот дар макотиби олии дохилу хориҷи кишвар аз шумори духтарони маҳаллӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ин ҳавову ҳаваси донишу илмҷӯӣ ва касбомӯзӣ духтарони гӯшаҳои дурдасттарини диёри тоҷикро низ рӯҳбаландиҳо аз ҳамасола ҷудо гардидани квотаҳои президентӣ фаро гирифта. Зеро онҳо дар мисоли хоҳарони бузурги худ озмудаанд, ки: «Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст». Духтарони тоҷик акнун бо истифода аз шароити мусоиди таълиму тадрис дар бузургтарин озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои шоиста ба Ватан бозпас меоянд. Ин рӯйдоди нек аст, ки аз зарфияту тавонмандиҳои фикрию зеҳнии духтарони муваффақи муосири тоҷик дарак медиҳад.
Моҳи март, дақиқтараш 21-уми март ҳамасола ҷашнвораи бузургтарини миллии мо- Наврӯзи ҷаҳонафрӯзи ориёнӣ таҷлил карда мешавад, ки бо талошу ташаббуси Пешвои муаззами миллати мо эътибори байналмилалӣ касб намуд. Дар силсилаву ҷашнвораҳои расмию мардумии Тоҷикистон Рӯзи Модар ва Наврӯз бо ҳам печиши ногусастание доранд. Ҷашни Наврӯз бидуни «Маликаи баҳор» ё «Подшаҳи хубон» тасаввурнопазир аст.Гузашта аз ӯ, маъракаҳои фарҳангию моддии марбут ба Наврӯзро овозхонбонувону арғуштидухтарони хушхиром шукӯҳу шаҳомати дигар мебахшанд. Ва ҳам хони ҷашниро, ки аз ғизовориҳои вижае чун суманаку ҳафтсину ҳафтшин,қурутобу кабобу фатирмаска, оши буридаву палав, хӯришҳову шакароб ва бад-ин монанд хӯрокҳоро ба таркиб дорад, ғолибан занону духтарон омода мекунанд. Бад-ин далел метавон гуфт, ки Наврӯз ҳам идомаи мантиқии ҷашнвораи Рӯзи Модар бувад. Яъне Модар ва Наврӯз мафҳумҳои бо ҳам тавъаманд. Таҷлили ҷашнвораҳои Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай соли ҷорӣ боз як вижагии дигарро ба таркибаш афзуд, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон» сарчашма мегирад. Дар ин ҳуҷҷати муҳимтарини айём омадааст: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад…
Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад». Ҳамакнун модарону хоҳарони мо ва ҷамъи ҳунармандони мардумӣ ҷашнвораҳои Рӯзи Модар ва Наврӯзро дар ҳавои ҳамин навгонии масарратбахш таҷлил мекунанд бо пешниҳоди дастранҷҳои худ. Зимнан, аз қадимулайём расм аст, ки ниёкони мо Наврӯзро ғолибан дар саҳрою боғҳо, чаманистону марғзорони сабз андар сабз зери фазои кушод бо оростани зиёфату маъракаҳои варзишие амсоли гӯштигирӣ, аспдавонӣ,бузкашӣ, сангандозӣ, танобкашӣ, дастбозӣ ва сайру саёҳатҳои идона қайд менамуданд. Ин анъана то замони мо бехалалу бегазанд интиқол ёфт. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷашнвораи Наврӯзи имсола дар асоси ба маъраз ниҳодани маҳсулоти дастсохти ҳунармандони мардумӣ ранги тозаю тар тақдим хоҳад кард. Айни муддао мебуд, агар дар ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон меҳмонону сайёҳони хориҷӣ баҳри ширкат даъват шаванд, то аз тамошои молу маҳсулоти пешаварони маҳаллӣ лаззат баранд. Ин амал имкони хуби муаррифии хиттаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва молу масолеҳи омоданамудаи ҳунармандони чирадасти он мебуд.
Шоҳонаи СУЛАЙМОН