Тӯли қариб ду даҳсолаи охир чандин санаду барномаҳои гуногуни давлатӣ рӯи кор омада, ба фаъолияти густурдаи бонувон дар арсаи сиёсат ва дигар вазифаҳои роҳбарикунанда роҳ мекушояд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020» аз зумраи чунин санадҳои муҳими давлатист, ки соли гузашта Раёсати хизмати давлатии назди Президенти кишвар дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ мониторинги натиҷаҳои панҷсолаи аввали онро муаррифӣ карда буд.
Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки имрӯз на дар ҳамаи соҳаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раванди тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарӣ ҷавобгӯи интизориҳои даҳ сол қабл пешбинигардида аст. Дар риштаи тандурустии вилоят, ки ҳудуди 65 дарсади кормандону мутахассисони сатҳи гуногунашро бонувон ташкил медиҳанд, дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи мазкур дар сатҳи шаҳру навоҳӣ ҳамагӣ ду нафар бону ба ҳайси сардухтур ва роҳбари ёрии аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳо фаъолият дораду халос.
Ин воқеият дар сохтори молия ва бонкии вилоят низ мушоҳида мегардад. Агар солҳои пеш роҳбарии намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро намояндаи ҷинси латиф ба зимма дошт, имрӯз тамоми филиалҳои вилоятии бонкҳои кишварро мардон идора мекунанд. Ҳол он ки ҳанӯз чанд сол қабл Сарвари давлат аз масъулини бонкҳо даъват ба амал оварда буд, ки ба фаъолияти зеҳнӣ, ба хусус, кору вазифаҳои бонкдорӣ бештар занону духтарони лаёқатмандро ҷалб намоянд.
Дар бахшҳои зертобеи соҳаи молияи вилоят ҳам шумораи бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ ангуштшумор аст. Ба гуфтаи Қарахон Чиллазода, сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон, дар 25 раёсату шуъбаҳои молияи шаҳру навоҳии Хатлон ҳамагӣ як зан ба симати сардори раёсат ва 3 тани дигар дар вазифаҳои мудирони шуъба фаъолият мебаранд.
- Азбаски таъйини кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарии шуъбаву раёсатҳои шаҳру навоҳии соҳа дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад, аз тарафи сарраёсати молия номзадии 6 тан кадрҳои арзанда барои пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон пешниҳод карда шудааст, - иброз дошт Қ. Чиллазода.
Дар раёсати андоз дар вилояти Хатлон бошад, вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаро пешаи ба қавле мардона мешуморанд. Тавре масъулони мақомоти мазкур зимни як нишасти хабарӣ изҳор доштанд, дар баробари мушкилиҳои печида дар соҳаи ҷамъоварии андоз ва дигар сабабҳои иҷтимоӣ бонувон барои фаъолият дар мақомоти мазкур таваҷҷуҳ надоранд.
- Мушкилоти ҷамъоварии андоз масъулону кормандони соҳаро водор менамояд, ки то поси шаб аз пайи иҷрои нақшаҳои ба зимма доштаашон дар ҷойи кор манъ шаванд. Аз ин сабаб, бонувон, ки дар баробари фаъолияти касбӣ тарбияи фарзандон ва дигар корҳои хонаводаро ба уҳда доранд, вазифаву масъулияти вазнинро дар мақомоти андоз ба зимма гирифта наметавонанд,- мегӯяд Ҷумъахон Нурзода, сардори раёсати андоз дар вилояти Хатлон.
Албатта, иқрори масъулияти оилавии занон ва ҳисси эҳтирому меҳрубонӣ ба заҳмати модарон аз ҷониби мардон шоистаи таҳсин аст. Аммо бо ин гуна далелҳои сатҳӣ наметавон собит кард, ки тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони лаёқатманд дар мақомоти андоз имконнопазир аст. Дар ин маврид бонувони пешоҳанги ҷомеа андешаи дигар доранд.
- Зимни назарпардозӣ атрофи зарфияту имконияти занон дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ бояд аз дидгоҳи фаротар аз фарҳанги хонаводагии худ натиҷагирӣ кард,- мегӯяд Махфират Навкарова, сармутахассиси шуъбаи кадрҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи ӯ то ҳол дар ҷомеа таъсири қолабҳои куҳна мушоҳида мешавад, ки бори заҳмати саҳрову дигар корҳои ҷисмонии каммузд бар дӯши занон буда, касбу пешаҳои сердаромади идорӣ ва фишангҳои иқтисодиро мардон дар ихтиёр доранд. Ҳол он ки бонувони ихтисосманди ин соҳот ҳам аз уҳдаи вазифаҳои роҳбарӣ мебароянд.
Ба сифати роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар таъйин шудани Раҳмон Озода Эмомалӣ тартибу низоми ҳуҷҷатнигорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфта, сиёсати давлатдорӣ ва назорат дар ҳама самтҳои идоракунии хизмати давлатӣ таҳкиму тақвият дид. Тартибу низоми ҷадиди ҳуҷҷатгузорӣ, мазмуну муҳтавои мактубҳои таҳлилӣ, фаъолияти гурӯҳҳои санҷишӣ дар идораву сохторҳои давлатӣ ва риояи муҳлати ҳаллу фасли муроҷиатҳои мардум аз ҷониби мақомоти дахлдор, далели боз ҳам беҳтар гаштани интизоми корӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии кормандону мансабдорони мақомоти давлатӣ мебошад. Ин як мисоли барҷастаи зарфияту тавоноии бонувон дар арсаи сиёсат арзёбӣ мегардад.
Ба қавли коршиносони масоили иҷтимоӣ эътирофи баробарҳуқуқии ҷинсӣ дар ҷомеа бозгӯи он аст, ки занон аз лиҳози неруи зеҳнию дигар меъёрҳои иҷтимоӣ бо мардон баробар шуда метавонанд. Аммо баъзан ҳолатҳо тафаккури мо намегузорад, ки занро чун шахсияти дорои зарфияти хосса эътироф намуда, дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ дар баробари мардон қарор диҳем. Дар садоқату вафодорӣ, шикастанафсию қаноатпешагӣ зан нисбат ба мард бартарӣ дорад ва ин зарфият ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҷодаи роҳбарӣ бештар муваффақ гарданд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ба хотири таҳкими ҷойгоҳи шоистаи зан дар ҷомеа бояд дар пешбарии кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ тавозуни гендериро риоя намуда, ҳадди ақал 30–35 дарсади вазифаҳои мақомоти маҳаллиро бонувон ташкил диҳанд.
Давлатшо Гулмуҳаммадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо дарназардошти фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ташкилу баргузории даҳҳо вохӯрию чорабиниҳои илмӣ- фарҳангӣ бо иштироки бонувони пешоҳанги ҷомеа ба роҳ монда шуда, барои беҳтарин лоиҳаҳои вобаста ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди соҳибкорӣ миёни занону духтарон таҳияшуда грантҳои раиси вилоят тақдим мегардад.
Бо мақсади фаъолгардонии занон барои кор дар мақомоти қудратии вилояти Хатлон соли дуюм аст, ки бо иқдоми масъулини дастгоҳи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон форуми занон дар ниҳодҳои қудратӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз ташкили ин форум татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020», баланд бардоштани нақши бонувон дар ҷомеа ва ҷалби духтарон ба кор дар мақомоти қудратӣ мебошад.
Афзоиши ҳамасолаи сафи духтарони низомипӯш дар гузаштҳои ҳарбӣ зимни ҷашну маросимҳои сатҳи давлатӣ, бозгӯи он аст, ки дар оянда аз миёни ин афсарбонувон кадрҳои арзанда ба вазифаҳои сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо тарбия меёбанд. Сиёсати гендерии давлат танҳо як идеяи таҳрикдиҳандаи бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ нест, балки тантанаи адлу баробарӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлол аст, ки аз сархати Қонуни асосии кишвар: «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад», маншаъ мегирад.
Албатта, дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ ягон меъёри муайян муқаррар нашудааст. Аммо то куҷо натиҷаҳо дар ин самт дар идораву сохторҳои давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қаноатбахш аст, суолест, ки боқӣ мемонад.
Бонувони Тоҷикистон