03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАШЪАЛАФРӮЗИ ТАМАДДУНИ БОСТОН

 anons 11_20191

Тоҷикро - вуҷуди ту бунёди давлат аст,

Сидқу сафову меҳру вафову сиёсат аст.

Бо шири модару нафаси зиндаи диёр,

- Савганди ту ишора ба Зардушти миллат аст.

Меҳри туву фаросату фазлу ҳунарварӣ,

Аз доду назри холиқи якто башорат аст.

 

Дар ахгари хаёли созандаи ӯ иқдомҳову ташаббусҳои бешумори сиёсиву фарҳангӣ тавлид гаштаву ӯро чун ғаввоси хазинаи зарҳалини тамаддуни ориёӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтааст.

11 20196Ин навбат дар сатҳи воло доир гаштани Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе далел бар он аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи бузургеро пеш оварданд, то маънавиёти ҷомеаро бо асли он пайванд диҳанд. Ба мероси ниҳоят ғании гузаштагон арҷ гузошта, адабпарвару фарҳангпарварони дохилу хориҷи мамлакатро ба ҳам оварданд, то бори дигар аз намунаҳои беназири осори адабиву илмии бузургони гузаштаи тоҷику форс бо камоли ифтихору ниҳояти фараҳмандӣ калом гӯянд ва даъват ба амал оранд, ки масоили омӯзиши илму адаб ва анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии тоҷику форс, ки дар тамаддуни дигар халқиятҳо мақоми шоиста касб намудаанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шаванд. Дар ин маврид, зимни суханронии хеш дар ҳамоиши мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир ироа намуданд:

«Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим касб кардааст. Махсусан, таҳқиқи мукаммали илмии тамаддуни ориёӣ имкон медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанг, нақши гузаштагон дар таъсису таҳкими давлатдорӣ, саҳми чеҳраҳои мондагори сиёсату девонсолорӣ ва илму фарҳанг дар пешрафти тамаддуни башарӣ боз ҳам равшану возеҳ гардонида шавад».

11 20198Ҳамчунин, дар мавриди давлати муаззам, муназзам ва неруманди Сомониён, ки сохти давлатдории муқтадирро таъсис дода, мақому эътибори тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои ориёиро баланд бардоштаанд, Сарвари давлат махсус зикр намуданд, ки шоҳони ин сулола бо девони воло, илму фарҳанг ва сиёсати ягонаву мутамаркази хеш дар пешрафти тамаддуни башарӣ нақши муассир гузошта, забони тоҷикиро ба сифати забони расмӣ пазируфтаанд, ки он фаротар аз сарзамини тоҷикон нуфузу эътибор пайдо намуду рушду нумӯъ ёфт. Ин нуктаи муассири Пешвои миллат дар сатрҳои зер бас ҷолибу воло дарҷ ёфтааст:

«Корномаи таърихиву фарҳангии замони Сомониёнро метавон давраи заррин дар таърихи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ номид ва ба он арҷ гузошт».

Имрӯзҳо бо такя ба ин арзишҳои мондагор маърифати китобхонӣ, нашру чопи осори ҳакимонаи ниёгон вусъати тоза ёфтааст, то насли ҷавон бештар рӯй ба сӯи маънавиёт оранд, аз вартаи ноогоҳӣ бираҳанд, мафкураи бегонаро ба холигоҳи хеш ҷой надиҳанд, балки родмардони ватандӯсту худогоҳ ва ҳакимони замон зи домони биҳиштгунаи Ватан бархезанд. Расидан ба оғозгоҳи асолати миллӣ муҳимтарин вазифаи ҳар фарди дилогоҳу равшанзамири кишвар аст. Дар ин кор Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ҳамзабонон пешсафтар аст, ки ҷашну оинҳои бос­тониро аз нав эҳё намуда, тавонист якеи он – Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба мақоми байналмилалӣ бирасонад.

11 20197Имрӯз низ, барои эҳёи арзишҳои тамаддуни оламгири ориёӣ ташаббуси Тоҷикистон шоис­таи таҳсин аст. Месазад, ки ин иқдоми накуро, ки баҳри бақои насли ориёист, тамоми қишрҳои ҷомеа дастгирӣ намуда, пажӯҳишу ҷустори илмию бостоншиносӣ, этнографию таърихиро барои бедории ҳофизаи таърихии миллат тақвият бахшанд.

 

Шоҳона Сулаймон

:.  Сиёсат 22.11.2019 10:28 1084

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz