Сафар Назиров, собиқ саркор, ҳисобчӣ,
мудири кадрҳои колхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара
- Солҳои 1976 - 1979 Эмомалӣ Шарифович котиби раёсати колхози ба номи В. И. Ленин буду ман мудири шуъбаи кадрҳо. Эмомалӣ бачаи ҷавон, серғайрату кордон, серталабу ҷиддӣ, корҳои марбут ба ҳуҷҷатгузории хоҷагиро ба сомон мерасонд.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонаву пахта ҳашарҳои шабонарӯзӣ ташкил мешуданд. Ҳар сол чун ҷавони хушмуомилаву уҳдабаро ӯро роҳбарият сардори ҳашарчиён таъйин мекард. Ин ҳамон зинаҳои аввали роҳбарӣ буд, ки оҳиста - оҳиста Эмомалӣ Раҳмоновро то вазифаҳои баланд расонд.
Солҳои 1987 – 1992, то замони Раиси Шӯрои вакилони меҳнаткашони вилояти Кӯлоб интихоб шуданаш, роҳбари хоҷагии мазкур буд. Ин ҳуҷраи кории ӯст. Мизу курсӣ, телефон, ҳисобкунак, шабчароғ, қаламдон, китобу рӯзномаҳо, хулоса ҷиҳозе, ки мебинед, ҳамааш ба давраи роҳбарии Эмомалӣ Шарифович иртибот дорад. Ин ҷо ҳуҷҷатҳои нодири дар вазифаҳои раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, котиби кумитаи ҳизбӣ, вакили халқ буданаш маҳфуз аст. Ин маводи аҳамияти таърихидоштаро 17 сол дар хонаам ҳифз намудам. Ҳоло осорхонаи Пешвои миллатро дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара таъсис дода, ҳамаро ба ин ҷо овардем.
То замони қомат афрохтани бинои қасри фарҳанг, дар ин макон собиқ бинои идораи колхози ба номи В. И. Ленин ҷойгир буд. Ҳар вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Данғара меомаданд, дар ҷои пешина нишаста, дар хусуси он рӯзҳо нақлҳои ҷолиб менамуданд. Бо гузаштани солҳои зиёд Пешвои миллат ҳаводису воқеаҳоро фаромӯш насохтаанд, ҳамаро дақиқу аниқ ба риштаи тасвир мекашанд.
Мо бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол дар як ҳуҷраи корӣ фаъолият доштем. Вақте роҳбари хоҷагӣ таъйин шуд, аввал роҳҳои ҳудуди хоҷагӣ, ки деҳаҳои Ғарғара, Ҳусейншайх, Яккатут, Бошбулоқ, Данғараи Болоро ташкил медод, пурра мумфарш намуданд. Ҳоло меандешам, ки ӯ муҳим будани роҳҳоро барои муттаҳидии мардум аз солҳои нахусти корӣ хуб дарк мекардаанд. Баъди сулҳ овардан ба мардум тасмими аввалине, ки гирифтанд, ин бунёди шоҳроҳҳо барои ба ҳам омадани мардумони манотиқи гуногуни кишвар буд. Ва дар ин самт роҳбарияти Ҳукумати мамлакат муваффақ ҳам гашт.
Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳалиму ғамхор буданд. На танҳо ба меҳнаткашони хоҷагӣ, балки ба ҳама дасти ёрӣ мерасонданд. Духтуру муаллимонро сахт эҳтиром мекарданд. Он солҳо бо нишондиҳандаҳои хуби корӣ, намояндагони хоҷагӣ ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР ба шаҳри Москва сафар намуданд. Ана ин телевизоре, ки мебинед, бо вимпел (байрақи ифтихорӣ) ва ду ҳазор сӯм ба меҳнаткашони колхози ба номи Ленин ҳамон сол эҳдо гардида буд. Роҳбари хоҷагӣ маблағро ба меҳнаткашони ду бригада баробар тақсим намуданд.
Солҳои роҳбари хоҷагӣ будани Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои маҳсулнокии колхоз афзуд. Файзу баракат, ки дошт, зуд байни мардум маҳбуб шуд. Хислатҳои некашро ба инобат гирифта, меҳнаткашони ноҳия, сокинони хоҷагӣ мавсуфро 3 январи соли 1990 аз округи интихоботии №172 -и ноҳияи Данғара номзад ба вакилии Шӯрои Олии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон аз байни 10 нафар довталаб вакил интихоб гардид.
Фаромӯш накардаам, вақте ҳамкорон ба табрикаш омадем, гуфт: «Дӯстон, ҳамкорони азиз! Шукри Худованд, ки ба ин номи пуршараф сазовор гаштам. Ин, албатта, эътимоди мардум буд. Кӯшиш мекунам то ба боварии халқ сазовор бошам».
Ҳамин тавр ҳам шуд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қавлаш устувор монд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе - Данғара