- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки мо бояд имкониятҳои хеле бузурги соҳаи сайёҳии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Дар баробари муаррифии таъриху фарҳанг, табиати биҳиштосо, набототу ҳайвонот, иқлим, чашмаҳои мусаффо ва обҳои шифобахшу меваҳои шаҳдбор, замоне расид, ки аз ҷанбаҳои иқтисодии соҳа истифода карда шаванд. Кор аз самтҳои таҳкиму ташаккул додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат оғоз ёфт. Лоиҳаи қонун «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав, лоиҳаи «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018–2020», як қатор санадҳои зерқонунӣ омода гаштанд ва лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ то давраи солҳои 2030 таҳия шуда истодааст. Дар назди кумита аввалин маркази иттилооти сайёҳӣ кушода шуд. Як қатор маводҳои таблиғотӣ, аз қабили харитаи сайёҳии Тоҷикистон, роҳнамову буклетҳо, наворҳо ва роликҳои таблиғотӣ таҳия карда шуданд. Сомонаи миллии сайёҳии Тоҷикистон - www. traveltajikistan.tj бо се забон ба фаъолият шурӯъ кард. 25 ширкати беҳтарини ватанӣ дар он саҳфаҳои махсуси худро дорад, ки шурӯъ аз дастрас кардани раводид, чиптаи ҳавопаймо бо интихоби минтақа ва арзиши хизматрасонӣ кори сайёҳро осон мекунанд. Сомонаи миллии сайёҳӣ тавассути Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба 158 давлати аъзо ва 509 ташкилоту муассисаҳои узви вобастаи созмон муаррифӣ карда шуд. Соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардида, имсол Тоҷикистон аз рӯи таҳлили як созмони сайёҳии бритонӣ дар раддабандии саёҳати пиёдагардӣ ва сайругаштӣ дар ҷои 7-ум қарор гирифт. Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои барои сайёҳон амнтарин эътироф намуд. Низоми электронии дастрас намудани раводид тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин шомил шуд. Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар байни кишварҳои дар ҳоли рушд дар зинаи дуюм қарор дорад. Бо дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо итминон мебояд гуфт, ки солҳои наздиктарин мамлакатамон ба кишвари сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.
Воқеан, сайёҳӣ яке аз сарчашмаҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ низ ба шумор меравад. Як мисоли одии фоидаи иқтисодии сайёҳӣ барои некуаҳволии мардум ин таъсиси меҳмонхонаҳои хурд ва ҳуҷраҳои қабули сайёҳон дар минтақаҳои сайёҳӣ мебошад, ки дар ин самт кумита якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонда истодааст. Ин таҷрибаро аллакай сокинони ноҳияи Дарвоз ва баъзе минтақаҳои дигари Бадахшон доранд. Оилаҳо меҳмонхонаҳои хурд ва ҳуҷраҳои қабули сайёҳонро бо унсурҳои миллӣ оро дода, барои табиатдӯстон шароитҳои асосии будубош фароҳам овардаанд. Зеро барои сайёҳони табиатдӯст дар минтақаҳои кӯҳистон меҳмонхонаҳои панҷситорадор зарурат надорад, балки барои онҳо табиати зебою дастнахӯрда муҳим аст. Афзалияти табиати мо ҳамин аст, ки он воқеан бе иловаи унсурҳои сунъӣ боқӣ мондааст. Мувофиқи нишондоди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ сайёҳон дар ҳар як сафар ба ҳисоби миёна аз 500 то 750 доллар харҷ мекунанд. Мувофиқи омор аз ҳар 1 доллари барои сайёҳӣ масрафмешуда 91 сенти он дар иқтисодиёт мемонад. Сайёҳӣ ба мисли содирот аст. Хизматрасонии мувофиқ пешниҳод шуда, даромади асъорӣ ворид мегардад.
Дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ зиёданд, дар фаъолияти онҳо мушкилиҳо низ ҳастанд ва онҳо наметавонанд дар алоҳидагӣ ба пешрафти назаррасе комёб шаванд. Кумита дар муттаҳид намудани ширкатҳо чӣ саҳме гирифта метавонад?
- Ин бахши корро аз муколамаи давлат ва бахши хусусӣ шурӯъ кардем. Зиёда аз 90 ширкати сайёҳии амалкунандаро ба ҳам ҷамъ овардем, то аз дастоварду мушкили фаъолияташон хуб огаҳ шавем. Баъдан якчанд ҳамоишҳои роҳбарони иншооти инфрасохтории соҳа, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва онҳое, ки бо сайёҳӣ иртибот доранд, баргузор карда шуданд. Қадами дигар ва бениҳоят муҳим ин баҳамоварии ду бахш - ширкатҳои сайёҳӣ ва иншооти инфрасохторӣ буд. Ширкатҳои сайёҳӣ дар алоҳидагӣ фаъолият карда наметавонанд ва ҳатман бояд бо роҳбарони меҳмонхонаҳо, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нақлиёти дохилӣ, тарабхонаҳо ва роҳбаладон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд.
Бо мақсади шиносоӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори соҳа, якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба шаҳрҳои Кӯлоб, Турсунзода (Қаратоғ, дараи Ҳакимӣ, Патру), Ваҳдат (Ромит, Канаск), Норак, ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Айнӣ, Рашт, Дарвоз боздидҳо ба амал бароварда шуданд. Инчунин аз маҷмааи Спа-ҳаёт, маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафед-Дара, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои дараи Варзоб, шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат, ки бо хусусияти ҳавои тозаи экологӣ дар минтақа назир надоранд, дидан намудем. Рӯзҳои наздик имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент ба ширкатҳои сайёҳӣ муаррифӣ карда мешаванд. Дар маҷмӯъ имрӯзҳо ҳамкориҳои муфид байни ширкатҳои сайёҳӣ ва иншооти инфрасохтори соҳа ба роҳ монда шуданд.
Меҳмонхона, пойгоҳҳои сайёҳӣ, истироҳатгоҳҳо… то чӣ андоза имрӯз ба қабул ва гусели сайёҳон омодаанд?
- Аллакай бо дастгирии ширкатҳои сайёҳӣ ду меҳмонхона дар ноҳияҳои Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин бунёд ёфт. Бо омода шудани харитаи сайёҳӣ, маркази сайёҳӣ, хатсайри сайёҳӣ ва меҳмонхона ноҳияи Ховалинг ба қабули сайёҳон пурра омода аст. Меҳмононе, ки барои дидани Бадахшон сафар мекунанд, метавонанд тибқи барнома як рӯз дар Ховалинг бимонанд ва аз ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо, набототу ҳайвоноти камназири ноҳия низ дидан намоянд. Як меҳмонхонаи дигар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои хоҳишмандони шикор дари худро боз кард.
Лоиҳаи Маркази хизматрасонии нақлиётӣ барои сайёҳон дар ду марҳила ба нақша гирифта шуда, марҳилаи авввали он бо фарогирии автомашинаҳои сабукрав таъсис ёфт. Имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ, аз ҷумла озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ тӯли 5 соли фаъолият аз андози даромад, аз боҷи гумрукӣ озод кардани воридкунандагони таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои инфрасохтори сайёҳӣ, 50 фоиз коҳиш додани андози воридоти автомошинҳои нав аз ҷониби соҳибкорон бо қаноатмандӣ қабул гардида, ҳавасмандии онҳоро барои фаъолият дар соҳа дучанд намуд. Дар ин раванд, сохтани инфрасохтор ва дар баробари он истифода ва нигоҳдории он ва пешниҳоди хизматрасонии мувофиқ масъалаи муҳим ба шумор меравад. То устувории истифодаи ҳар инфрасохтори сайёҳӣ таъмин карда нашавад, он самараи дилхоҳ дода наметавонад.
Савияи донишу малакаи кадрҳои ҷавонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Зиёда аз 10 макотиби олӣ кадрҳоро тайёр мекунад, вале бояд сатҳи дониши ҷавонон боз ҳам сайқал дода шавад. Дар ин самт кумита корро аз омӯзиши кормандони худ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳову истироҳатгоҳҳо ва тарабхонаҳо оғоз намуд. Он ҳам бо ҷалби коршиносони худӣ ва ҳам мутахассисони байналмилалӣ мунтазаму давомнок ба роҳ монда мешавад.
Хатсайрҳои нав барои дӯстдорони сайёҳат пешниҳод мешаванд?
- Дар ин мавсим зиёда аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ пешниҳод мешавад, аз ҷумла Душанбе - Сари Хосор, Душанбе - Қаратоғ, Душанбе – дараи Ҳакимӣ, Душанбе – Канаск ва дар баъзе мавзеъҳои экологӣ шаҳраки хаймавии мавсимӣ бунёд карда мешаванд. Сайёҳии дохилӣ хеле рушд карда истодааст. Хатсайрҳои махсуси Душанбе - Искандаркӯл, Душанбе – Норак, Душанбе – Сафед-Дара, Душанбе – Қалъаи Ҳисор, Душанбе – Варзоб, Душанбе – Муъминобод бо фарогирии ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб, Душанбе – Панҷакент, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе - Шаҳритус бо фарогирии «Бешаи палангон», Душанбе – Бадахшон, ки бо маблағҳои қобили мулоҳиза нафарони зиёдеро аз ҳисоби худи ҳамватанон ҷалб кардааст.
Соли гузашта бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ, бохабар шудан аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар минтақаҳои дигар ва тақвияти ваҳдати миллӣ 50 нафар шаҳрвандон аз ҳисоби омӯзгорон, табибон, деҳқону коргарони вилояти Хатлон ройгон ба сафари серӯза ба вилояти Суғд ва сокинони вилояти Суғд ба тамошои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода сафарбар карда шуданд ва ба рушди сайёҳии дохилӣ замина гузошта шуд.
Ҳамкорӣ бо соҳибкорону ҳунармандон, пружа ё тарҳи махсусе дар ин бахш омода аст?
– Ҳар як сайёҳ ҳангоми будубош дар фикри дарёфти армуғон бо унсурҳои миллӣ мешавад. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ аз андоз озод карда шуд. Ин иқдоми созанда ба эҳё ва рушди ҳунарҳои асили дастӣ мусоидат намуда, арзиши аслии маҳсулотро коҳиш медиҳад ва роҳро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад. Дар ин самт озмунҳо ҷиҳати тиҷоратикунонии соҳаи ҳунармандӣ, армуғони беҳтарин барои сайёҳон, маҳсулоти беҳтарини зардӯзӣ, чакандӯзӣ, либосҳои миллӣ эълон шуда, инчунин, таъсиси интернет - мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастиву мардумӣ рӯи коранд.
Гулноза Бобомуродова