Ҳар сол дар кишвар таҷлили рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. 16 ноябри соли 1992, ин санаи тақдирсоз барои насли пешин, ки ҳама ҳаводису хотираҳояш порае аз таърихи миллатанд, аз ёдҳо нозудуданианд.
Рафиқа Мӯсоева - бонуи матинирода, вакил ва ширкаткунандаи иҷлосияи мазкур дар соли 1992 хотироти зиёдеро аз ин иҷлосияи тақдирсоз нақл намуданд.
- Ба ёд овардани хотираҳои гузаштаро баъзеҳо чандон хуш надоранд…
- Хотираҳоеро, ки дар онҳо тақдири халқу миллат нуҳуфтааст, ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард. Барои чӣ? Барои он ки ояндаро фарзандону наберагон ва аберагони мо шоиставу сазовор истиқбол бигиранд ва аз насл ба насл таҷрибаи гузаштаро ба мерос баранду аз он сабақ андӯзанд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рӯйдоди тақдирсози миллат аст, набояд аз ёдҳо дур сохт. Аз он рӯз 27 сол сипарӣ гашт. Ба ёд орем, ки чӣ рӯзгорро пушти сар кардем ва чӣ чизе ба худ омӯхтем.
Моҳи ноябри соли 1992. Агарчи Ҳукумати муросои миллӣ дар сари ҳокимият қарор дошт, зери мавҷи «тазоҳуроти демократӣ», шиорҳои маҳалгароёна ва авҷи ифротгароии динӣ ҳукмронӣ карданро ғайриимкон менамуд ва ин ҳокимият бештар асири ҳизби навпайдои исломӣ ва талаботу шиорҳои экстремистии онҳо мегардид. Он айём мардум дар тарсу ваҳм ва таҳлука қарор доштанд. Дар бештари манотиқи мамлакат бесарусомониҳо ҳукмфармо буданд. Ҳукумат ва сохторҳои қудратии он фалаҷ гардида буданд. Иқтисодиёти кишвар хароб ва дар саҳро ҳосил талаф меёфт. Заводу фабрикаҳо аз кор бозмонданд. Ба мардуми вилояти Кӯлоб, ки дар муҳосираи мухолифин қарор дошт, хатари гуруснагӣ таҳдид мекард. Дар вилояти Қӯрғонтеппа ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Гурезаҳо, ашки сӯзони модарону кӯдакон, талафоти зиёди ҷонӣ…
Онҳое, ки ин давлатро ба арсаи кашмакашҳои сиёсӣ, тазоҳурот ва таҳдиду найрангҳо табдил дода буданд, на иродаи сиёсӣ, на мардонагӣ ва на масъулият доштанд, то ба ин ҷараёни харобиовар хотима бахшанд.
Мамлакат дар ҳоли таназзул, пошхӯрӣ ва садамаи шадид қарор дошт. Бисёриҳо бар он буданд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи охирини ҳастӣ қарор дошта, он аввал пора-пора ва баъдан пурра аз байн хоҳад рафт. Лек Тоҷикистон побарҷой монд ва аз вартаи ҳалокат раҳид! Пеш аз ҳама, бо иродаи худи халқ ва Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
- Бо нобасомониҳову кашмакашҳои дохили кишвар чӣ боиси дилгармӣ ва умед ба ояндаи дурахшон мегашт?
- Он овон ягона мақомоти ҳокимияти давлатии қонунӣ, ки метавонист қарорҳои қувваи қонунидоштаро дар ҳудуди мамлакат қабул намояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати 12-уми он буд. Аз ин хотир, масъалаи даъвати фаврии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба миён омад. Чун дар пойтахт гурӯҳҳои мухолифин бо яроқу аслиҳа аҳолии осоиштаро таҳдид менамуданд, барои ба як қарори муносиб омадани вакилон муҳити орому созгоре зарур буд, то ки онҳо тавонанд орому бомулоҳиза кор кунанд. Дар он давра дар ҳудуди кишвар барои барпо намудани иҷлосия ягона ҷойи бехавф шаҳри Хуҷанд буд.
Мо, вакилон, дигар ҳуқуқи иштибоҳ карданро надоштем, зеро эътимоди мардум қариб аз байн рафта буд. Кишварҳои зиёди хориҷӣ интизори иҷлосия ва интихоби дурусти шакли давлатдорӣ буданд. Бо андешаи ояндаи халқу миллат, фарзандони хеш ва Ватани азияткашида вакилони мардумии даъвати 12-уми Шӯрои Олии кишвар субҳи 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоб барои гузарондани Иҷлосияи 16-уми таърихӣ сарҷамъ гаштем.
- Масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷае, ки бояд дар иҷлосия ҳалли худро меёфтанд?
- Дар ҷараёни иҷлосия, қабл аз ҳама, вакилон вазифадор буданд, ки масъалаи барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар ва сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохтори қудратӣ ва эҳё кардани давлат ва истиқлолияти миллиро ҳаллу фасл намоянд. Сулҳу оромиро дар саросари кишвар барқарор ва ба ҷангу хунрезиҳои дохилӣ хотима бахшанд. Ҳалли ин масъалаҳо бевосита ба дигар масъалаи муҳим - интихоби Сарвари давлат сахт алоқаманд буд. Мамлакат ба шахсияте ниёз дошт, ки зимоми давлатдориро устуворона ба даст гирифта, ба бесарусомониҳо ва муҳоҷирати оммавӣ хотима бахшад, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад, эътимоди мардумро ба давлат устувор карда, иқтисодиёти мамлакатро эҳё намояд. Он солҳо бар замми мушкилиҳои ҷойдошта дар ҷомеа боз мушкилоти пайдо намудани сарвари сиёсии тавоно вуҷуд дошт, то неруҳои сиёсиро дар атрофи худ муттаҳид созад. Ҳама дарк мекарданд, ки дар чунин лаҳзаи тақдирсоз нафаре бояд ба сари ҳокимият ояд, ки дорои сифатҳои аслии сарварӣ - принсипҳои устувор ва иродаи қавӣ, ҷасуру нотарс бошаду сарсупурдаи кор, то тавонад ин масъулияти бузургро дар назди халқу Ватан чун ватандӯсти ҳақиқӣ бар дӯш гирад. Чунин шахсияти бузург миёни вакилони Шӯрои Олии кишвар ҳузур дошт - ӯ Эмомалӣ Раҳмон буд.
Ягона қарори дурусти қабулкардаи мо, вакилони иҷлосияи 16-ум он буд, ки ба Сарварии давлат, ба Раисии Шӯрои Олии кишвар Пешвои асил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намудем. Ҳаёт собит кард, ки ин интихоби дуруст ва ба маврид буд. Вақте ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор ба минбар баромаданд, маҳз он суханҳоеро гуфтанд, ки тоҷикистониён онро дер боз интизор буданд. Он кас ваъда доданд, ки алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва ба мардуми азиятдида сулҳу оромӣ хоҳад овард. «Мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро хоҳем сохт!», - ин роҳи интихобкардаи муҳиму фундаменталии Пешвои миллат буд, ки баъдан бо ташаббуси он кас дар Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол низ махсус дарҷ гардид. Хуллас, ин иҷлосия ба он хотир Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ном гирифт, ки маҳз дар он тамоми масъалаҳои барои мардуми кишвар ҳаётан муҳим ҳаллу фасл гардиданд.
- Ислоҳоти сохти конститутсионӣ чӣ гуна ҷараён пазируфт?
- Конститутсияи нав бояд тағйироти пурраи фундаменталиро инъикос мекард, ки ризоияти шаҳрвандиро таҷассум намуда, бар зидди ҳама навъи хушунат мубориза барад ва тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқиро дар худ таҷассум намояд. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат ва иштироки бевоситаи он кас Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раъйпурсӣ санаи 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Бароям ин сана ҷашни махсус аст ва ман хушбахтам, ки аъзои гурӯҳи корӣ ва комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будам.
- Нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири таърихи тоҷикон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Аз бозе, ки эшон Сарвари давлат интихоб гардиданд, халқи тоҷик дар роҳи таҳкими истиқлолияти миллӣ қадамҳои устувор гузошту барои ояндаи хешро сохтан гомҳои мустақил ниҳод. Гузаштагони мо дар орзуи чунин истиқлолият буданд. Мо, насли имрӯз сазовори чунин шарафи бузурги таърихӣ гаштем, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуи деринаи мардуми тоҷикро дар воқеият амалӣ намудем. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти кишвар аст, балки асосгузору офарандаи давлати навини соҳибистиқлол – Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ин мафҳум рисолати таърихии беназири ӯ таҷассум меёбад. Ӯ шахсияти таърихист, ки ба арсаи сиёсат дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози Тоҷикистон падид омад.
- На ҳама сиёсатмадорон эътимоди мардумро ба даст меоранд. Ба андешаи Шумо, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадом хусусиятҳо боварии мардумро сазовор гаштанд?
- Сарвари мо худ аз байни мардум омадаанд, аз ин рӯ, эҳсоси мардуми одиро ба хубӣ дарк менамоянд. Сари музокирот ва ҳалли мушкилиҳо ҳамеша меандешиданд, ки чӣ гуна ин қарорҳо ба ҳар як сокини кишвар таъсиргузор хоҳад омад. Эмомалӣ Раҳмон мушкили оммаро дар худ тасаввур ва ҳазм намуда, баъдан қарорҳои қатъӣ қабул мекарданд. Мо ҳар дафъа бештар эътимод пайдо мекардем, ки ӯ ҷузъи ҷудонашавандаи халқаш аст.
Ман ҳамчун аъзои гурӯҳи корӣ ва шоҳиди воқеоти он замон мехоҳам зикр намоям, ки тақдири халқ Сарвари давлатро сахт нигарон мекард, дар лаҳзаҳои ҳассоси сиёсӣ ба пешвози хавфу хатар мешитофт ва омода буд, ки барои ҳифзи ҳаёти мардуми одӣ худро қурбон созад. Дар он айёми мушкилу пурхатар ҳамеша паҳлуи халқ буд, ба дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистон бе кафолати саломат баргаштан ва адами таъмини амнияташ сафар мекард. Ин таҷриба ҳанӯз аз айёми Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки ҳини танаффус дар рафти он Сарвари ҷавони давлат дар муддати кӯтоҳ ба нуқтаҳои даргири мамлакат сафарҳои корӣ анҷом медод, бо аҳолӣ вохӯрда, аз вазъи мардум огоҳ мегардид, сарчашма гирифта буд. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон бо мушкилоти мардуми ҷангзада бевосита ошно буд. Таърих собит сохт, ки ин вохӯриву мулоқотҳо он айём мисли обу ҳаво зарур буданд, то халқи азияткашида донад, ки ҳамакнун зери ҳимояи Давлату Ҳукумати қавие қарор хоҳанд гирифт.
То кунун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилот доим дар паҳлуи мардуманд. Бовар дорам, ки ҳадафҳои зиёди стратегӣ, ки имрӯз рӯи кор меоянд, аз ҷониби Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз муайян гардида буданд.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО