Зимнан то расидан ба шарафи ниюшидани каломи ҷонбахшои Пешвои миллат дар иртибот ба кадом ҳадаф ихтисосу нисбати вижа додани соли нави 2018 гуфтугӯю мулоҳизаҳо, ҳадсу фолҳо, ангораю пиндорҳо ва пешниҳоду хоҳишҳо дар васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвари мо интишор ёфтанд. Намояндагони ҳар қишру табақаи иҷтимоии ҷомеа, кормандону заҳматкашони риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо шумули деҳқонону бинокорон, омӯзгорону олимон, эҷодкорону ҳунармандони санъатпеша, зиёиёни фарҳехта ба андозаи зеҳну зарфияти фикрии худ дар ин замина андешаҳою мулоҳизаҳояшонро расонаӣ менамуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми пурмуҳтавояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсаткори заковатманди донистакори дурандешу давлатмадори тадбирҷӯ соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштанд, ки воқеан ҳам ба ниёзмандиҳои миллии давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёди демократии воҳиди мо, бо эътино ба таъриху тамаддуни чандҳазорсола ва иқлиму табиати биҳиштосои нотакрораш, куллану комилан ҷавобгӯ мебошад. 93 дарсади ҳудуди сарзамини барӯманди Тоҷикистонро кӯҳсорон ташкил медиҳанд. Мардуми бумии ин мамлакатро, ки ғолибан аз миллати тоҷик иборатанд, рагу решааш ва сулолаю дудааш то ба нажоди озодагони озодманишу тамаддуни оламгири ориёӣ мекашад. Зимнан халқи тоҷик дар миёни миллатҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона халқи мансуб ба парвази ориёиҳо мебошад. Махзанҳои таърихӣ, осори фарҳангию адабию илмии бостонӣ, урфу одату оину расмҳои то ҳол роиҷу раво, аломату нишонаҳои этникию лингвистии тоҷикон ба олимон ҳамчун далелу дастаки қотеи илмӣ хидмат намуданд, ки онҳо мардуми моро меросбари тамаддуни қадимаи ориёӣ қаламдод кунанду дар ин иртибот асарҳои гаронмояи тадқиқотӣ офаранд. Ва ҳам сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ бо ҳам тавъаманд, саҳеҳтараш ҳамдигарро пурра мекунанд.Чаро? Зеро сайёҳони хориҷиро дар баробари хиттаҳои хурраму сабз, чашмасорону обшорон, кӯлу ҳавзу обвандҳои мудаввою мусаффо, кӯҳсорони барфпӯши гардунсо, дижҳои қадимаи афсонавӣ, инчунин маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандони мардумии тоҷик, ки онро ту гуфтӣ ба сони мардумаки чашм, аз насл ба насл дар таърихи андҳазорсолаи табори хеш, ки моломол аз хиёнату хуну ҷангу ҷӯшҳои бунёдсӯз буд, беосебу бегазанд дар нусхаи асл то бад-ин замон оварданд, ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018-ро иқдому ибтикору тадбири муассиру манфиатбахши Сарвари хирадсолори фарҳангпарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри ҳифзи асолату ғановати миллӣ ва сарвату дороиҳои бебаҳои табиати дастнахӯрдаи мамлакати мо дар баробари маҷрои мушаддади ҷаҳонишавӣ метавон унвон кард. Ҳамакнун масъалаву суоли матраҳ ин аст, ки дар пайи ривоҷи риштаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари реҷарезию барномасозиҳои расмӣ, аз кадом ташаббусу тараддуд ва навинакориҳои дигари ғайримаъмулӣ метавон истифода кард? Яъне, ба масал, навои куҳанро дар ин замина навӣ мебояд дод. Дуруст аст, ки мо нуқтаҳои сайёҳию осоишии худро дар харитаҳо маълуму мушаххас намудаем ва бо зикри далелу рақамҳо онҳоро дар ҷаридаю сомонаҳои компютерӣ маълуму мушаххас, то бас гуфтан, ситудаем, аммо ин ҳама ҳанӯз на танҳо кам буваду коста, балки тадбиру таъмири дигарро тақозо дорад, то дар бозори серсуди сайёҳӣ ҷойгоҳи хосеро барои худ ихтисос дода тавониста бошем. Ба фикри ман, дар замони муосир аҳолии кишварҳои ба ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи серсармоя ормони муддате будубош ва сайру саёҳату тамошои кишварҳои афсонаию устураиро ба сар мепарваранд, ки бидуни шак Тоҷикистони мо чунин хитта аст. Ҳар ноҳияву ҳар дару диёраш чи ки, ҳар пора хокаш, ҳар хорасангаш, ҳар боғу роғаш устураеву қиссае нуҳуфта дорад амсоли Чилдухтарон, Меғатон( кӯҳи намаки Хоҷамуъмин), Саразму Искандаркӯл, Гармчашмаю Чашмаи Носир, Тахти Сангину Чилучорчашма ва бад-ин амсол. Пас, масъулини риштаи сайёҳиро мебояд дар тадбири таблиғу тарвиҷи хиттаҳои тамошобоби диёри тоҷик ин роҳбурду роҳнамудро бо камоли кордонӣ истифода кунанду бо зикри маҳсули дастсохти ҳунармандони мардумӣ, ки ин молу матоъ низ дар худ намое ё рамзи устуравиеро ба таркиб доранд. Мешавад дар ин замина филмҳои мустанаду роликҳои таблиғотӣ бо таҳранги устураию афсонавӣ таҳия карду дар сомонаҳо андохт. Дар бахши густариши ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз имкони мусоиди муваққатан мамнӯъ донистани андозбандӣ дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон эҳёи пешавриҳои фаромӯшшударо роҳандозӣ кардан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Аз партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеҳну хотирро мунаввар сохта, дар раванди шукуфоии иқтисодии Тоҷикистон саҳм афзудан рисолати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.