ҲУНАР ВА ЭҶОД
Оҳанги шӯху дилнавози мусиқӣ аз он сӯи дар ба гӯшамон мерасид. Дарро оҳиста кушода, дуздида-дуздида дохили толори рақсӣ гаштем. Духтари лоғарандоми симинпайкари хушлибоси хушлиқо ба духтарҳо ҳаракатҳои мавзуни рақси миллиро нишон медод. Ӯ муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрад Лоиқова будааст.
Тавре зимни суҳбат Зумрад иброз намуд, бахшида ба ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ, ки дар моҳи ноябр таҷлил мегарданд, чорабиниҳои васеи фарҳангӣ доир мешаванд ва ӯ шахсан дар ҷараёни омодагиҳо иштирок дорад.
Зумрад бисёр як бонуи зиндадил ва ширинсухан аст. Тавре ҳамкорон ва шогирдонаш иброз медоранд, ӯ шоираи хуб ҳам ҳаст. Ҳоло маҷмӯаи шеърҳояш таҳти унвони «Амвоҷи меҳр» дар дасти чоп қарор дорад.
ЗИНАҲО ВА УСТОД
Ӯ пас аз хатми мактаби миёна соли 1994 ба коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дохил шуда онро бо муваффақият хатм мекунад. Ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ нисбати дигар ҳамсабақонаш зирак буду ба дарсҳои амалии устодон хуб омодагӣ медид. Аз ин лиҳоз пас аз хатми таълимгоҳ ӯро ба шуъбаи муҳими беморхона шуъбаи ҷарроҳӣ ба кор гирифтанд.
- Соли 1997 коллеҷро хатм намудаму ба ҳайси ҳамшираи шафқат корро дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия оғоз кардам. Солҳои фаъолиятам дар беморхона ба даврае рост омад, ки неруҳои ҳукуматӣ бо охирин ҷангҷӯёни махуф дар минтақаи Рашт муборизаи шадиду беамон мебурданд. Қариб ҳар рӯз сарбозону афсарони захмии неруҳои қудратии кишварро ба беморхона ва бахусус шуъбаи ҷарроҳӣ меоварданд. Размандагони мухолифин ба мо таҳдидҳо мекарданд, ки агар сарбозони ҳукуматиро табобат кунем, кушта хоҳем шуд. Ҳатто шабҳое буданд, ки зери зӯри силоҳ ҷароҳати захмиёни гурӯҳҳои сиёҳкорро дармон менамудем, – аз он аҳду овони пурошӯб қисса мекунад ӯ.
Чорабиниҳои ноҳиявӣ, ки дар он муҳассилини омӯзишгоҳи тиббӣ иштирок менамуданд, бе баромад ва шеърхонии Зумрад намегузаштанд. Аз ҳамон даврон бо супориши муовини вақти раиси ноҳияи Рашт Давлатпочо Мирзоева, ки Зумрад ин шахсро устоди худ медонад, таваҷҷуҳи роҳбарони ноҳия ба ӯ ҷалб мешавад.
Соли 2000 ӯро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт меоранд ва Зумрад корро аз мудирии шуъбаи умумии дастгоҳи расиси ноҳия оғоз намуда, то соли 2003 кор мекунад. Ба ҳайси хизматчии давлатӣ то ба симати муовинии раиси ноҳия расидан дар вазифаҳои мудири шуъбаҳои умумӣ, рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеа, бахши кор бо занон ва оила, бахши назорати умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон фаъолият намудааст.
ПАЙРОҲАИ ШУҶОАТ
- Ҳеҷ фаромӯш намешаванд он рӯзҳои мудҳишу даҳшатбор. Бо баҳои ҷон ба кор мерафтем. Афроди бефарҳангу ҷоҳил ба ном муҷоҳид зери ливои ислом зулму ситамро ба сари мардум, бахусус занон бор намуда буданд. Ба ҳама ин таҳдиду зӯровариҳо нигоҳ накарда, фаъолзанони ноҳия Қурбонгул Халилова, Шаҳодат Тавурова бо роҳбарии Давлатпочо Мирзоева ва дигарон ба деҳоти дурдасти Оби меҳнат, Тагоба, Ҳоит ва дараи Камароб сафар анҷом дода, барои ҷалби духтарон ба мактаб ва таҳсилоти олӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ мебурдем. Мани ҷавон, ки дар пайроҳаи устодону роҳбарони вақти ноҳияву бахши занон қадам мениҳодам, аз онҳо ҷасорату матонат, далериву шуҷоатро меомӯхтам – мегӯяд Зумрад.
Ин бонувони ҷасур бо ҳар роҳу восита мухолифи сияҳкорон кор мебурданд. Сиёсати давлат ва ҳукуматро байни аҳолӣ тарғиб менамуданд. Дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари муаззами давлатро дар амал татбиқ мекарданд. Мардумро рӯҳбаланд намуда, ҳисси ватандориро дар ниҳодашон бармеангехтанд. Зумрад ҳатто бо қувваи шеъру қалам алайҳи нохалафон меҷангид. Аз сангари шеъру ирфон ба сӯи онҳо бо тири каломи воло гулӯла меандохт. Бар зидди ҳар гуна амалҳои номатлуби замон мешӯриданд, туғён менамуданд.
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД
Ҳоло ҳазорҳо нафар занону духтарони ноҳия озодона мактаб мехонанду дар омӯзишгоҳҳо ва макотиби олӣ таҳсил мекунанду дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар баробари мардон фаъолият мекунанд. Танҳо тибқи квота аз ноҳияи Рашт зиёда аз 600 нафар духтар имрӯз дар макотиби олии кишвар тамдиди донишомӯзӣ дорад. Даҳҳо нафар духтарони раштӣ дар донишгоҳҳои Аврупову Амрико, Чину Ҷопон таҳсил мекунанд.
Дар ҳар як ҷамоати ноҳия коргоҳҳои дӯзандагӣ барои дӯхтани сарулибоси мактабӣ бо ҷалби даҳҳо нафар занони хонашини деҳот фаъоланд. Баҳри эҳё намудани анъанаҳои миллӣ бо ҷалби мутахассисон сехҳои гилему адрасбофӣ амал мекунанд.
Хуллас, занону духтарон дар ҳама ҷабҳаҳо саҳми хуро мегузоранд. Зумраду Давлатпочоҳо, Қурбонгулу Шаҳодатҳои зиёде дар Рашт ба воя расиданду ба давлату ҳукумат ёр гардиданд. Албатта, дар тарбияи кадрҳои нав аз ҳисоби занону духтарон саҳми Зумраду устодонаш хеле калон аст. Маҳз онҳо тавонистанд духтарони ин минтақаи дар гузашта даргир ва хурофотиро ба мактабу тадрис ва кору маърифат ҷалб созанд. Пайроҳае, ки Зумрад мепаймояд, пайроҳаи садоқат ба ватану диёри хеш, пайроҳаи садоқат ба мардуму сиёсати имрӯзаи ҳукумат аст, ки то ҳанӯз онро сипардан дорад.
Далер Сафар,
ноҳияи Рашт