- Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дасти тавоное буд, ки тоҷиконро аз вартаи фано ба арсаи бақо кашид, нуре буд, ки зулмат дарид ва рӯйдоди сурурбахш буд, ки аз рӯзгори навин навид овард. Иртиботи вожаи тақдирсоз бо ин иҷлосия ногусастанист, зеро воқеан ҳам, пас аз ин ҳамоиши ҳумоюни вакилон тақдири тоҷикон дигаргуна гашт, чун гули вартоҷ рӯ ба хуршед овард, дар умқи дили аҳли кишвар ғунчаи умед шукуфт, аввалин пояҳои устувори давлатдории навин ва ростин гузошта шуд, ибораи таскинбахшу нишотовари «оштии миллӣ» сари забонҳо ба гардиш омад, парчаму нишони миллат чун рамзи давлату садоқату адолату муҳаббат арзи ҳастӣ карданд. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати иҷлосияи мазкур ҷумҳурии соҳибистиқлоламон роҳбару раҳнамо, ғамхору мушкилкушои хешро дарёфт ва чун Хизр ба оби ҳаёт расид. Ин абармарди бахтовар ва мардумпарвар аз минбари Иҷлосия нахуст чунин садо баланд карданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!» Бо шунидани ин нидои муассиру дилпазир аҳли кишвар ашки шодӣ рехтанд ва аз ҳамон лаҳза бо сиёсати Сарвари хушбину некунияти хеш гаравиданд, бо ҷаҳони орзуву омоли миллатсозонаи он кас даромехтанд…
Ҷаласаи мутантани биступанҷсолагии Иҷлосияи тақдирсози миллат дар сатҳи волотарин ва рафеътарин дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Муҷиби саодати фархундагии миллати мост, ки 25 сол муқаддам дар сарнавишташ муҳри дубораи ҳаёт дурахшанда шуд. Ҳамин дару даргоҳи муборак, яъне Арбоби номвари мо, бузургтарин арбоби сиёсии миллат ва башарият Ҷаноби Олӣ - Эмомалӣ Раҳмонро ба мо тақдим кард.
Барои он ки кишвари мо ба ин таҷаммул ва фарру шукӯҳ расад Пешвои азизи мо чи ҷонбозиву сарсупурдагиву қурбониҳову таҷрибаҳои бемисл намуданд, ки қиссаи дароз аст, аммо Ватани моро бо ҷавонмардиву қаҳрамонии нотасвири худ аз коми заволу марг ба амнгоҳи саломативу нишот оварданд. Дар ҷаҳон кам андар каманд кишварҳое, ки бо чароғи ҳидояти сарварашон аз қайди ҷанг берун шуда бошанд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, пеши роҳи чуноне ки Пешвои миллат дар маърӯзаашон зикр доштанд, «нақшаи ба ду ё се қисмат тақсим намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷ тарҳрезӣ шуда, баъзе неруҳои дохилӣ дар пайи амалӣ намудани чунин ниятҳои хоҷагони худ қадамҳои мушаххас бардошта буданд», гирифт. Дар ин масъала низ маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ нуқтаҳои ниҳоиро гузошт ва Тоҷикистон чун давлати ягона ҳифз карда шуд.
Ман мардуми мукаррами Ватанро бо ин сулҳу тавҳид, бо ин нусрату пирӯзиву пешравӣ бо ҳузури азизи чунин Пешвои муборакқадам таҳният мегӯям, баъд аз ин низ саодати Тоҷикистони мо мустадом бод.
- Дар хусуси фаъолияти имрӯзаи занҳо дар яке аз шохаҳои калидии ҳокимият – шохаи қонунгузор чӣ мегӯед?
– Хилоф бар воқеият нахоҳад буд, агар бигӯем, ки Истиқлолият бештар аз ҳама саховат ба бонувон кард. Бар асари шарофатбори ин воқеаи кишварсоз ва дар заминаи сиёсати хирадбунёди Пешвои миллат бонувони Тоҷикистон ба ҷабҳаи пурвусъати фаъолият роҳ ёфтанд ва барои ҷилваи ҳунару истеъдоди фитриашон шароити созгор фароҳам омад. Бо ибтикори эътиқодмандонаи Сарвари кишвар махсус бо ҳадафи фароҳамоварии вазъи мусоиду мувофиқ барои фаъолияти бонувон дар сатҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат як силсила барномаву дурнамоҳо тарҳрезӣ шуданд. Имрӯз занони саодатманду сарбаланди тоҷик дар тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, дар дастгоҳи иҷроияи Президенту дар Парлумони ҷумҳурӣ бо азми дурусту саъйи комил кор мекунанд. Агар ба таҳқиқ ба ҷомеа, ба паҳнои кишвар бингарем, дар ҳама ҷабҳаҳо – аз илму маориф то иқтисоду сохтмон ва соҳоти дигар – нақши дастони муъҷизаофару хиради корагари бонувонро нек эҳсос менамоем. Имрӯз ин байти машҳури устод Турсунзода, ба гумонам, бо оҳанги тозаву ифтихори бештар ва воқеитар садо медиҳад:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Дар Парлумон ман паҳлу ба паҳлу бо бонувоне кор мекунам, ки тавассути фаъолияти густурдаву қазоватгариҳои заковатбунёдашон дар таҳияву баррасии қонунҳо ва масоили дигари мубрам номвар гардидаанду барои аҳли кишвар чеҳраи шинос, олиҳаи маърифатанд ва ин ҷо, ба назарам, барои ном ба ном ёдовар шудани ин фурӯзонгурӯҳ эҳтиёҷ нест. Ба як сухан, бонувони иродатманди тоҷик ҳамакнун на танҳо гаҳвораи тифл, балки ҳамзамон гаҳвораи тамаддуни замонаро меҷунбонанд. Мехоҳам ин байти устод Лоиқ, ки қазовати мардона дар батни мазмунаш дорад, фарҷомбахши ин бахши суҳбатамон бошад:
Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.
- Лутфан, тафовути зиндагии ҳаррӯзаи як бонуи роҳбар аз зиндагии як зани одиро бо ҷузъиёт аз забони сиёсатмадоре чун Шумо шуниданӣ будем…
– «Зан зан асту дар ҳама ҳолат чун зан мемонад ӯ», - гуфта буд Қаҳрамони Тоҷикистон устод Турсунзода. Воқеан, бонувонро (гар сиёсатмадоранду гар омӯзгор, гар соҳибкоранду гар кадбонуи хонадон…) рисолати азалӣ офаридану парваридан ва сӯхтану сохтан аст. Ба ман ибораи «зани хонашин» ҳеҷ пазиро нест, то ҷое таҳқиромез садо медиҳад он, ба назарам. Устод Кӯҳзод «Очаи бачаҳо» ном ҳикояи пандомӯзу андешабарангезе доранд. Дар он як рӯзи пурташвиши зане ба риштаи тасвир кашида шудааст, ки гӯё хонашин асту шомилгашта ба рӯйхати бекорон. Вале дар асл чӣ қадар гирумону часпу талош, ташвишу тараддудҳое дорад дар муҳити хонадон ҳамарӯза ин «зани бекор». Занонро дар ҳама ҳолат накухисоле чун ғамхориву меҳрубонӣ ва дарки амиқи масъулият ба ҳам тарҷеҳ мебахшанд. Ва ман ҳаргиз намехоҳам байни бонувони азиз вобаста ба соҳоти машғулияташон тафовут бигузорам. Агар тафовуте бошад, на д?? ар сатҳи кору андеша, балки дар самти кору андеша аст.
- Мегӯянд, ки хеле зиёд ҳазлу латоиф медонед ва инсони хушсуҳбатед, табиатан чунинед ё ин ҷузъе аз равиши сиёсии Шумост?
- Хайёми накуном ва ҳадисгӯи ҷом ҳидояте чунин дорад:
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зиндагии ҳар фард бояд дар радифи расмиятҳо ва гирумонҳои анъанавиаш ҳамбаста бо шодиву фараҳмандӣ бошад. Мо бояд ба ҳамдигар дар қолаби лутфу ҳазлу мутоиба гулдастаи дилафрӯз эҳдо бикунем. Лутфу ханда зиндагии моро рангину ширинтар мекунанд ва хастагиамонро мешикананд, рӯҳамонро болида месозанд ва ба ин васила баҳри самарманд гардидани кору пайкорамон мусоидат менамоянд. Ва агар ман, ончунон ки Шумо ишора кардед, аз ин фазилат бархӯрдор бошам, чи хуше!
Наздам корафтодагони зиёд мунтазам меоянд, ки аксар ғамзадаву димоғгирифта бар асари ҳодисаеву мушкилотеанд. Ман гоҳе онҳоро бо лутфеву латифае мувофиқ як навъ ба суҳбат омода месозам ва пасон мо чун ашхоси дерошно ба гуфтугӯ мепардозем. Як дӯстам зимни суҳбатҳо батакрор нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯяд, ки «сиёсат қошу қавоқ нест, сиёсат меҳру муҳаббат аст». Сари ин мавзӯъ бо ӯ мувофиқам.
- Ин ҳама сол пайи анҷоми вазифаҳои пурмасъули давлатӣ қарор доред, лутфан мегуфтед, ки сиёсатмадор аз кор хаста мешавад? Нафарони шинохта, аз ҷумла сиёсатмадоронро камтар дар кӯчаву бозор мебинем, дар кӯчаҳои шаҳр пиёда ҳам қадам мезанед?
– Меҳнат бо фароғат бояд ҳамбастагии ҳамешагӣ дошта бошад, вагарна фаъолияти инсон босамару бардавом буда наметавонад. Барои ман аксаран ва ғолибан китоби хубе мутолиа кардан, нашрияҳоро варақ задан, сафҳаҳои интернетии ахборро боз бинмудан, наберагонро ба оғӯш кашидан истироҳат асту омили рафъи хастагӣ.
Ба пухтупаз рағбате дорам деринбунёд. Ин ба он маънӣ, ки ҳанӯз дар кӯдакию наврасиам дар ошхонаамон бо модари азизам, рӯҳашон шод бод, «ним штат» кор мекардам. Эшон гирумону шавқу ҳаваси маро дида, бо чеҳраи шукуфта мегуфтанд, ки «духтарам, дасти ту «бисмиллоҳ» дорад» (яъне, дар таббохӣ соҳибҳунарӣ!). Забон омӯхтан, вожакобӣ аз фарҳангҳо, байту андарзҳои сараро ба ёд гирифтан ва гоҳ-гоҳе шеъргунаҳое эҷод бинмудан низ амалҳоеанд, ки ба марзи фароғати ман мутааллиқанд.
Ҳар гоҳ ки вақти андаке бештар дармеёбам, дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезанам. Пиёдагардӣ нашъае дилпазир ва беназир дорад. Симои пойтахти кишварамонро, ки ин қадар басуръат тағйир меёбаду бештар зебову дилоро мешавад, ба навори назар кашидан бароям ифтихорбарангезу сурурафзост. Дар кӯчаҳо бо дӯстону шиносони дерину навинам вохӯрда, бо эшон ҳолу аҳволпурсӣ кардан низ кайфияте дорад тасвирнопазир. Мехоҳам бо ҳама дӯстонам сухан аз дӯстиву рафоқат, аз ватану ватандорӣ, аз Истиқлолияту шукуфоии миллат бигӯям ва ин шоҳбайтро нисорашон бикунам:
Эй бародар, ману ту ҳамватанем,
Булбули шохи гули як чаманем!
- Ташаккур! Муаллимаи азиз, дар соли нав муваффақияти бештар аз пештарро бароятон орзу дорем.
Гулноза БОБОМУРОДОВА