Дасти сарнавишт
Дар шабу рӯзи милодаш ҳамдеҳагон чӣ хуш маросими шодмоние доштанд, ки тифли навзоди хонадони ронандаи маҳалларо фаррухпай шумурда, фардояшро фоли нек мезаданд. Зодмандон ба хотири он рӯзи нишот фарзанди хешро Хайриннисо ном ниҳоданд. Бо мурури зиндагӣ санаи зодрӯзаш дар сарнавишти миллату Ватани азиз- Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин рӯзи муборак 16-уми ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!
Хайриннисо аз овони хурдӣ ба пухтупазу гулдӯзию ҳунарҳои гуногуни миллӣ шавқу рағбати беандоза зоҳир мекард. Устоду роҳнамояш модар буд, ки мекӯшид то фарзандон касбу ҳунарҳои аҷдодиро аз бар намоянд. Меҳру муҳаббаташ ба илмандӯзию шавқу ҳаваси бепоёнаш дар корҳои ҷамъиятии мактаб аз маъмани орзуҳои дар дил парвардааш маншаъ мегирифт. Пеши худ қавлу қасам карда буд, ки ҳуқуқшинос шавад, аммо дар он солҳо афкори мардум побанди хурофот буду азми қолабшиканӣ барои духтарони рустоҳои дурдаст бурун аз пиндор менамуд. Аз ин лиҳоз, баъди хатми таҳсилоти умумӣ арӯсӣ кард.
-Дар он солҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ дар музофоти дурдаст духтарони лаёқатманди таҳсилоти олӣ надидаро ҳам ба кор мегирифтанд. Сарнавишти саодатёр маро ба хонадоне пайваст, ки дар баробари эҳтироми зиёдашон ба ҷинси латиф ба касбу ҳунаромӯзӣ ва мақому манзалати бонувон дар ҷомеа арҷ мегузоштанд. Ин буд, ки зодмандони шавҳарам барои идомаи фаъолиятам дар идораи бойгонии ноҳия ризоят доданд,- қисса аз он рӯзгор мекунад Хайриннисо Кенҷазода.
Салиқаи кордонию қобилияти ташкилотчигӣ ва зарфиятҳои зеҳниашро ба инобат гирифта, соле пас ӯро ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Панҷ ба кор даъват карданд ва то соли 1995 дар ин вазифа фаъолият дошт.
Дар ин миён ҳодисаҳои шаҳрвандӣ рух доданду Хайриннисо маҳбуби қалб, падари фарзандонашро аз даст дод. Иродаи матину таҳаммулгароии ба ин зани собира имкон дод, ки ҳама фикру зикр, неруву ҳастии худро ба ифои вазифаҳои хизматӣ ва таълиму тарбияи фарзандон бубахшад.
Маҳзари боварӣ
Хайриннисо Кенҷазода баъди фаъолияти андаке ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ дар соли 1995 ба вазифаи раиси кумитаи занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ таъйин гардид.
- Дар солҳои масъулияти роҳбарии бахши кор бо занон ва оиларо ба уҳда доштанам, анҷумани 3-юми «Иттиҳоди занони Тоҷикистон» доир гардида буд.
Сарвари муаззами давлат зимни суханронии хеш дар он ҳамоиш таъкид намуда буд: «Бонувон аз уҳдаи ҳамаи корҳои ба зимма гузоштаашон ба хубӣ мебароянд». Ин каломи раҳомӯзи Пешвои миллат на танҳо мояи ифтихору сарбаландии мо буд, балки аз мо масъулиятшиносии беандозаро дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаамон тақозо мекард,- ифтихормандона иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Бо мурури обутоби сиёсӣ дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ соли 2007 Хайриннисо Кенҷазодаро муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт ва маънавиёт таъйин намуданд. Панҷ соли пуршебу фарози фаъолиятро дар ин бахш пушти сар сохт.
Имтиҳони таҳаммул
Ба иқрори Хайриннисо дар ҷодаи роҳбарӣ баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки алайҳи фишору ноадолатӣ ва садгузориҳои баъзе мансабдорон дар музофот сабру шикебоиро бояд пеша кард. Ӯ лаҳзае ба сукут рафта, суханашро идома медиҳад:
- Садоқат ба Ватан, ростқавлию поквиҷдонӣ ва иффату покдоманӣ занро ба ҳама мақому қуллаҳои мурод мерасонад. Дар тӯли фаъолияти роҳбарӣ аз дасти баъзе нотавонбинон шикасту шиканҷаҳо зиёд дидаам. Вале таваккал бар Худо мекардам, ки мададгорам буд ва роҳнамои корам Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа».
Идомаи роҳ
Бо гузашти айём Хайриннисо Кенҷазода дубора ба мақоми муовини раиси ноҳияи Панҷ таъйин гардид. Вале ин дафъа ба симмати роҳбари соҳаи саноат ва сохтмони ноҳия.
- Шояд таҷрибаи дар корҳои бинокорӣ муваффақ шуданамро ба назар гирифта бошанд, - табассумомез изҳор медорад ӯ. - Дар солҳои гуногун дар амалӣ намудани чанд лоиҳаи сохтмонӣ, аз қабили бунёди коргоҳи дӯзандагӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва шуъбаи таваллудхонаи ноҳия саҳм гузошта будам.
Бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои маҳсулоти хоми маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияи Панҷ бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли семент ва шишабарориро ба мақсад мувофиқ мешуморад. Айни ҳол ӯ лоиҳаи пешниҳодкардаи соҳибкорони чиниро бобати бунёди корхонаи коркарди тилло мавриди омӯзиш қарор додааст. Тибқи пешбиниҳо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур дар ғанӣ сохтани буҷети ноҳия, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли тилло дар кишвар нақши муҳим мебозад.
Ба қавли Хайриннисо Кенҷазода баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва дар ин замина беҳдошти шароити кору зиндагии аҳолии ноҳияи Панҷ аз рушди бахшҳои сохтмону саноат ва савдо алоқамандии зиёд дорад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Панҷ