Ӯ барои ҳамсинфон ҳамоно дӯстона Эмомалӣ, барои ҳамкорони собиқ Эмомалӣ Шарифович ва барои насли нав ва мардуми шарафмандаш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
«Ман аз омӯзгоронам пайваста ёд мекунам ва онҳоро хуб дар хотир дорам».
Эмомалӣ РАҲМОН
ПЕШВОЕ, КИ АЗ БАЙНИ ХАЛҚ БАРОМАД!
Соли 1960. Мактаби миёнаи №7 ба номи «Комсомол»-и ноҳияи Данғара. Мактаби одии якошёна бо 14 синфхона, ду кабинети лабораторӣ аз фанҳои физика ва кимиё. Бо баробари давутози бачаҳо чангу хоки атрофи мактаби навсохти бедолу дарахт ба осмон мепечид…
- Ин ҷо дар қатори 2, дар мизи 3-юм Эмомалӣ Раҳмонов менишаст. Мизу курсӣ, тахтаи синф, харитаҳои сиёсии ҷаҳон ва СССР, нишону парчами Иттиҳоди Шӯравӣ, хуллас ҳар чизе мебинед, ҳама аз он айём боқӣ мондаанд, - зикр мекунад Зарипов Амиралӣ, директори гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара (собиқ мактаби №7).
- Он овон роҳбарии мактабро омӯзгори варзида Солеҳа Раҳматова бар зимма дошт. Муаллимаи аввалини Сарвари давлат бону Оимхол Азизова буданд. Дар синфҳои болоӣ омӯзгорон Куган Иззатуллоев аз фанни риёзӣ, Ҷамолиддин Раҷабов аз фанни кимиё, Шерафган Асғаров аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Афғон Неъматов аз фанни таърих, Қурбон Ташрифов аз фанни ҷуғрофия ва дигар муаллимон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабақ додаанд, - илова мекунад, ҷонишини директор Сатторов Изатулло.
…Дар девори синф чеҳраҳои хатмкардагони солҳои хониши 1959 - 1969 мунъакис ёфтааст, 37 нафар. Яқин, он замон касе эҳсос намекард, ки аз ин байн баргузидае номи Тоҷикистонро аз партаи мактаби ноҳияи кӯҳистони тоҷик то минбари баланди ҷаҳонӣ хоҳад бурд, ки исмаш Эмомалӣ Раҳмон аст!
САРДОРИ СИНФ
Робия Талбакова, ҳамсинфи Эмомалӣ Раҳмон
Духтараш рӯи ҳавлӣ кӯрпача густурду пешниҳоди нишастан кард. Гуфтем, ки дар барамон нишинад, хола бо табассум гуфт: «Мо деҳқонзодаем, бачам, ҳар куҷое рост омад, мешинем»…
Дар муқоваи маҷаллаҳои тақдимкардаамон акси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳи духтарчаи дӯстрӯяке дида: «Худо нигаҳбонаш бошад, ҳамсинфи мора», - гӯён дуо медиҳад.
Ба хотири парешон накардани фикраш, каме хомӯш мондем, ки холаи Робия суҳбатро аз чӣ оғоз мекарда бошад…
- Аз аввал то ба охир дар як синф мехондем. Эмомалӣ бачаи деҳқон буд, бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ. Ёд надорам, ки касеро боре ранҷонда бошад. Дар синфамон бачаҳои шӯх зиёд буданд, аммо вай орому ботамкин буд. Дӯсти наздики Эмомалӣ Каромат ном дошт, бачаи шӯх, аз синфи дигар. Замони дар идораи колхоз кор карданаш, ман дар шуъбаи омори ноҳия кор мекардам. Ҳисоботи идораро Эмомалӣ месупурд. Коргари бовиҷдон, баъдтар раиси ҳамин хоҷагӣ шуд.
- Фаҳмидем, ки дар замони мактабхонӣ шумо сардори синф будаед, ҳамин тавр? – суол мекунем аз холаи Робия.
- Бале, воқеан ман сардори синф будам. Як давра маро сардори тозагӣ ҳам монданд. Холназар ном ҳамсинфамон сардор таъйин шуд. Дар хотирам нест бо чӣ сабаб боз ӯро гирифтанду маро сардори синф монданд ва ҳамин тавр то тамом кардани мактаб сардори синф мондам».
Моро, ки таърифи хату саводаш ба даргоҳи фақиронаи хола оварда буд, пурсон шудем, ки бо нишондоди хуб чаро таҳсилро дар ягон мактаби олӣ давом надодааст. Оҳи чуқуре кашида гуфт:
- Суратам лавҳаи фахрии мактабро зеб медод. Дар хона ду гувоҳномаи лабрези «5» дорам. Он солҳо ба духтарон иҷозати таҳсил дар донишгоҳҳоро намедоданд. Ман духтари тарсончаку нозпарвар ҳам будам. Дар мактаб касе сахттар нигоҳ кунад, гирякунон модарамро ба сараш меовардам. Модарам мисли генерал буд. Кокулонамро ҷамолак мебофту ба мактаб мегуселонд. Мегӯянд, ки дар ҷавонӣ зебо будаам, хайр намедонам (механдад).
Баъди чанд дафъа омадани омӯзгорон ба хонаамон, падарам розӣ шуд. Аммо модарам пофишорӣ кард. Ӯро ба мактаб даъват карданду интизоми хубу дониши аълоямро мисол оварда, гуфтанд, ки монеи идомаи таҳсилам набошад, аммо модари генералам як гап дошт: «не!».
Диплом надоштам, аммо барои саводи хубам роҳбари ташкилоти партиявии шуъбаи омори ноҳия таъйин намуданд. Бист сол дар ин муассиса кор кардам. Шояд истеъдоду донишам ирсӣ аз падарам бошад, зеро эшон низ муҳосиби колхоз буданд.
Дар ин асно аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуда, бо овози ларзон илова мекунад:
- Мехондам, шояд ҳаётам дигар мешуд. Зиндагии вазнине доштам. Дар 37- солагӣ соҳиби як духтар шудам ва бо ҳазор умед Умеда номаш кардам. Духтарам умеди ман дар зиндагист.
Дар хусуси осорхонаи махсуси Сарвари давлат дар мактаб лаб мекушояму хола бо ҳозирҷавобии хос мегӯяд: «Рафтед? Он ҷо акси маро дар паҳлуи Эмомалӣ дидед? Ҳамсинфи мо хеле хоксор аст. Дар вохӯриҳо таъкид мекунанд: «фикр кунед мо дар мактаби миёна, гӯед, хандед ва озод бошед». Баъзан дар даст дастгоҳи аккосӣ худаш ҳамсинфонро сурат мегирад. Завҷааш ҳам аҷаб бонуи ҳалиму меҳрубонест. Ҳар бори дида ба дидор расидан, аз ҳар аъзои оилаамон ном ба ном аҳвол мепурсад. Хоксорӣ ҳамин қадар мешавад.
- Тасаввур мекардед, ки рӯзе Эмомалӣ, ҳамсинфи шумо, ба унвони Президенти Тоҷикистон ҷангу хунрезиҳоро боз медораду давлате бино мекунад ободу пешрафта?
- Бимирам, духтарҷон, ин чиз дар гӯшаи хаёли касе набуд. Тақдир, инояти Худои пок. Ба қавли пирон, шояд ӯро аз кӯдакӣ Хоҷаи Хизр назар карда бошад. Ин қадар ҳодисаҳоро аз сар гузаронд. Дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанг ба Афғонистон рафт. Дар телевизион медидему диламон чун барги бед меларзид.
Ҳоло ҳам дар назари ман Эмомалӣ ҳамон бачаи одии хандонрӯи деҳотист. Чашми бад аз ӯ дур бод!
ХОТИРАҲОИ МАКТАБӢ
Холназар Ҳукуматов, ҳамсинфи Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон дар маркази ноҳия дар шафати мавзее, ки қасри фарҳанги тозабунёди ноҳияи Данғара (ифтитоҳаш 12 сентябри 2019 – «БТ») қомат афрохт, ба дунё омадааст. Дар синфҳои 4 ё 5 хонданамон онҳо ба поёнтари ҳамин кӯча - ҳозира хонаи падариашон омадаанд.
Мактаби ба номи «Комсомол»
Соли 1959 ману Эмомалӣ, ӯ дар деҳаи худаш, ман дар деҳаи худамон, ба синфи 1 рафтем. Тақрибан баъди ним соли таҳсил моро ба мактаби навбунёди №7 ба номи «Комсомол» гузаронданд. Эмомалӣ бо Қарахон Бобоев ном ҳамсинфамон дар як парта менишаст.
Ҳама «зӯр»-ҳои мактаб, бачаҳои милисаву анборчиву саркорҳои хоҷагӣ дар синфи дигар, ба қавле синфи «а» таҳсил мекарданд, мо, фарзандони колхозчиёни одӣ дар синфи «б» мехондем (механдад). Дар байни бачаҳои синфи «а» ва «б» нофаҳмӣ набуд. Бо садо додани занги танаффус ҳама якҷо бозӣ мекардем.
Дар синфи 9 маро котиби ташкилоти комсомолии мактаб интихоб карданд. Розӣ нашудам. Директор Солеҳа Раҳматова гуфтанд, ки туро интихоб кардем, бояд «не» нагӯӣ! Падарам як гӯсфандро фурӯхта, бароям шиму костум, мӯзаи хиром харид. Бо сарулибоси нав ба мактаб омадам, ҳама мепурсиданд, чӣ гап аст, туро куҷое мебаранд? Гуфтам, бале ба Душанбе. Бачаҳо бо ҳавас менигаристанд. Он солҳо пойтахт чӣ, тамошои маркази ноҳияро орзу мекардем…
Бачаҳои деҳа бо мошини колхоз ба мактаб мерафтанд. Баъди маҷлис зуд рафта, дар болои мошини боркаш нишастам. Ҷӯраҳоям «Душанбе намерафтаӣ - ку?», - гӯён механдиданд. Яъне, вазифаи котиби ташкилоти комсомолӣ, дар пеши дидани Душанбе ҳеҷ буд. Мо телевизор надоштем, радио набуд, бештар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мехондему халос.
Муаллимони сахтгир
Он давра муаллимон хеле сахтгиру серталаб буданд. Ҳатто ҷояш ояд ягон силӣ «меҳрубонӣ» ҳам медидем. Ками дар кам волидон ба мактаб даъво меомаданд. Онҳо як гап доштанд: «Муаллим хубут кард». Ҳангоми адирравӣ болои маркаб дар дастамон китоб доштем. Аз муаллими забон ва адабиёти тоҷик Шерафган Асғаров метарсидем. Вай бисёр сахтгир буд. Муаллими фанни математика Куган Иззатуллоев, роҳбари синфамон буд. Алҳол устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист.
Дар давраи имтиҳонҳо назди мактаби мо пури хару ароба мешуд. Баъдтар фаҳмидем, ки аксар муаллимони минтақа саволу ҷавобҳои имтиҳониро барои аз санҷиш гузарондан назди муаллим Куган Иззатуллоев ва як муаллими рус Ткаченко, омӯзгори собиқ мактаби миёнаи №2 ба номи Александр Сергеевич Пушкин меовардаанд. Онҳо дар минтақа беҳтарин донандагони фанни математика ба ҳисоб мерафтанд.
Эмомалӣ
Падари Эмомалӣ, бобои Раҳмон, инсони хуб, модараш холаи Майрам низ бонуи ҳалиму меҳрубон ва заҳматкаше буданд. Дар оилаи онҳо 5 фарзанд тарбия меёфт. Солҳои пеш қариб ҳама як хел мезистем, камбағалона. Ҳаво гарм мешуд, моро ғам мегирифт. Боми хонаҳои гилиро ҳар тобистон андова кардан лозим меомад. Хок ҳаст, об нест. Дар ду ҷогаҳ об оварда хок мешӯридем. Дафъаи дигар мерафтему об меовардем, ки лой қоқ шудаст...
Эмомалӣ бачаи боинтизом буд. Фанни таърих, математика, ҷуғрофияро хуб медонист. Мисли ҳама бачаҳои деҳотӣ шӯхиву бозӣ мекард. Дар даводаву сурсуракони гирди парта ҳам фаъол буд (механдад). Аммо аз забонаш гапи дағал нашнидаем. Ба духтарон эҳтиром дошт. То ҳол, агар ҷамъ биёем, ба ишора ба духтарон, ба оилааш мегӯяд: «Бубин, ҳамсинфони ман чӣ қадар зебоянд». Қалби поке дорад.
Ҳангоми дар вазифаи директори совхози ба номи «В.И.Ленин»-и ноҳияи Данғара кор карданаш зоотехникҳо дар ҳайрат афтода буданд, ки то имрӯз дутоӣ гӯсола кардани говро дида будем, аммо баъди раис шудани Эмомалӣ говҳо сетоӣ гӯсола мекунанд. Дили поку забони хуш, ки дошт, Худо додаш. Имрӯз аз кормандони давлатӣ мешунавам, ки дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳам ӯ вазну тамкинро риоя мекунад.
Баъди хатми мактаби миёна бештар дар хонаи Кароматулло Рамазонов ва Маҳмадамин Абдулмадудов (равони ҳар ду шод бод), одамони хубе буданд, ҷамъ меомадем. Маҳмадамин аз кӯдакӣ назар ба ҳамаи мо хубтар мезист, зеро падараш анборчии колхоз буд. Дар анбор ба ғайр аз гандуму ҷав асал, пиставу чормағз ҳам ёфт мешуд (механдад).
Аълохони синф
Духтари зебое доштем, номаш Робия, фарзанди муҳосиби колхозамон. Сумкаҳои ҳамаи мо аз тики (матои) сурх буду аз ӯ сумкаи чармии ҳақиқии мактабӣ. Дар синф математикаро аз ҳама хуб мефаҳмид. Дафтари математикаашро фақат бо худ мегардонд, ки баногоҳ ҳамсинфон аз ӯ рӯбардор накунанд. Устод Куган Иззатуллоев моро мудом ҷанг мекард, ки: «Чаро баробари як духтар намехонед?».
Агар Робия дар ягон донишгоҳ мехонд, бемуҳобот академик мешуд, аммо насибаи хонданаш набудаст. Замони кӯдакии мо дар Данғара танҳо як зани маълумоти олидор, агроном Солеҳа Ёқубова буд, ки дар ҳамсоягии ҳамсинфамон Эмомалӣ Раҳмонов умр ба сар мебурд.
Баъди хатм
Эмомалӣ баъди тамом кардани мактаб бо даъвати кадом як хешашон ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) рафт. Ҳам дар омӯзишгоҳи касбӣ - техникӣ мехонду ҳам дар мағозае кор мекард. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба аскарӣ рафт. Пас аз бозгашт дар донишгоҳ таҳсил намуд.
Мо се ҳамсинф - Ҳикмат Неъматов, Қарахон Бобоев ва ман гурехта, барои дохилшавӣ ба Институти педагогӣ ба Душанбе рафтем. Ҷойи рафтан надоштем, шабро дар кӯча, таҳи дарахте рӯз кардем. Субҳ хестем, ки либосҳоямон нест. Хуллас, бо чи азобҳое донишҷӯ шудем…
Ҳамсинфони тифоқ
Ҳоло вақте ҳамсинфон якҷо шудем, дару тирезаҳоро маҳкам баста, лаҳзаҳо – бесариҳои бачагиамонро ба ёд оварда, аз таҳти дил механдем. Дар беморӣ, маъракаи хурсандиву мотам якҷоем. Мутаассифона, 12–13 нафар аз ҳамсинфон дар байни мо нестанд.
То замони Президент интихоб шудан, Эмомалиро зуд-зуд медидем. Давраи роҳбари хоҷагӣ буданаш, ба чорабиниҳо меомад. Он вақт ҳам хеле серкор буд. Аммо ҳоло вақти холӣ надорад.
Соли 2000-ум чун фаҳмидам, ки ӯ дар Данғара аст, хонаи падариашон рафтам ва ӯро ба хонаам таклиф кардам, гуфтам ҳамсинфон мехоҳанд туро бубинанд. Гуфт, меоям.
Ҳамаи бачаҳоро даъват кардам, аммо ба касе чизе нагуфтам. Эмомалӣ бо ҳамсинфамон Кароматулло омад. Худо умраш диҳад бародари моро, Эмомалӣ пеш аз ҳама назди модарам рафт. Он рӯз қарор буд, ки як соат нишинад, аммо қариб 4 соат бо ҳам будем. Мисли давраи бачагӣ бе ғам, ҳазлу шӯхӣ ва суҳбати озод доир гашт. Аз якдигар серовӣ надоштем.
Ҳидояти Пешво
Номи ӯ дар таърих ҷовидон аст. Анъанаи давлатдорие, ки Эмомалӣ Раҳмон ба миён овард, асосаш сулҳу субот ва ободкорист. Бигзор он садсолаҳо идома ёбад.
Ба кор даромадани чархаи дуюми НБО «Роғун» - ро тариқи телевизион медидаму пеши чашми ман таърихи 28 - солаи Тоҷикистон мисли тасмаи кино ҷилвагар мегашт…
Ҳоло бознишастаам, аммо ба хотири эҳтироми бародар Эмомалӣ Раҳмон, ки бояд дар ҳар вазифае, коре, ободие дар бараш бошем, бо пешниҳоди масъулон роҳбарии мактаби равияи математикидоштаи «Афлотун» - ро дар ноҳияи Данғара пазируфтам. Муҳтарам Президент ҳам ҳини дидор ба таъкид гуфтанд, ки кор кун.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе - Данғара - Душанбе
PS: Соли 1997 ба ҷойи мактаби куҳнаи №7 ба номи «Комсомол» дар ноҳияи Данғара мактаби наву замонавии дуошёнаи зебову хуштарҳе барои 500 нафар сохта шуд ва соли 2005 он гимназияи ҷумҳуриявӣ унвон гирифт.
Акнун дар ин мактаб муҳассилон тариқи озмун қабул карда мешаванд. Аз 420 хонанда 128 нафараш духтаронанд. Дар соли хониши 2018 - 2019 хонандагони гимназия аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо 14 медал баргаштанд.