Ёдам меояд, чӣ гуна модари муштипарам барои ҷигарбандонаш нон суроғ мекард, субҳ мерафту шом бозмегашт. Ҳоли аксари мардум ва пайвандонамон чунин буд. Шоири огоҳи мо, шодравон Ашӯр Сафар , ки низ он рӯзҳои фоҷиаборро аз сар гузаронида буд, тирамоҳи соли 1992 орзу мекард, ки:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Воқеан ҳам ҳуҷҷати сулҳу оштӣ дар он рӯзгор ва имрӯз низ гардишу таҳаввулоти азимеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон дар пай дошт ва дорад. Аз он рӯзгор бад-ин сӯ сулҳу ваҳдат ғояи бунёдии худшиносии миллии тоҷикон ва ҳам ваҳдатхоҳии онҳо шуд.
Тадриҷан ин арзиш ба ғояи миллӣ табдил ёфт.
Таҷрибаи ваҳдатофари тоҷикон зери раҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ду сатҳи густурда сол то сол ташаккул ва таҳаввул ёфт. Сатҳи авввалро ягонагии иҷтимоии этникӣ дар қаламрави давлати миллӣ муайян мекунад, ки иборат аст аз қаробати хунӣ ва маънавии тоҷикони ҳамаи ноҳияҳо, вилоятҳо ва минтақаҳои кишвар. Сатҳи дувуми ин ваҳдатро метавон ҷаҳонӣ унвон кард, ки ваҳдати фарҳангиву маънавии тоҷикони бурунмарзиро фаро мегирад ва таҳким мебахшад.
Ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон , ба хусус баъди суқути давлати Сомониён омилҳои тахрибкори ваҳдати миллии тоҷиконро густариш дод ва ҳам тақвият бахшид. Ин равиш дар замони шуравӣ ва охири садаи гузашта заъфи миллиро барангехт, ки яке аз омилҳои аслии муноқишаи миллӣ ва парокандагии тоҷикон гардид.
Бинобар ин Пешвои миллат аз аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳар қадаме аз давлати Сомониён ҳамчун ҳукумати миллии тамомиёр намуна меҷуст.Ин усул шароитеро фароҳам овард, ки давлати миллӣ кафили ҳамешагии озодиву истиқлол ва ваҳдати миллӣ гардад ва роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоиро таъмин намояд. Омили таконбахши ин равиш муҳайё сохтани заминаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳамоиши миллӣ ва ваҳдатофар буд, ки Сарвари давлат барои мардуми манотиқи мухталифи кишвар огоҳона ва дилсӯзона муҳайё сохт.
Дар тӯли асрҳо баъд аз заволи давлати Сомониён омилҳои ҷудоиандозе буданд , ки ба ягонагии иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик осеб расониданд. Рушди номутаносиби иқтисодӣ ва иҷтимоии манотиқи кишвар яке аз омилҳои асосии коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба ҳукумати марказӣ дар солҳои ҳаштоду навад буд ва нобовариро таҳким мебахшид. Пешвои миллат ин ҳолатҳоро ба эътибор гирифта, дурнамои пешрафти мутаносиби иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳамаи манотиқи Тоҷикистонро таъмин намуд, ки ин равиш яке аз ҳадафҳои волои стратегии сиёсати давлатӣ дар расидан ба ваҳдати воқеӣ ва созанда буд ва натиҷаҳои мусбат ҳам дод. Бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ яке аз василаҳои пайвастшавии манотиқи дурафтодаи кишвар бо марказ ва маҳаллоти дигар буд, ки қаробат ва ҳамдигаромезии қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷиконро ба беҳӣ тақвият бахшид. Душманони миллат тавонистанд миёни тоҷикони кӯҳистону водиҳо на фақат ҷудоии ҷуғрофиёӣ ба вуҷуд оваранд, балки ҳатто як навъ бегонаҳаросии беморгунаро нисбат ба ҳамнажодони дигар манотиқ воқеӣ созанд, ки ,мутаассифона, таъсири ин ҳодисаи шанеъ имрӯз низ дар зеҳнияти мардуми мо мушоҳида мешавад. М. Шакурӣ ин ҳодисаро яке аз омилҳои “ҳамбегонагиву ҳамбезорӣ” ва ҷанги бародаркуш дар охири қарни бист дониста, таъкид меварзад, ки “дурафтодагии ҷабрӣ ва ҷафодидагӣ на танҳо дар миёни миллат , ҳатто нисбат ба хешовандон бегонагӣ эҷод мекунад”.
Пешвои миллат бо иқдомҳои шоистаи ваҳдатофараш ҳамин гуна марзҳои вайронгарро тахриб кард ва роҳҳои иртиботии пайвандгарро ҳамчун василаи ваҳдатофар бунёд ниҳод, ки яке аз василаҳои ба ҳам наздикшави сокинони гӯшаҳои дурафтодаи кишвар ва қаробати ҳаме шагии онҳо мегардад. Бо иқдомҳои созандаи иҷтимоиву фарҳангӣ Пешвои миллат воқеан ҳам тавонист, ки барои ҳаммиллатонаш эҳсоси ҷовидонаи ошноӣ ва ҳамбастагиро шакл диҳад ва тадриҷан таҳким бахшад. Ин дасти тавонои ваҳдатофар ҳама шохобҳои рӯди эҳёгарро ба як маҷрои бузург равона сохт. Ин даст ҳамин давлати миллист, ки ваҳдати ҳамешагии миллатро ба дарозои замонҳо таъмин месозад.
Сайрам Бақозода,
номзади илми филологӣ