Замоне, ки Муҳаббати ҷавон бо неруи созандаву гомҳои устувор ба арсаи сиёсат ворид шуд, пойдории давлати шӯравӣ зери суол монда буду ҷомеаи гуногунмиллати онро хавфу хатари парокандагӣ таҳдид мекард.
Ӯ бо кӯлбори 10 - солаи таҷрибаи корӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи маънавиёти ноҳияи имрӯза Хуросон ноябри соли 1990 ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба тарғиботу ташвиқот таъйин гардид. Дар он шабу рӯз афкори бегонапарастӣ ва дигар равандҳои иртиҷоӣ афкори ҷомеаро фаро гирифта, суботу оромии ҷомеаро халалдор мекард. Дар он вазъияти ҳассоси сиёсӣ ба ҳайси муовини раиси ноҳия оид ба тарғиботу ташвиқот фаъолият доштани ҷинси латиф на танҳо масъулияти сангин, балки таҳдид ба ҷону хонумони бонувон дошт.
–Дар он давра қаламрави ноҳияи моро, ки дар ду шафати шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа воқеъ аст, водии марг меномиданд ва касе кафолати амнияти хизматчиёни давлатиро дода наметавонист, –ба хотир меорад он рӯзҳоро Муҳаббат Файзова. – Саробонии кӯдакони бепарастор мондаву тасаллият бахшидан ба волидони фарзандгумкарда як самти муҳими фаъолияти муовини раиси ноҳия маҳсуб меёфт. Ба замми нофаҳмиҳои зиёди сиёсӣ, қувваҳои пинҳонкоре буданд, ки неруҳои зеҳнӣ, аз зумраи донишмандону фаъолони маҳалҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомил намуда, ин афроди нуфузманди ҷомеаро бар зидди масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ мешӯронданд. Баъдан, фитна рӯи кор омаду ҷомеаро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт.
Новобаста ба шароити замону хатару таҳдидҳои силоҳбадастон Муҳаббат Файзова лаҳзае аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш фориғ нагашт. Фаъолияти ин зани фидокори майдони сиёсат дар замони нооромиҳо гувоҳӣ аз садоқат, ҷасорату иродатмандии бонувони тоҷик дар ҳифзи якпорчагии ватану сарзамини аҷдодӣ медод. Ба ин хотир, соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расида, дар доираи иҷрои он бори нахуст 9 нафар бонувони соҳибтаҷриба ба вазифаҳои раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбарӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббат Файзова раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин шуд.
Ӯ бо шукргузорӣ аз оромии кшвар бонувони дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолиятдоштаро насли хушбахту саодатманд мешуморад: «Масъулони соҳаи маънавиёти шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо нақшаи муайяни корӣ доранду сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат роҳнамову ҳидоятгари онҳост. Инро дар ду давраи фаъолияти кориам ба ҳайси муовини раиси ноҳия мушоҳида намудаам»,-иқрор меояд Муҳаббатбону. – Баъди аз бар намудани таҷрибаи роҳбарӣ ба ҳайси раиси ноҳияи А. Ҷомӣ ва мудири шуъбаи кадрҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон соли 2005 дуюмбора ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Хуросон таъйин гаштам.Тамоюли ҷаҳонишавӣ ва дигар равандҳои глобалии ҷаҳонӣ моро водор месохт, ки дорои илму донишҳои баланди сиёсӣ буда, аз тору пуди риштаи маънавиёт огаҳу баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва барномаҳои давлатӣ ҳамеша дар саъю талош бошем. Дар ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ ва эҳёи дубораи расму оинҳои миллӣ дар музофот, маҳз масъулони соҳаи маънавиёт саҳми муҳим мебозанд. Агар муовини идеологии раиси ноҳия шахси аз ҳар ҷиҳат озодаву намунаи ибрат бошад, мардум, хоса занону духтарон ба ӯ пайравӣ мекунанд. Занони роҳбар бо фарҳанги волои либоспӯшӣ, хоксорию муоширати хубу самимӣ, мунису ғамгусори ниёзмандон будан ва дигар хулқу атвори шоистаашон назди мардум иззату эътибор меёбанд.
Ба шарофати ҳамин хислатҳои накуву дигар зарфиятҳои сиёсиаш Муҳаббат эътимоди мардумро ба даст оварда, давоми фаъолияти хизматӣ чанд давра вакили мардумӣ дар маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва вилоят интихоб гардида буд. Ӯро аз зумраи кадрҳои шоистаи даврони истиқлолият меҳисобанд, ки то синни нафақа мансабҳои баланди роҳбариро ба уҳда дошт. Тӯли се соли охири фаъолияташ дар мақомоти давлатӣ раиси Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон буд. Соли 2015 ба нафақа баромад, аммо баъди чанд муддат ба ҳайси аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ҳамзамон дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз фанни этика ва эстетика дарс мегӯяд.
–Истиқлолияти давлатӣ, ки ба дарки моҳияту муқаддасоти он баъди Иҷлоссияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидем, ба халқи тоҷик ҳаёти наву файзу саодати беназир ато кард,- ҳароратангез иброз медорад Муҳаббат Файзова. – Ноҳияи мо аз марзи гузаргоҳ ба сарзамини сарсабзу овозадор табдил ёфта, бонувони хуросонӣ дар арсаҳои гуногун мақому ҷойгоҳи худро пайдо мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ орзуву омоли ҳазорсолаи ниёкони мо буд, ки дар масири он озодагони миллат муборизаву ҷонбозиҳои беназир нишон додаанд. Хушбахтона, дар асри 21 ливои соҳибистиқлолии давлатиро фарзанди фарзонаи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифта, халқи тоҷикро дар атрофи ғояи Ваҳдати миллӣ сарҷамъ сохт. Боиси ифтихори бузург аст, ки ба шарофати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мо, бонувон, низ бо гомҳои устувор дар сафи ҷонибдорону пайравони ин андешаи бузург парчамбардорем, – бо сарбаландию ифтихор иброз медорад Муҳаббат Файзова.
Ҷ. Усмон