Дар ҷавоб Рухсора Давлатзода аз бонувони роҳбаре, ки дар толор ҳузур доштанд, хоҳиш кард, ки аз ҷойҳояшон бархезанд. Мо, рӯзноманигорон, бо таҳайюр ба ин бонувони дастаи шаҳрдорбону менигаристем: Замира Дадоҷонова, раиси шаҳраки Палос, Гулнора Турдиева, мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, Таҳмина Раҳимова, мудири бахши фарҳанг, Наргис Машарифова, мудири бахши кор бо занон ва оила, Ҳафиза Пӯлодова,мудири шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, Мавлуда Қодирова, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сулҳия Ҳомид Аламзода, сардори нозироти андоз, Гулсара Темурова, сардори идораи нотариалӣ, Темурой Масаидова, раиси шӯрои мутобиқгардонии фаъолияти маҳаллаҳои шаҳр, Гулбаҳор Қурбонова, сарвари муассисаи давлатии ёрии аввалияи тиббию санитарии шаҳр, Мухбира Қобилова, раиси бахши идораи замини шаҳр, Мусаллама Қосимова, мудири бахши бойгонӣ… Махсусан, сарварии муҳимтарин сохторҳо – идораҳои андоз ва заминро роҳбарӣ кардани бонувони бустонӣ хурсандиовар буд. Ҳақ ба ҷониби устоди бузургвор -Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода аст, ки фармудаанд:
Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.
Чкаловск Бустон шуд
Шаҳри Бустон, ки то моҳи феврали соли 2016 Чкаловск номида мешуд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар басо шебу фарозҳо, гармию сардиҳо, шикастану пайвастанҳоро аз сар гузаронд. Мухтасар аз таърихи ин шаҳр ёдовар шуданро лозим донистем.
Соли 1946 шаҳраке буд дар назди комбинати кӯҳӣ-кимиёии Ленинобод бо номи Сотсгород - 6. Маҳз дар ин ҷо аз урани истихроҷшудаи маҳаллӣ нахустин реактори атомӣ ва нахустин бомбаи атомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуданд. Аз ин рӯ, шаҳрак мақоми махфӣ ва пӯшида дошт ва суроғаи почтавияш ҳам Ленинобод-30 ва Ленинобод-34 буд.
Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 10 августи соли 1956 ин шаҳрак ба шаҳри тобеи вилоятӣ табдил ёфт ва номи Чкаловскро гирифт. Аз 3 марти соли 2016 ба шаҳр номи Бустон дода шуд.
Азбаски шаҳр барои Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти фавқулода дошт, он хеле ободу зебо ва аз ҳама ҷиҳат таъмин буд ва воқеан шаҳри намунавӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо бо фурӯпошии давлати абарқудрати шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аз кор боз мондани комбинати шашум ва дигар корхонаҳои муҳим шаҳри Чкаловск муддате бесоҳиб монд ва 80 дарсади аҳолӣ, ки асосан русу русзабон буданд, онро тарк карданд. Биноҳою кӯчаҳо ва боғу хиёбонҳои замоне ободу хуррам рӯ ба харобию вайронӣ оварданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшидани кишвар ба тақдири ин шаҳр, ки дар шафати фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад ва дарвозаи ҳавоии шимоли мамлакат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Президент шахсиятҳои шоистаеро ба монанди Иброҳимов Иброҳим Сангинович (солҳои 1997–2003), Бобоев Собит Абдуллоевич (2003–2005), Абдуназаров Хисрав Насруллоевич (2005–2006), Бобоев Шавкат Бобораҷабович (2006 —2012)-ро раиси шаҳр таъйин карданд, ки ҳар кадом дар эҳё ва ободонии он саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Суханшинос раисӣ метавонад?
Вақте моҳи январи соли 2012 Пешвои миллат Рухсора Давлатзодаро раиси шаҳр таъйин карданд, баъзе касон мегуфтанд, ки дар ин вазифаи масъул кор кардани бонуе бо ихтисоси муаллимаи забону адабиёт кори намешуданист, як-ду сол кор мекунаду меравад. Аммо намедонистанд, ки Рухсора Давлатзода, ки зодаи деҳаи Рӯмон аст, баъди бо дипломи аъло хатм кардани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (соли 1994), устоди донишгоҳ шуд, соли 2006 номзади илм гардид ва солҳои 2008–2012 муовини раиси шаҳри Хуҷанд буда, маҳорати роҳбарӣ омӯхт.
Албатта, солҳои аввали роҳбарӣ барояш осон набуданд, аммо барои сазовори боварии Пешвои миллат гардидан, дар байни аҳолии шаҳр обрӯ ёфтан, тамоми донишу маҳорат ва неруяшро барои ҳалли мушкилот равона кард. Мушкилот кам набуданд: нарасидани барқ, оби нӯшокию полизӣ, кӯчаву пайроҳаҳои вайрона, бекорӣ, махсусан бекории занон. Аҳолӣ ҳам сол ба сол меафзуд, аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мардум ба ин шаҳр меомаданд ва алҳол дар шаҳр (ҳамроҳ бо шаҳраки Палос) беш аз 35 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад, ки назар ба замони шӯравӣ 10 ҳазор бештар аст ва дар сояи Ваҳдати миллӣ дӯстона кору зиндагӣ мекунанд.
Дусад гуфта чун ними кирдор нест…
Ҷамъбасти нимсолаи якум нишон медиҳад, ки роҳбарияти шаҳр дар самти дуруст равон аст. Чунончӣ, нақшаи даромадҳои умумии буҷети шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2017 ба андозаи 112,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 24 миллиону 220 ҳазор сомонӣ даромад ворид гардид. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 371 ҳазор сомонӣ ва воридоти он 4 миллиону 537 ҳазор сомонӣ афзудааст ва нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр 113,4 фоиз иҷро шудааст, яъне ба ҷои 12 миллиону 516 ҳазор сомонии нақшавӣ 14 миллиону 194 ҳазор сомонӣ андозу даромад ворид гардид, ки он нисбати нақшаи ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 172 ҳазор сомонӣ ва воридоти он 3 миллиону 631 ҳазор сомонӣ зиёд гардид, ки даромади барзиёдии буҷети маҳаллии шаҳр ба санаи 1 июли соли 2017 як миллиону 678 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар паси ин рақамҳои зоҳиран хушк заҳмати шабонарӯзии масъулони мақомоти ҳокимияти шаҳр меистад, зеро барои ҳалли мушкилот маблағи кофӣ нақши асосӣ дорад.
Шаҳрдорӣ солҳои охир ба ҳалли мушкилоти обрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Бо мақсади татбиқи барномаи вилоятии «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» дар нимсолаи аввал 18 чоҳи обкаши зеризаминӣ ва 5 обкаши кашиши дуюм хуб фаъолият доранд. Тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ айни замон 13 ҳазор метр лӯлаҳои обгузар ба полиэтиленӣ иваз карда, 46 адад бинои бисёрошёна ва 35 адад ҳавлӣ бо шоҳлӯлаҳои амалкунандаи полиэтиленӣ пайваст шуда, сифат ва дастрасии оби нӯшокӣ беҳтар гардид.
Ҷойи зикр аст, ки дар муддати чор сол дар қаламрави шаҳр зиёда аз 40 километр роҳу кӯчаҳо таъмир шуданд ва танҳо дар нимсолаи якум 16 километру 200 метр роҳ аз таъмири хушсифат бароварда шуд, ки ба 123, 3 фоизи иҷрои барнома баробар аст.
Таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барқарорсозии корхонаҳои пешина ва бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Моҳи марти соли равон дар шаҳр маркази таълимии атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ ва сехи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Алҳол дар ду маркази таълимию истеҳсолӣ 160 нафар бонувон машғули ҳунаромӯзӣ мебошанд.
Фоли неки даврони истиқлол
Аввалҳои моҳи майи соли равон дар шаҳри Бустон модари 22-сола Дилдора Обидова сегона - ду писар ва як духтар таваллуд кард, ки онҳоро Сомон, Раҳмон ва Малика ном гузоштанд. Ин бори нахуст буд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар Бустон модаре сегона ба дунё овард. Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба аёдати модари хушбахт ва тифлакони навзод рафту туҳфаҳо супурд. Баъдан дар маросими бахшида ба Рӯзи оила дар вазъияти тантанавӣ ба сегонаҳо зоднома супурда, изҳор намуд, ки таваллуди ин тифлони маъсум фоли неке аз ояндаи дурахшони Бустон аст ва мақомоти шаҳрдорӣ минбаъд низ модари хушбахт ва фарзандони ӯро ба ғамхориҳои хоса фаро мегирад.
Ҷӯёи СУҒДӢ