Инак, Тоҷикистони азизу биҳиштгуна идвораи бузург, ҷашни шодию нишот дорад, ки он 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатист.
Мардуми шукргузори Тоҷикистон ҳар нафас аз неъмати бебаҳои истиқлол, сулҳу суботу ваҳдати куллӣ нӯши ҷон кардан доранд, ки аз хостаҳою ормонҳои умдаи иҷтимоъ буда, мардуми аксари кишварҳо, ки дар меҳвари низоъҳо қарор доранд, аз ин накҳати ҷонбахш бенасибанд. Ин ҳама самари заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамчун сиёсатдони заковатманди донистакори дурандешу давлатмадори тадбирҷӯ дар арсаи ҷаҳон пазируфта шудааст.
Ба шарафи Истиқлолият ва тадбирҳои созандаю наҷиби Сарвари давлат тоҷикон тавонистаанд, ки масири зиндагии худро муайян созанд ва равобити хориҷии худро бар асоси манофеи миллии хеш ба танзим оранд.
Таҷлили ин ҷашни бошукӯҳи давлатӣ бо мақсади гиромидошти ин неъмати бузург аст, ки бори дигар рӯҳи истиқлолхоҳиро дар афкор ва шуури ҷомеа, бахусус дар ҷавонон таҳрик дода, ҳисси ифтихор ва масъулиятшиносиро бедор созад. То ин ҷавонони саодатёр тавонанд ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии кишвар бирасанд, ки каломи ҷонбахши Пешвои миллат низ бар тақвияти ин гуфтаҳост:
«Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастаанд, ки ин ҷараён то кунун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат босуръат идома дорад. Ба хотири арҷгузорию қадрдонӣ ба заҳматҳои мардуми ҳунарманду чирадаст ва муаррифии хиттаҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд, ки ин ташаббуси нек барои ҷалби бештари сайёҳону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди бахшҳои мавриди назар мусоидат карда, дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, бахусус бо шуғл фаро гирифтани бонувони тамоми минтақаҳои кишвар ба таври умдаю амиқ таъсиргузор омадааст. Меҳмонони бешумору дилогоҳи дохилу хориҷи кишвари мо бо ҳам аз корубору шеваи рӯзгор суҳбатҳои ҷонпарвару табодули афкор менамоянд. Дар ин ҷабҳаи ҳамгироию ҳамзистии осоишта, махсусан бонувони сарбаланди тоҷик беш аз дигарон саҳми бориз мегузоранд, зеро ҳосили хирмани ҳунари онҳо тамоми чорабиниву идвораҳоро рангу ҷозибаи дигар бахшида, таассуроту бардоштҳои судманде боқӣ мегузорад.
Воқеан, ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин асту дар ҷаҳон камназир, ки зеҳни нуктапардози худро ба ин ибтикор, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» равона намудааст, мебояд ихтисос дод. Ин ташаббусро ҳадаф ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаю мушкили дурнамои танқисӣ аз об мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар асоси сарфакорию тамоюл додани он ба рушду созандагӣ ҳарф мезананд, ки дар миёни ҷомеаи тараққипарвари дунё ҳамовозию пуштибонии гарму самимиро пайдо намудааст.
Тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ гомҳои устувор гузошта, бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кулли кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, ки то кунун барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ тамоюлҳои мусбат идома ёфта, нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.
Дар соҳаҳои гуногуни кишвар низ як қатор корҳои назаррас анҷом ёфта, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз корҳои зиёди ободониву созандагӣ бомаром идома доранд. Ва ҳоло, ки 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои орому осуда ва пешравиву созандагиҳо таҷлил менамоем, бо қалбҳои саршор аз фараҳ мегӯем, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳар яки шумо, ҳамдиёрони азиз, муборак бошад!
Шоҳона СУЛАЙМОН