- Муаллимаи азиз, лутфан иҷоза фармоед, бо истифода аз фурсат Шуморо ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон - солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ табрик бигӯем. Шумо солҳои тӯлонӣ дар низоми маориф ва мадори сиёсати Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ҳамчун роҳбар фаъолият кардаед ва, албатта, дар тӯли беш аз чаҳоряк аср дар фарозу фуруди рӯзгор бо ҳаводису рухдодҳои гуногун рӯ ба рӯ омадаед. Бинобар ин, мехостем бифаҳмем, ки дар ин фосилаи таърихии даврони истиқлол чӣ чизҳои муҳим дар хотиратон нақш бастаанд?
- Ташаккур! Истиқлоли Тоҷикистон, воқеан, неъмати бебаҳост. Дар он орзую омоли ҳазорсолаи мардуми шарифи кишвар нуҳуфтааст. Зеро аз даврони Сомониён то ибтидои солҳои навадуми асри бист мо соҳиби давлати миллӣ набудем. Истиқлол ҳувияти миллии моро ифода мекунад, ҳар шахси худогоҳу худшинос ва бедордилу ватандӯст арзиши онро медонад.
Ман сокини пойтахт - шаҳри зебои Душанбе мебошам ва шоҳиди чӣ гуна зина ба зина рушд кардану рангоранг гаштанаш ҳастам. Албатта, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ душвориҳои зиёдеро аз сар гузарондем, ҷанги шаҳрвандӣ, танқисиҳо, тарсу ҳарос, хавотир будан аз ояндаи фарзандон ва умуман ҳастиву ояндаи кишвару миллат мардумро ба ташвиш оварда буд. Он айём дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дарс медодам, бисёр аз ҳамкасбон тарки Ватан намуданд, дар бархе аз оилаҳо бадбахтиҳо рӯй доданд, фазои мамлакатро ноумедӣ ва номуайянӣ фаро гирифта буд. Ва мо имрӯз шукр аз он мекунем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир дар рушди кишвар, ба зиндагии осуда, сарҷамъии мардум, давлати пирии калонсолон, хушбахтии ҷавонон ва хандаи кӯдакон расидем. Ҳар сол, вақте дар арафаи ҷашни Истиқлол бо ташаббусу ибтикороти пайгиронаи Сардори давлат дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон садҳо иншооти таъйиноти маишиву маъмурӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, хотири ҳар шахси соҳибватан болида мегардад.
- Аз нигоҳи Шумо бонувони тоҷик тӯли ин солҳо ба чӣ орзуву омоли худ расиданд ва чӣ чизҳое ҳаст, ки имрӯз зан бояд талош бикунад, то ба он бирасад?
- Бонувони тоҷик хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба ин рӯз ба шарофати ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омоли худ расиданд. Яке аз санадҳои тақдирсоз барои бонувони мо ин ба имзо расидани Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки ҳанӯз соли 1999 ба имзо расида буд. Тӯли ин солҳо барои дастгирии занону духтарони тоҷик зиёда аз 20 санади муҳим ба тасвиб расид. Масъалаҳои марбут ба занон ва ҳаллу фасли онҳо дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, боиси хурсандист, ки ҳамеша аз тарафи Президенти мамлакат дастгирӣ шудаанд. Масалан, аз соли 1997 то ба имрӯз ҷудо намудани квотаҳо барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ин худ амали ояндасоз ҳисобида мешавад. Ба шарофати ин ғамхориҳо нисбат ба бонувон сафи занони фаъолу бофарҳанг зиёд шуду мешавад. Онҳо низ дар баробари мардон барои рушди Ватани азизамон заҳмат мекашанд. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баъзе аз модарон барои таҳсили духтаронашон монеъ шаванд, ҳоло мафкураи онҳо дигар шудааст. Чанд сол пеш дар Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо занони маҳаллӣ суҳбат мекардем, вақте сухан дар бораи таҳсили духтарон рафт, яке аз онҳо, ки соҳиби чанд духтар асту ҳоло фикраш дар бораи таҳсили онҳо дигар шудааст, даъват намуд, ки ҳатман бояд духтарон хонанд, босавод шуда, соҳиби касбу кор шаванд, ки ин яке аз сабабҳои пойдории оила мегардад.
- Муаллимаи азиз, имкон даст дод, ки дар яке аз вазифаҳои баланду калидии ҳукумат ба ҳайси муовини Сарвазири кишвар фаъолият намоед, дар ин сатҳ чӣ чизҳое барои Шумо омӯзанда буданд?
- Қабл аз он ки ба суоли Шумо посух гӯям, мехоҳам ба чанд нукта ишора кунам. Оилае, ки ман дар он ба дунё омадаму камол ёфтам, яке аз оилаҳои бофарҳангу маданӣ буд. Падару модарам дар тарбия ва таълими ман ва бародарону хоҳаронам масъулият ҳис мекарданд ва аълохон будан, интизоми намунавӣ доштанро аз мо тақозо менамуданд. Ҳамин гуна талабот маро водор месохт, ки нисбат ба худ сахтгир бошам. Ва он дар рӯзгори ояндаи ман, дар даврони донишҷӯӣ ва омӯзгориям нақши калидӣ дошт. Ҳамин талабот буд, ки дар ҷодаи душвори илм талош кардам ва дар натиҷаи ҳамин заҳамоти пайваста соҳиби унвони доктори илм, профессор гардидам. Баъдан, дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла ба ҳайси ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон адои вазифа кардам. Албатта, ҳамаи ин масъулияти баландро талаб мекард. Баъдан ба ҳайси муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи иҷтимоӣ фаъолият намуданам, беш аз пеш масъулиятамро дучанд сохт.
- Ба Шумо фаъолият кардан дар кадом самт бештар писанд буд, дар кадом вазифа худро озоду роҳаттар эҳсос мекардед?
- Бо сарбаландӣ зикр карда метавонам, ки ҳамаи вазифаҳои иҷрокарда барои ман азизанд, онҳо саҳифаҳои муайяни зиндагии маро ташкил мекунанд. Масалан, фаъолиятам ба сифати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ барои аз наздик шинос гардидан бо мардум, аз душвориҳои зиндагии онҳо бохабар шуда, дар рӯзҳои сахту лаҳзаҳои хурсандиашон ҳамроҳ будан замина гузошт. Мардумро гӯш карда ба мушкилашон расидагӣ карданро пешаи худ интихоб кардам. Аммо бемуҳобот изҳор менамоям, касби дӯстдоштатаринам омӯзгорӣ аст, ки 37 соли умрамро ба он бахшидаам. Ба донишҷӯён сабақ омӯхтан ва онҳоро тарбия намудан рисолати аслии зиндагии маро ташкил медиҳад.
- Барои мавриди эътирофи умум қарор гирифтан як мутахассис чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонад?
- Пеш аз ҳама, софдилонаю содиқона барои манфиати мардум хизмат намудан, дониш андӯхтан ва заҳмат кашидан, касби худро дӯст доштан ва дар рушди Ватан –Модар саҳм гузоштан, барои ташаккули шахсият ва ба дараҷаи мутахассиси варзида расидан заҳмат бикашад. Дар давоми фаъолиятам ҳамчун омӯзгор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон вазифаҳои ба дӯш доштаи худро серталабона иҷро менамудам. Ҳангоми адои вазифа ба ҳайси ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон роҳбарияти давлату Ҳукумат меҳнати маро қадр намуда, бо ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонда буданд.
Бо расидан ба синни нафақа низ худро фориғ аз корҳои сиёсӣ намебинам. Аъзои Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии - Демократии Тоҷикистон ҳастаму роҳбарии Шӯрои собиқадорони занони сулҳовари Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорам ва супоришҳои ироашударо сидқан иҷро менамоям. Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ба сифати профессори кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён машғулам. Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки ба шарофати касби дӯстдоштаам ҳамеша миёни ҷавонон ҳастам ва барои роҳи дурусти зиндагиро интихоб намуданашон роҳнамоияшон мекунам. Ба ҳайси як кадбону кору бори хонаро низ ба сомон мерасонам.
- Ба унвони як омӯзгор дар хусуси тарбияи дурусти фарзандон ба модарон чӣ маслиҳат медиҳед?
- Модарӣ рисолатест, ки барои иҷрои он на нақша ҳасту на вақту соати муайян, он ҳамешагист. Тарбияи фарзанд вазифаи асосии модарон аст. Модар бояд барои кӯдаки худ махзани розу ниёзу маслиҳат бошад. Боиси изтироб аст, ки солҳои охир модарон ин рисолати худро пурра иҷро наменамоянд, дар натиҷа фарзандон аз тарбия дур мондаанд, ба зиндагӣ омода нестанд, аз меҳру муҳаббат, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ дур афтодаанд. Ба фикрам, имрӯз вақте расидааст, ки ҷавононе, ки падару модар шудаанд, масъулияти худро дар тарбия намудани фарзандони худ дар назди ҷомеа хуб дарк намоянд.
- Дар зиндагӣ аз кадом кардаҳо сарафрозу аз кадом нокардаҳоятон афсӯс мехӯред?
- Дар зиндагӣ, албатта, амалҳои зиёде ҳастанд, ки бо ба анҷом расонданашон имрӯз худро хушбахт меҳисобам. Дар давоми солҳои фаъолиятам бо кори дӯстдоштаи худ – омӯзгорӣ машғул шуда, шогирдони зиёдро тарбия намудам, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон ва берун аз он фаъолият менамоянд. Ҳамчун вакили шаҳри Душанбе, бо дарди мардум ошно шуда, ба ҳалли мушкилашон расидагӣ кардаам, ба ҳайси вакили Парлумони кишвар боз имкониятҳо васеъ гардид, то бо эшон бештар ҳамроҳу ҳамнафас бошам. Ин амалҳо дар вазифаи муовини Сарвазир буданам бештар гардиданд. Ҳамчун олим дар рушди илми тоҷик саҳм гузошта, шогирдонро омода карда истодаам. Шояд шогирдонам дар ҷодаи илм зиёдтар мешуданд, агар ман танҳо дар донишгоҳ фаъолият менамудам. Ҳамчун модару модаркалон 3 фарзанду 5 набераамро тарбия намуда, бо шавҳарам, Шавкат Исмоилов, ки собиқ вазири адлия, профессор, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, инсони асилу марди ҳақиқианд ва дар тамоми иқдом дастгириам мекунанду мисли кӯҳе дар барам ҳастанд, наздики 40 сол аст ҳамрозу ҳамнафасем. Ман аз зиндагӣ розиам.
- Либосҳои шинаму зебое, ки ба бар мекунед, махсус ҷое фармоиш медиҳед ё аз мағозаву бозор харид менамоед?
- Қабл аз он, ки ба саволи Шумо посух гӯям, изҳор карданиям, ки таблиғоти либоси миллӣ ба ман хеле писанд аст ва ман аз ин амалҳо хеле розиам. Либоси миллӣ муаррифгари миллат аст, зеро дар урфи мардуми мо мақоле ҳаст: «Хонаю палос, одаму либос». Либоси миллӣ як ҷузъи таркибии фарҳанги мардуми тоҷик мебошад, бинобар ин ба бар кардани он барои занону духтарони мо иҷрои як рукни фарҳанг ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо баъзан дар кӯчаву хиёбонҳо занону духтаронеро мебинем, ки либосҳои ба фарҳанги мо бегонаро ба бар кардаанд. Ба онҳо маслиҳат медиҳам, ки зеби духтари тоҷик куртаи адрасу атлас, шоҳиву алоча ва чакан аст. Ман пӯшидани либоси миллӣ, хусусан атласу адрас ва чаканро хеле дӯст дорам. Либоси миллии маро як дӯзандаи хеле моҳиру ҳунарманд омода мекунад. Дар ҷои кор ҳамчун омӯзгор либоси расмии аврупоӣ мепӯшам, ки онҳоро аз мағозаҳо харид менамоям.
- Атри дӯстдоштаи Шумо?
- Атр аз ширкати фаронсавии «Shanel» аст, ки онро ба ман шавҳару фарзандонам туҳфа мекунанд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА