Ошёни ошнои оилавӣ барои фардони фарзонаи сиёсатпешаи давлатдор беҳтарин нуҳуфтгоҳ аст, ки дар он метавонанд як дамаке фориғ аз шӯру ғавғои дунёи пурошӯб нафас рост кунанд, рӯҳу равони хешро оромиш бахшанд, кӯфти кори сахту душворро дар ин гӯшаи барӣ аз дасисабарангезию риёкориҳо бароранд, ба шарте ки ҳамсари содиқу бовафо, оқилаву доно ва рамузфаҳму марҳами роз дошта бошанд. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар ин иртибот иқболаш баландӣ карду толеаш мадад ва сарнавишт ба тақдираш дар симои Меҳрубон ном париваши саропо ҳусну малоҳату дар илму маърифат беҳамтои парварда дар боғи як хонаводаи саршиноси зиёӣ ҳамсари ҳамнафаси ҳамақидаи ҳампаймони ҳамнабзи ҳамравони ҳамрозеро рақам зада будааст.
Илми муосир ду нуктаро кайҳо собит сохта, ки дар тарбияву парвариши инсон нақши муассиртаринро муҳити хонаводагӣ мегузорад ва истеъдоди фитрии нобиғаҳо аз насл ба насли як сулола бештар ба ҷиҳати ирсӣ тавассути духтарони оила интиқол меёбад. Ба фикри мо, маҳз ин ду омил Меҳрубонро ба дарёи бекарони донишандӯзӣ барангехт. Худ аз худ пайдосту маълум, ки дар муҳити хонаводагӣ ҷуз илму ҳунар ҳама арзишҳои дигар нақши ёридиҳанда, саҳеҳтараш нақши фаръӣ мебозанд. Дар овони бачагию наврасӣ Меҳрубон ба суҳбату гуфтугӯ ва мубодилаи афкор намудани на танҳо волидайнаш, балки меҳмонони қадрдони хонавода, ки сафи онро дидаварону соҳибназарони вақт ташкил медоданд, ҳушу гӯш мешуд. Дар ибтидо фаҳму фаросати ҳанӯз номукаммалаш на танҳо ба гиреҳкушоии масъалаҳои баҳсбарангези фалсафию ҳикматшиносӣ, ҳатто ба дарки содатарин нуктаҳои мавзӯи мавриди баррасии маҳфили меҳмони хонавода намерасид, вале то ҷои тавон истилоҳоту ибораҳо ва иқтибосу далелҳои дақиқу мухтасари бишнидаашро дар хотирааш ҳифз мекард. То ҳанӯз аз овони ширину бебадали бачагиҳо дар махзани ёдҳояш дарку диди борики илмӣ ва хислати неки волидайнаш, ки дар раванди мунозираҳои шадидтарин ҳам одоби муоширатро риоя менамуданду ба иззати нафси касе намерасиданд, боқӣ монда. Борҳо зимни суҳбатҳову нишастҳои маҳрамонаву баромадҳову суханрониҳояш дар маҷлису маҳфилҳои илмӣ, хонум Меҳрубон бо як ҷаҳон самимияту сипосгузорӣ иқрор омадааст, ки дар ташаккули ҳайсияту шахсияташ саҳми падару модараш ва баъдан, нақши ҳамсараш Илҳом, ки фарзанди сазовору идомабахши кору пайкори абармарди эътирофгардидаи сиёсию ходими бузурги давлатӣ Ҳайдар Алиев бувад, беҳад бузург аст.
Меҳрубон баъди бо медали тилло хатм кардани мактаби миёна соли 1982 баҳри тамдиди таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Озарбойҷон ба номи Н. Наримонов супурд. Ин даргоҳи илму донишро бо муваффақият чун хатм кард, дилаш зиёд мехост аз дарёи жарфтари дигаре ташнагӣ бишканад. Ин ҳавову ҳаваси ҳидоятгар ӯро то ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Маскав ба номи М. Сеченов овард. Кӯшишу талошҳои ҳамвора, иродаю азми қавияш ҳамчун раҳнаварди собитқадами роҳи беинтиҳои илму дониш ва ҳам зеҳнияти волояш, ақли расояш, ӯро на танҳо дар миёни доништалабони ҳамтояш, балки дар пеши роҳбарияту аҳли олимони ин даргоҳи муқаддас ангуштнамову муқаддас гардонд. Дар баробари дарёфти дипломи сурхи таҳсилоти олӣ бо пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ Меҳрубон Алиева ба пажӯҳишҳои илмӣ иқдом намуд. Шурӯъ аз соли 1988 то соли 1992-юми асри гузашта ӯ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии бемориҳои чашм таҳти роҳбарии табиб, академик Краснов фаъолияти илмӣ анҷом дод. Омӯзишу пажӯҳишҳо дар ин муассиса, махсусан сабақҳои устодаш Краснов малакаю таҷрибаашро сайқал доду эътимодашро ба қобилияти худаш афзуд. Ин аст, ки бонуи дилбохтаи донишу маърифат ба навиштани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Эвтаназия ва масъалаи инсондӯстӣ дар тиб» сар кард. Рисолаи илмиашро дар фосилаи зиёде чун навишт, онро на дар Маскаву на дар Боку, балки соли 2005 дар пойтахти Англия шаҳри Лондон ҳимоя кард, то ҳангомахоҳону каҷандешон нагӯянд, ки бо мусоидати шавҳари соҳибмансабаш унвони номзади илмро дар риштаи фалсафа дарёфтааст. То навишта кардани кори илмӣ ва дар ҷараёни анҷом додани корҳои тадқиқотӣ Меҳрубон Алиева ташаббусу корҳои наҷибе низ аз худ нишон медод. Таъсиси Хазинаи хайриявии «Дӯстони фарҳанги Озарбойҷон» дар соли 1995 ва баъди як соли дигар аз ҷониби ӯ бунёд гузоштани маҷаллаи «Мероси Озарбойҷон» далели муътамадест ба гуфтаҳои боло. Зимнан, нашрияи мазкур бо забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ бо сифати аъло ба табъ мерасад ва дар миёни роғибони фарҳангу ҳунари ин кишвар маҳбубияти хос дорад. Соли 2002 Меҳрубон президенти Федератсияи гимнастикаи Озарбойҷон ва баъдтар президенти Фонди Ҳайдар Алиев интихоб гардид. Хидматҳои бедареғаш ба нафъи халқ аз назари мардум пинҳон намонд. Маҳз бо назардошти фаъолияти пурсамараш дар ҷабҳаҳои мухталиф ва ҳамчун узви фаъоли Ҳизби Озарбойҷони Нав ӯро соли 2005 ба мақоми вакили Маҷлиси Олии мамлакат арзанда донистанд. Моҳи феврали ҳамон сол ӯ бо фармони президенти мамлакат ноиби аввали раиси ҷумҳур таъйин гардид, ки ин рӯйдоди сиёсиро тамоми қишрҳои ҷомеаи Озарбойҷон бо камоли хушнудӣ пазируфтанд, чаро ки то кадом андоза ба миллату меҳани худ содиқу вафодор будани ин бонуро медонистанд. Бо кору пайкораш борҳо собит сохтааст, ки ба тақдири имрӯзу фардои миллат бетафовут нест. Меҳрубон Алиева бонуи дар сиёсату корҳои давлатӣ муваффақ асту муҷалло ва борҳо бо ибрати худ ҳукми «Сиёсат дар Шарқ кори занҳо нест»-ро рад намудааст. Ба иқрори ӯ ба ин мақоми баланди давлатдорӣ сазовор шумурдани ӯ ташаббуси бевоситаи президент буд.
- Чаро ки солиёни зиёд ман на танҳо чун ҳамсар, балки ба ҳайси ҳамсафу ҳаммаслаку ҳамақидааш худро нишон додаам ва маҳз бад-ин асос ӯ дар симои ман як дӯсти вафодори худро пайдо кард. Вале қарори мазкур то ба тасвиб расидан муколамаву мунозира ва суҳбату баррасиҳои тӯлониро ба таркиб дошт. Борҳо гуфтамаш, ки аз уҳдаи ифои ин вазифаи гарону пурмасъулият намебароям? Вале сарвари давлат маро қаноат дод, ки ин кор бароят бегона нест, зеро тайи фаъолияти хеш дар зинаҳои гуногун бо мушкили мардум аз наздик ошно ҳастӣ. Зимнан, ҳамчун ноиби аввали президент бар дӯши ман ҳаллу фасли масоилу мушкили иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, -мегӯяд ин бонуи муваффақ.
Меҳрубон Алиева дар баробари ин ҳама масъулияти давлатӣ ҳамчун модар ва кадбонуи хонадон аз иҷрои корҳои рӯзгори хонаводагӣ худро канор намегирад. Ба иқрори ӯ ба гоҳи пухтупаз дар муҳити хонавода баҳри дилаш мекушояд, фориғу фароҳам аз одаму олам ҷону танаш осоиш мебинад. Баъзеҳо то ҳанӯз ин вазифаро зебандаи ӯ намешуморанд.
- Ман фикри интиқодиро қабул дорам, агар он созандаю солим бошаду беғаразона ва ба нафъи ватан ба кор ояд, на ки гирди мансабу вазифаи ман сару садоҳою чуну чароҳои пучро барангезад,- мулоҳизаашро баён мекунад Меҳрубон Алиева.
Ҳақ ба ҷониби бонуи аввали Озарбойҷон аст, ки барояш Офаридгори пок ақли расо, донишу маърифати воло ва сурату сирати зеборо ато фармудааст. Дар бораи ҳусну малоҳати ӯ дар аксар нашрияҳо мақолаю матлабҳо ва суратҳои зиёде ба табъ расидаанд. Ин аст, ки ибораи «Маликаи дилҳо» афрӯзаи исми мубораки ӯст. Меҳрубон Алиева бовуҷуди барандаи унвону ҷоизаҳои ифтихории дохилию байналмилалие амсоли «Каспиан Энержи», «Интегратион Авард», «Ситораҳои Иттиҳод», «Дили тиллоӣ», профессори фахрии Донишгоҳи тиббии ба номи М. Сеченов бо ниҳояти хоксорию фурӯтанӣ хешро як бонуи заминии парвардаи обу хоки Озарбойҷони озарафшон мешуморад.
«Бонувони Тоҷикистон»