Ноҳия бо ҷойгиршавӣ ва мавқеи ҷуғрофии худ аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Ин ноҳияро ҳанӯз замони шӯравӣ барои тарҳи зебо ва хубу замонавӣ доштанаш намунавӣ ном мебурданд. Ин мақом аслан, ба архитектура ва тарҳу сохти шаҳрсозиаш дахл дошт. Вале сокинонаш бо мурури замон, қариб дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ намунавӣ шуданд. Аз ҳама бештар, дар ҷабҳаи заҳмати бунёдкорона. Аввалин Қаҳрамони МеҳнатиСотсиалистӣ аз шумори механизаторони пахтачин дар ҷумҳурӣ Шариф Туробов буд. Вай бо комбайн дар як мавсим беш аз 300 тонна пахта ғундошта ба ин унвони олӣ соҳиб шуд.
Дар ҷабҳаҳои дигар низ касони номдор зиёд буданд. Самад Фаттоев, маорифчии аршад, таълиму тарбияро дар мактаб – интернати «Саричашма», ки он ҷо сарвар буд, тарзе ба роҳ монд, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Муддати роҳбарии ӯ дар ин дабистон ҳама хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ дохил мешуданд. Чунин нишондод дар ягон мактаби дигари собиқ шӯравӣ набуд.
Дар соҳаи фарҳангу ҳунар низ дастовардҳо беҳтарин буданд. Мактаби эҷодии устод Одина Ҳошимов ҳамон аём ба вуҷуд омад ва беҳтарин санъаткоронро аз зумраи Мирзоватан Миров, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчеҳра Содиқова, Достӣ Орзуев, Абдусалом Раҳимов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Озодамо Муҳтарамова, Шокири Қодир, Сайбухорӣ Маҷидов ва боз даҳҳо нафари дигарро ба майдони ҳунар овард. Ин ноҳия ҳамеша дар «Бӯстон» -ҳо ва «Андалеб» - ҳо дар ҷои аввал қарор дошт.
– Имрӯз мардуми шуҳратманди ноҳия эстафетаи гузаштагони худро то куҷо идома медиҳанд?
– Дуруду сипос шуморо барои ин суханҳои самимӣ, ки аз шуҳрату шон ва гузаштаи пурифтихори ноҳияи мо ёдовар шудед. Вале зимнан, изҳор медорам, ки мардуми мо на танҳо ин анъанаҳои неки гузаштагони худро нигоҳ медоранд, балки аз пештара бештар дар ҳама ҷабҳаҳои рӯзгор сарбаландона заҳмат мекашанд. Мо воқеан хотираҳои неке аз рӯзгори гузашта дорем. Онҳоро пос медорем, меомӯзем ва ифтихор мекунему дар зиндагиамон татбиқ менамоем. Аз он ки бо амри қисмат боз соҳиби неъмати бебаҳо, истиқлолият гаштем ва ба озодии комил расидем, меболем ва шукрона мекунем. Воқеан, истиқлолият волотарин неъмат аст. Имрӯз мардуми мо чи будани озодӣ ва истиқлолро хуб фаҳмиданд, ки ин неъмат чи нашъае дорад. Ҳоло бо вуҷуди он ки дар замони гузариш қарор дорем ва мушкилиҳои зиёде моро домангиранд, мардум садоқатмандона ва аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Эҳсос мешавад, ки зиндагӣ тадриҷан беҳбуд меёбаду дастархони мардум ғанӣ мегардад. Аз ҳама муҳим, мардум ба оянда бо назари нек менигаранд.
–Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ, ки Шумо замони гузаришаш ном бурдед, занон чӣ мақомеро ишғол менамоянд?
–Занҳо дар ҳама ҷабҳаҳо баробари мардон фаъолият доранд. Имрӯз наметавон соҳаеро пайдо кард, ки занон дар он саҳмгузор набошанд. Аз шумори вакилони ноҳиявӣ 10 ҷой ва аз вилоятӣ, ки ду ҷой аст, як ҷояшро занон дар даст доранд. Ҳоло бештар аз 400 нафари онҳо бевосита ба соҳибкорӣ машғуланд. Наздики 40 нафар дар вазифаҳои директор ва муовинони директори мактабҳо фаъолият доранд. Дар соҳаи аз ҳама мушкили хоҷагии халқ - кишоварзӣ низ занон саҳми муносиб мегузоранд. Айни замон сарварии бештар аз 2300 хоҷагии деҳқониро онҳо ба уҳда доранд.
– Яъне 2300 нафар зан сарвари хоҷагии деҳқонӣ аст. Ба андешаи Шумо фаъолият дар кишоварзӣ барои занон вазнин нест?
–Зиндагӣ майдони мубориза ва талошҳост. Ҳама гуна кор мушкилиҳои худро дорад. Кори деҳқонӣ, албатта, вазнин аст, вале кас азму талош намояд, ҳама мушкилӣ саҳл мегардад. Вақте ки кас аз маҳсули заҳмати худ баҳраманд мегардад, ҳама гуна мушкилӣ фаромӯш мешавад. Ҳоло тарбузеро, ки деҳқонони мо аз зери плёнка мерӯёнанд, ҳамаро ба ҳайрат овардааст. Даромади хуб ҳам медиҳад. Даромад, ки хуб бошад, мушкилӣ саҳл мегардад. Ин тарбузҳоро пештар аз минтақаҳои гарм, аз Ӯзбекистон меоварданд. Ҳоло як деҳқони одии мо аз уҳдаи ин кор мебарояд. Соли гузашта аз ҳар га то 300 – 350 сентнер ҳосил бардоштем. Имсол ният дорем, ки ҳосили тарбузро ба 16 ҳазор тонна расонем. Пахтакорӣ ҳам равнақи нав пайдо кардааст. Онро минбаъд дар дохили худи ҷумҳурӣ харид менамоянд. Боғпарварӣ бо усулҳои навтарин самари хуб медиҳад. Сабзавоткорӣ ҳам рушд кардааст.
– То ҷое ман медонам, дар ноҳия корхонаи калони консервбарорӣ фаъол буд, ки дар он занони зиёд кор мекарданд. Имрӯз вазъи ин корхона чӣ гуна аст?
–Ин коргоҳ холо ҳам фаъол аст, вале иқтидори пештараро надорад. Зеро дар гузашта аз ҳама навоҳии минтақа ба ин ҷо маҳсулот меоварданд. Ҳоло ки коргоҳҳои хурд пайдо шудаанд, зарурати ба ин ҷо овардани маҳсулот намондааст. Бо вуҷуди ин 25 – 30 нафар занон дар он машғуланд.
– Ҳунарҳои мардумӣ миёни занони ноҳия то куҷо равнақ пайдо кардааст?
–Агар ҳамин даҳ соли ахирро солҳои равнақи ҳунарҳои мардумӣ гӯем, хатое намешавад. Дар ин давра бофандагию дӯзандагӣ хеле зиёд рушд кард. Ҳунари чакандӯзӣ бошад, ба пуррагӣ эҳё гашт. Ҳоло қариб дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти мо (8 - то) сехҳои дӯзандагию бофандагӣ фаъолият менамоянд. Ба ин васила занону духтарони зиёдеро ба корҳои манфиатнок ҷалб намудем. Дар чорабинии «Наврӯзи Хатлон», ки дар ноҳияи Фархор баргузор гардид, беш аз 500 нафар гулдухтарони мо ширкат варзида, бо либосҳои чакани дӯхтаи худ баромад карданд ва ҳамаро мафтун намуданд. Садбарг Аҳмадова дар озмуни вилоятии тарроҳон барои пешниҳоди тарҳои беҳтаринаш сазовори ҷои аввал гардида, унвони «Тарроҳи беҳтарин» - ро соҳиб шуд.
Ҳоло дар мактабҳои мо тавассути дарсҳои меҳнат ҳунарҳои мардумӣ омӯзонда мешаванд, ки ин самараи нек дода истодааст.
– Дар хусуси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ андеша доред?
– Дар ин даҳ сол, агар ин қонун ба буҷети оилаҳои мардуми тоҷик беш аз 19 миллиард сомонӣ фоида оварда бошад, боз ҳамин миқдори дигар фоидаи маънавӣ овардааст. Ҳоло мардум дар бораи тағйирот ба ин қонун пешниҳодҳои ҷолиб карда истодаанд. Месазад, ки боз ҳам ин расму оинҳоро сода гардонем ва хароҷотро камтар намоем. Мо бо як гурӯҳи махсус наздики ду моҳ деҳа ба деҳа рафта, бо мардум суҳбати рӯ ба рӯ намудем. Мардум бедор шудаанд ва дигар исрофкориро намепазиранд. Ҳоло дар ноҳияи мо як раванди даст кашидан аз густурдани дастархони пурдабдаба ва хариди қандҳои қиматбаҳо ба вуҷуд омадааст.
– Мактаби варзишии ноҳия дар гузашта аз беҳтарин мактабҳои варзишии минтақа буд. Имрӯз ҳолати варзиш дар ноҳия чӣ гуна аст? Дар хусуси ҷалби духтарон ба варзиш чанд сухан мегуфтед.
– Ҳолати муассисаҳои варзишии мо бад нест. Мактаби варзишӣ шуҳраташро аз даст надодааст. Мо дар соҳаи варзиш комёбиҳои зиёд дорем. Духтарони мо низ дар варзиш хеле пешсафанд. Агар гӯем, ки онҳо аз ҷавонмардон ҳеҷ камие надоранд, муболиға намешавад. Ҳоло дастаи чавгонбоздухтарони мо дар вилоят аз ҳама пуриқтидор аст. Дастаи духтаронаи теквандочиён дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори медали тилло шуданд. Ҳоло номи теквандочиён - Нозанин Бобоева ва Шоира Одинаева ба ҳама маълум аст. Шоира алъон ин ҳунарро ба дигарон меомӯзонад ва худ зери роҳбарии устодаш Тоҳир Мирзоев тамрин мекунад. Ӯ соҳиби ду медали тилло аз мусобиқаҳои байналмилалист.
Дар деҳот низ варзиш хеле рушд кардааст. Ҷавонон пайваста ба футбол, волейбол, гуштингирӣ, чавгонбозӣ ва намудҳои дигари варзиш шуғл меварзанд, ки ин на танҳо ба саломатӣ, балки ба боло рафтани маданияту рафтори онҳо мусоидат мекунад.
Алимуҳаммад Ҳабибуллопур