Занонро дар ҷамъи тамаддунҳои таърихию ривояту гуфтору достонҳо рамзи меҳрубонию дилсӯзӣ, омурзишу ниёиш, раҳму шафқат, покию адолат, бақои одамият ва лутфу марҳамати Илоҳӣ таҷаллӣ медоданду медиҳанд. Модарону хоҳарони мо зоянда, парваришгар ва идомабахши ҳаётанд. Аммо дареғ аз ин ки, ҷаҳони муосири моломоли садҳо мушкил ба сари модарону хоҳарони дилсӯзи сайёра дардҳову доғҳо меоварад, онҳоро сарсону саргардони кӯи ғарибиву дастнигарӣ мегардонад ва намегузорад ки дар диёри худ роҳату фароҳам зиндагӣ намоянд. Шукру сипоси беҳад Сарвари бихради давлати моро, ки дар сояи марҳаматаш модарону хоҳарони мо на дасти камро мебинанду на ғурбату ғамрову на чашми намро. Дар ақсои олам кам нест шумораи бонувони муваффақе, ки ба рӯзгори хоҳарону модарони мо бо ҳусни ифтихор назар мекунанд. Ин зумра занҳо аз табори одамони муборизанду ҳақҷӯ, созандаву бунёдгар, ки дар талошу такопӯанд, то аз худ иродаи неки ҳамкорию ҳамҷаворӣ дар нисбати ҳамтоёни тоҷикистонии худ нишон диҳанд, ки дар авзои ноустувори ҷаҳонишавӣ арзиши саҳлу андак нест. Бад-ин манзур дар ин ниятем, то аз рӯзгори бонувони муборизу муваффақи кишварҳое амсоли Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Эрон, Афғонистон ва соири кишварҳои дигари хушбин ба мамлакати мо дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо масъулин матлаби омӯзанда ба чоп расонем. Дар мавриди худ маводро аз рӯзгори бонувони Тоҷикистон дар саҳифаи нашрияҳои бонуфузи ин кишварҳо дидан мехоҳем.
Мавод бояд фарогири ҷиҳату ҷанбаҳои рӯзгори адиба, олим, донишманд, ҳунарманду ҳунарпеша, сиёсатдону давлатдор, варзишгару муаллимаҳо, хабарнигору кишоварз, бонувони қатории рӯзгорозмудаю дигар занҳои наҷибро фарогир бошад.
Ба сифати сарунвон ё чун шиор метавон ин нуктаи пандомӯзи Фирдавсии Тӯсиро пазируфт: «Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр…».То дар ин замина тавонем дар мубодила ба ҳам қаринтар гардида, бо тамаркуз додани неруи созанда ва бунёдкоронаи ҳамдигар ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ хидматҳои созандаеро анҷом бидиҳем. Зеро занҳо дили бузург, шараф ва мақому мартабаи модарū доранду ҳарфу ҳиҷояшон, дили дардошнояшон марзшикан асту муассиру мусаххаркунанда. Ҳамзамон, чун дугонаҳо ё фарзандони тавъами модари замона дар ҳалли мушкилот муттакою мададгори ҳам бошем. На ки як худу фарзандону ватанамонро, балки дунёро аз кинаву кудурату хушунат ҳифз намоем. Мардуми мо робитаи қавии таърихū бо аксар кишварҳои ҳамҷавору ҳамтабори худро дорад.
Бо мардуми Афғонистон, ки ҳамзабон ва аз як таборем, ҳеҷ гоҳ ҷудо набудем. Авзои номусоиду номувофиқи таҳмилии сиёсӣ, ки ҷангҳои тӯлониро дар пай овард, на танҳо иқтисод ва иҷтимоъро хароб кард, балки фоҷиаи равонū ва рӯҳонии нигаронкунандаро барангехт.
Дар ин гирудорҳо бонуи Афғонистон чū ҳол дорад? Оё дастгириҳои рӯякию сариостинū ба дардаш мехӯранд?Давои дили дардмандашро метавон ташхис кард?
Даврони навин бозкунандаи ҳолати бонуи эронист. Зиндагиномаи овозхони муосири мумтоз Гугуш ва барандаи ҷоизаи байналмилалū Ҳило Сиддиқū бароямон рӯшан аст. Эшон чӣ сарнавишт доранд ва занони коршиносу сарнишин ва пазандаву дӯзандаи эронū чū? Бо мардуми Ӯзбекистон решапайвандем. Миллати тоҷикро аз ӯзбек наметавон ҷудо кард. Асрҳои тӯлонист ғамшарикему аз шодиву нишоти ҳам бархӯрдор.Оину анъанаи ин ду мардум ҳамсонанд ва тақдирашон ба ҳам печида. Аз рӯзгори навини эшон матлаб тақозо мекунем. Ва рӯзгори занони тоҷикро чун суфраи мудом кушода барои маҷаллаи «Саодат» пешниҳод хоҳем кард.
Русия низ барои мо бегона нест. Бурду бохтамон тақрибан дар ҳудуди як қарн баробар буд. Дилдонаҳои модари тоҷик, ҷигарбандонашон дар хоки паҳновари он пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонии мудҳиш нарустанд ва абадū зери хоканд. Вале замони нав бароямон имконоти тоза медиҳад, ки неруи ақлониву бозуи муҳоҷирони тоҷик барои ободū нигаронда шавад. Бонувони хушлиқои Русияро мебояд ба муҳоҷирони тоҷик чун ба фарзандони инсон муносибат кунанд. Аз рӯзгори эшон нашри матлаби нек дар Тоҷикистон ва орзуву ормони модари тоҷик дар ВАО-и Русия ба манфиати ду кишвар аст.
«Бонувони Тоҷикистон» на танҳо аз манофеи умдаи меҳану миллати худ мекунад ин корро, балки чунин муносибатро аз кишварҳои ҳамсоя ва шарикони сиёсиаш низ умед дорад. Биёед меҳру муҳаббати бонувону модаронро барои ҳамраъйū ва ҳамкорū истифода кунем. Мо, занҳо, то даме, ки ҳамдилу ҳамнавоем, некию дӯстӣ пирӯз хоҳанд буд, чаро ки сухани модарро ягон фарзанди солим ва солеҳ ба замин намемонад.
Шоҳона СУЛАЙМОН