Оҳ, чӣ даҳшате буд, он солҳо. Тоҷик, новобаста аз минтақа, сарсону саргардон, дар пайи як бурда нону сарпаноҳ худро ба ҳар кӯйу дар мезад. Чун ба хонаи бародар мерафт, дар во буду худи ӯ аз тири ноҳақе кушта, табассум дар лаб, ҷон ба Ҷаббор супурда. Ӯ хуб эҳсос мекард, ки азизе ба суроғаш ҳатман меояд, аз ин рӯ, табассум дар лаб дошт, бо сад ормон. Ба хонаи хоҳар мерафт, ӯро зору ҳақир ва таҳқирдида меёфт, ба хонаи хеш сар мезад, дари дӯст мерафт, дӯст дар пайи ҳимояи фарзандони хеш сарсон буд, умед аз замину само канда, дар биёбони сӯхта ва хонаҳои валангоре, ки онро Ватан мегуфт, зору ҳайрон даст ба сар бурда, зор-зор гиря мекард. Охир, чанд вақт пеш ин мулк биҳиштӣ буду мардумаш шоду сарбаланд. «Эй Офаридгор, чӣ гуноҳе аз мо гузашт? Ин балоро чаро ба сари мардуме овардӣ, ки дар ягон давру замон камон ба даст ба мулке чашми тамаъ надоштанд»,- гӯён хок бар сар мекарду мегирист. Эй Худо, эй Худо, эй Худо…
Фарзанд дар суроғи падар худро ба ҳар кӯҳу дара мезаду падаре дар пайи суроғи фарзанд пойи пиёда талу теппаҳоро тай намуда, садҳо фарсах роҳ мерафт, ки кош фарзандашро зинда дарёбад, агар зинда пайдо накард, ҳеҷ набошад, бо дастони худ ба хок супорад, то хотираш ҷамъ шавад, ки мабодо ҷигарбандаш ё азизаш, дӯсташ, ё ҳамсояаш туъмаи сагони гурусна дар ин сармои зимистон нагардад. Падар ё писар, духтар ё бародар, аммаву амаку тағою хешу табору ҳамсояҳо аз рӯйи имконияти доштаашон дар миён суфи сафед баста, ба суроғи азизони дил, аз чашми нобакорон паноҳ ба роҳ мебаромаданд.
Шаб. Душмани нобакору хунхор дари хонаеро тирборон намуда, мехост зану фарзанди ин хонаводаро гирифтори зулми беақлонаи худ намояд ва марди хонаро дар назди зану фарзандон бо сад ҷаҳолат ба қатл расонад. Аз ин даҳшат ҳамсояҳо хабардор шуда, ҳама сарҷамъ роҳи гурезро пеш мегиранд, аз ҷумла соҳиби хонае, ки нобакорон пушти дараш истода буданд. Ягона роҳи наҷот дар он тирагиҳои шаб, роҳ ба сӯи марзи Афғонистон буд.
Ғалоғулаи мардум, садои гиряи онҳо гӯё ба гӯши касе намерасид. Ҳама сарсону саргардон. Яке бо кӯлбори пур аз нон, дигаре бо либосҳои сабуки хонагӣ, сеюмин бо гаҳвораи тифл роҳ ба сӯи дарёи Панҷ гирифта буданд. Марз убур шуда, тоҷикон ба сарзамини ҳамсоя аз ҷабри нобакорону ҳасудхӯрони ин миллат паноҳ ҷустанд. Як қисми мардум ба дарё ғарқ шуда буд, қисми дигар аз хунукӣ ва гуруснагӣ дар роҳ ҳалок шуда, қисме бо сад ранҷу азоб худро то манзили дӯст расонда буд.
Ҳама азизони дил ва фарзандонашонро суроғ мекарданд. Садои гӯшхароши зане мардуми аз гуруснагӣ ва сармои зимистон ях бастаро боз ба худ овард. Чӣ даҳшате? Зан аз тарси нобакорон фарзанди 3-солаи худро гирифта, рӯ ба гурез дошт. Шоҳидон мегуфтанд, ки мард аз сармои зимистон дар дарё шино карда натавониста ғарқ гаштааст. Зан умед дошт, ки гаҳвораро марди хона бо худ гирифтааст, мард умед дошт, ки тифлонро модар бо худ бурдааст…
-Садои гиряи занон ва ҳуқ-ҳуқи гиряи мардон дар пушти симхорҳои сарҳад то қиёмат бар гӯшам ово медиҳанд, - мегӯяд як нафар шоҳиди ин ҳодисаҳо. Ҳар рӯз чанд нафар гуреза дар ғарибӣ, дур аз Ватан, бо сад ҳасрат дар дил мемурд. Дар ин сарзамин мазори ғарибон аз ҳисоби мардуми саргардону парешон ва зору ҳайронмондаи тоҷик тавлид шуд. Бале, бале хонандаи азизу гиромии ман. Дар Афғонистон садҳо ҳамватанони мо манзили охират барпо карда, ҷовидона мисли ниёгони худ дар давраҳои тақсимоти табарӣ, дур аз манзил ва макони хеш монда, қисме бо ҳазор ормон дар дил мурдаву қисме зинда монд.
Бо умеди дидор, оромии мулки биҳиштӣ, рӯ ба сӯи осмон мекарданд:
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун.
Ин садо бар гӯши шунавою муҳаббатофари само расид, ки офтоб бо рӯшноии оламгираш ба ин мардуми заҳматкашидаву ғамзадаи фозилу хирадманд, аз тухмаи ҳамон бузургмарде, ки давлат офариду ҳанӯз ин миллату ин фарҳангу забонро дар асри 9–10 ҷаҳонӣ карда буд, фарзона мардеро амр кард, то аз пайи ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизаш бошад.
Аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Туркманистон музокироти тӯлонӣ ба хотири оромиву амонӣ дар Тоҷикистон идома ёфта, он бо хирадмандӣ ва заковати хоси доштаи Президенти ҷавону хирадманди тоҷик ба имзо расид, ки зиёда аз 40 ҳуҷҷати барои миллат хеле муҳим ба ҳисоб мерафт. Яке аз онҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд.
Ҳарчанд рӯзҳои ба имзорасии Созишнома гарм буд, он гармӣ аз муҳаббату самимияти тоҷиконаи мардуми шариф зиёдтар мешуд. Мардум бо даъвати Пешвои маҳбуби миллат ба Ватан бармегаштанд.
Арӯси хонавода, ки фикр дошт фарзанди дар гаҳворабударо шавҳараш, яъне падари тифл ба он соҳили мурод бурдааст, чун ба хона омад, чашмаш ба он афтод, ки пур аз чангу хок дар байни ҳуҷраҳои сӯхтаву валангор истодааст. Худро ба сари гаҳвораи тифли якуним сол қабл дар гаҳвора бастааш зад. Ҳуш аз сараш рафтаву девона шуда буд. Касеро ба гаҳвора наздик рафтан намемонд ва бо тифли дар гаҳвора аз гуруснагӣ ва ташнагӣ фавтидааш суҳбат мекард, ба ӯ суруди алла мехонд, болои гаҳвораро мепӯшонд. Аз пай кори рӯзгор мерафт, бо худ гап мезад, боз ба сари гаҳвора менишасту алла мегуфт. Девона шуда буд аз ҳоли дар гаҳворадоштаи фарзандаш арӯси хона.
Бистсола аст фарзанди мо, ки Ваҳдат ном дораду боз мисли ҳазорсолаҳои гузаштаи ниёгон мардумро ба ҳам оварда, аз хайру хайрият, амониву ободии сарзамини ниёгони барӯманду сулҳофараш меболад.
Охир, таърих гувоҳ аст, ки ба сари миллати барӯманду арҷманди тоҷик чӣ қадар тохтутозҳои шадид аз ҷониби душманони ин сарзамину миллат омадааст. Душман ба покизагии ин диёр, ба сарзамини биҳиштосои мо, ба мардуми хирадманду закӣ, ба забону фарҳанги оламгири мо аз рӯзи азал ҳасад дошт ва гумон мекард, ки ин миллат дар тӯли қарнҳо ғурури худро шикастааст. Шояд бо ин роҳ мо метавонем миёни як миллати китобдору фарҳангиро бишканем ва соҳиби хонаҳои ободу сарзамини саршор аз муҳаббату самимияти якдигардоштаро аз худ намоем ва билохира соҳиби Ватан бошем. Хушбахтона, ин ғурур ва ин ифтихору худшиносӣ ва ин муҳаббату самимияти ба Ватан-Модар доштаи моро наметавонад миллати дигаре соҳиб шавад, тоҷик боз соҳибватан мондаасту дар шарёнҳояш хунаш хуни ниёгони бузургро дорад, ки он аз вафову садоқат ва дӯстдорӣ ба Ватану миллат месарояд.
Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки дунё дар ҳалқаи оташ қарор дораду мардумаш сарсону саргардон ба хотири як бурда нон, ба хотири оромиву тансиҳатӣ сарҳадҳоро убур карда, ба мулки бегона мераванд, дур аз Ватан, аз муҳаббату самимият хандаи беғаши тифлонашонро кайҳо боз орзуманданд. Шукри оромиву амонии ин диёри биҳиштиамонро дорам, ки баъд аз 1000 сол боз мардуми ваҳдатпарасту худшинос ба ҳам омада, душманашро, ки қасди парешониву сарсонии ин миллатро дошт, боз ноумед карда огоҳонид, ки ин миллати сарфарозу фарҳангӣ дар қалбҳояшон ҳазор Хуросони дигарро зинда нигоҳ медоранд, арҷ мегузоранд ва мепарастанд.
Чун ҷавони 40 сола идора кардани ин сарзаминро бар уҳда гирифт, ҷаҳониён ангушти ҳайрат ба даҳон бурда, аз дур тамошобин шуданд, ки чӣ гуна метавонад, як мулки валангорро обод гардонда, фарзандони сарсону саргардон ва ғарибашро ба ҳам биорад. Бинандагон бехабар аз он буданд, ки ин ҷавон аз авлоди шоҳмардҳои бузурги Хуросон асту дар ҳастии худ мактаби бузурги Исмоили Сомониро аз ниёгон ба мерос дорад. Агар асри Х барои ин сарзамин ва мардумаш ба ҷаҳониён ҳамчун асри тиллоӣ муаррифӣ гардида бошад, пас аз 1000 соли дигар боз фарзона марде тавонист ин мактаби бузурги бобоиро барқарор намуда, мардумро сарҷамъ сохта, ваҳдат биофарад. Ин мактаб ҷаҳониёнро ба омӯзиш ва таҳқиқи нав даъват намуда, то аз сулҳофариву ваҳдатсозии Пешвои миллати тоҷик сабақ бигиранд, ки чӣ гуна тавонистааст ваҳдат офараду мардумаш сарҷамъ зери Парчами ягонаи миллат, сиёсати хирадмандонаву оқилонаро пеш барад.
Аз ин рӯ, ин шоҳбайтро бо ифтихор зери лаб замзама менамоям:
Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегӯем,
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омӯзад, зи Шоҳи мо.
Гавҳар ШАРОФОВА