02

Июл, 2025
Чоршанбе

02

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҚАҲРАМОНИ ВАҲДАТ

 

Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидану ҳалли зиддияти дохилимиллиро нишон дод.

Кофи АННАН,

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, 22 июни 1999


Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.

Аҳмадшоҳи МАСЪУД,

Қаҳрамони миллии Афғонистон


Тамоми дастовардҳои даврони истиқлоли кишвар ва ваҳдати миллии мо қадамҳои бебозгаште ба сӯи мақсадҳои олии милливу ватанӣ гардиданд. Ваҳдати миллӣ омаду гир­яи кӯдакону ашки модаронро аз рехтан боз дошт. Шодиву хурсандӣ пойдор, сулҳ ҳукмрону ободӣ бардавом гардид.

Низорамоҳ ЗАРИФОВА,
ходими давлатӣ


Ташаккур ба Эмомалӣ Раҳмон, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғами ҷони худро фаромӯш карда, ғами халқу ватанашро мехӯрад. Ба андешаи ман, маҳз ӯ бо оби рӯди муҳаббату дарёи дилаш ота­ши ҷанги хонумонсӯзро хомӯш кард.

Қозидавлат ҚОИМДОДОВ,

арбоби давлатӣ, дипломат


Қувваи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар наздикӣ бо мардумаш ва мустаҳкамии он пайвандҳоест, ки бо халқи хеш дорад, ки худ намояндаи он аст.

Раҳим МАСОВ,

академик, доктори илмҳои таърих


Нақши таърихӣ ва тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки тавонистанд шамшери хуношоми ҷангро ба қалами ҷонбахши имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, парокандагиро ба сарҷамъӣ, нафрату бадбиниро ба муҳаббату самимият, харобиро ба гулгулшукуфоӣ, фақру нодориро ба баракату пешрафт иваз намуда, намунаи беҳтарини таҳаммулпазирӣ, футувват ва ватандӯстиро ба мардум нишон диҳанд.

Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон


Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…

Расул ҒАМЗАТОВ,
шоири ҳалқӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2003


Ӯ бо варзидатарин сарварони ҷаҳони имрӯз метавонад бо қадду қомати тоҷикии худ паҳлу ба паҳлу биистад, итминону бовараш ба Тоҷикистон, ба ояндаи дурахшони он дар нигоҳи меҳрбораш шаъшаа мепошад.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

:.  Сиёсат 21.06.2017 11:00 1746

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz