Нафарони зиёде дар деҳоти Фархор Шоҳзодамо Исматоваро «Чароғи ҳидоят» ном мебаранд. Ин бесабаб нест. Аз Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб соли 1968 аввалин духтаре, ки ба мактаби олӣ дохил шудаву бомуваффақият онро хатм намуд, Шоҳзодамо буд. Дар мактаби миёнаи № 24, деҳаи Бобо Сафоли ноҳияи Фархор аз ҷумлаи бонувон, аввалин муаллима низ ӯ буд.
Шоҳзодамо дар хоҷагии «Коммунизм»-и ноҳияи Фархор яке аз аввалин муаллимаҳои маълумоти олидор ба ҳисоб мерафт. Он солҳо, пас аз хатми мактаби миёна, духтарон барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳо кам мерафтанд. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ ҳам аввалин вакил, аввалин раис, баъдтар нахустин директори мактаб аз ҷумлаи бонувон Шоҳзодамо буд.
Ҳамчун омӯзгори меҳнатдӯст, бомаърифат дар як муддати кӯтоҳ ҳурмату эҳтироми ҷомеаро ноил гардид. Фаъолияти пурсамарашро комитети ҳизбии ноҳия ба инобат гирифта, аввалҳои соли 1980 ӯро раиси Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ интихоб карданд. Аз ҳамон давра дар як хоҷагӣ фаъолият доштем. Он овон ман раиси колхози «Коммунизм» будам.
Нахуст бобати давраи донишҷӯии ӯ аз адиб Карим Давлат, ҳамдарси муаллима, пурсидам. Мусоҳибам гуфт: «Шоҳзода ягона духтари деҳот буд, боқӣ духтарҳо, асосан, шаҳрӣ ё аз маркази ноҳияҳо буданд. Дар рафти машғулиятҳо нисбат ба дигарон, ҳатто аз писарон ҳам боҷуръату боғайрат, бо муаллимон дар баҳсу мунозира мешуд. Шеърро нисбат ба ҳамаи мо беҳтар мефаҳмид. Баҳсу муҳокимаро меписандид. Аслан, чунин донишҷӯён на ба ҳар устод хуш меоянд. Вале муаллимони нисбатан ҷавон, аз ҷумла Аламхон Кӯчаров, феълан узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Искандар Икромов, доктори илми филология, профессор Саидқул Сабзаев дар охири ҳар дарс аз Шоҳзодамо мепурсиданд, ки ягон савол ё эроде дорад?
Ба хотирам мондааст, бо академик Раҷаб Амонов, ки аз адабиёти классикӣ ва фолклор дарс медод, атрофи вариантҳои гуногуни як рубоӣ хеле баҳс карданд. Ниҳоят, устод ба фикру андешаҳои Шоҳзодамо розӣ шуда, ба ӯ изҳори сипос намуд.
Шоҳзодамо баробари духтари фаъолу аълохон будан, хислати ҷавонмардӣ ҳам дошт. Бо ҳам чун акаву додар, апаву хоҳар будем. Рустои онҳо – Даҳана аз шаҳри Кӯлоб, тахминан, дар масофаи 20 километр воқеъ аст. Ҳар рӯзи шанбе, бо навбат моро хонаашон мебурд. Модараш Раҷабгул Расулова (равонашон шод бод) моро меҳмоннавозию меҳрубониҳо мекард. Холаи Раҷабгул ҳамсари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев буд ва хоҷагии онҳо ба номи ҳамин қаҳрамон гузошта шудааст…
Дар ҳудуди деҳоти Деҳқон - Ариқ хоҷагиҳои «Коммунизм», ба номи 40 - солагии Октябр ва ба номи Павел Грачёв мавқеъ доранд. Ман ҳамчун раиси хоҷагии «Коммунизм» ва муаллима ба ҳайси раиси ҷамоат даҳ сол фаъолият намудем.
То давраи роҳбарии Шоҳзодамо Исматова дар вазифаи раиси ҷамоат, масъалаҳои маъмурию иҷтимоӣ, хоҷагӣ, ҳатто оилавӣ дар сатҳи мақомоти давлатии ҷамъиятии ноҳияву вилоят ҳаллу фасл мешуданд. Акнун, туфайли ақлу заковат, донишу кордонии раиси ҷамоат масъалаҳои мазкур ҳалли худро дар ҳудуди хоҷагӣ, деҳа ё ҷамоат меёфтанд. Гуфтору рафтори муаллима ҳидояте буданд, ки аз қалби пур аз меҳру муҳаббати инсонӣ фаввора мезад. Ҳамчун оби ҳаётбахш кибру ғурур ва хашми алангазанандаи рақибро хомӯш ва ба роҳи рост ҳидоят менамуданд…
Як шаб, наздики соати 11, хона омадам. Бонуеро дидам, ки маро дидан замон аз ҷояш хест. Кӣ буданашро пурсидам. Маълум гашт, ки бо шавҳараш ҷанг карда, лату кӯб дида имдодталабӣ хонаи раис омадааст. Лаҳзае ҳайрон мондам, пас ба ронанда гуфтам, ки рафта раиси ҷамоатро биёрад. Шоҳзодамо омадан замон, «ташвиш накашед, раис, ин муамморо худамон ҳал мекунем»,- гӯён он бонуро ба мошинаш савор карда бурд. Хулоса, он низои оилавӣ ҳалли худро ёфт.
Чунин носозгориҳои оилавиро судҳо дида мебаромаданд ва ақди никоҳи аксар зану шавҳаронро бекор мекарданд. Вақти раисии Шоҳзодамо ягон ҷанҷоли оилавӣ то дари суд намерафт ва дар ин давра ягон оила барҳам нахӯрд. Зеро роҳбарону фаъолони хоҷагиҳо садди роҳи вайроншавии оилаҳо мешуданд. Омадани Шоҳзодамо ба Ҷамоати деҳоти Деҳқон - Ариқ ба сифати омӯзгор, раис, баъдан ба ҳайси директори мактаб, гулдастаеро мемонд, ки аз гулҳои рангоранги ҳаёту зиндагӣ таркиб ёфта, накҳату бӯи муаттараш на танҳо сурату сирати одамон, балки симои худи деҳотро куллан дигаргун сохт. Шаклу мазмуни зиндагии деҳотиён ба маънои томаш тағйир ёфт.
Туфайли роҳбарии Шоҳзодамо Исматова дар симати роҳбари ҷамоат нақшаҳои истеҳсолии хоҷагиҳо сари вақт иҷро мешуданд. Аз ҷумла, хоҷагии «Коммунизм» қариб ҳар сол ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ мебаромад. Аз ҳисоби хоҷагиҳо ва буҷети маҳаллӣ се мактаби миёна, дар ҳамаи деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ, барои деҳқонону зиёиён хонаҳои истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифтанд. Роҳи байни деҳаҳо аввал сангфарш, баъд асфалтпӯш карда шуданд. Байни деҳоти ҷамоат ва ноҳия автобуси мусофирбар ба мардум хизмат мерасонд.
Январи соли 1997 Шоҳзодамо Исматоваро директори МТМУ № 24, ҳамон мактабе, ки даҳ сол пеш чун муаллима фаъолият дошт, таъйин карданд. Вале набзи ҷомеа, сохти он ба куллӣ дигар шуда буд. Аз камбуди маошу мушкилоти рӯзгор аксари муаллимон тарки пешаи омӯзгорӣ карда, ба корҳои фоидаовар ва муҳоҷирати меҳнатӣ шуғл меварзиданд. Муаллимони ба нафақа баромадаро ба кори таълиму тарбия ҷалб ва аз дигар деҳаҳо омӯзгорони хубро даъват намуда, дари муассисаро ба рӯи хонандагон боз нигоҳ дошт.
Духтарҳои деҳот, бо ташвиқу тарғиби муаллима, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ яке пайи дигаре ба донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил мешуданд. Акнун волидон майлу хоҳиши духтаронро ба инобат мегирифтанд. Моҳира Кишварова, Барқия Назримадова бо дастуру ҳидояти муаллима ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Санифамо ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Гулчеҳра Сатторова ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаббат Сатторова ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва даҳҳо духтарони дигар муҳассил гаштанд.
Имрӯз муаллима дар сояи давлати фарзандони хеш, ки омӯзгор, табиб ва иқтисодчианд, фароғат дорад. Вале аз шогирдон дил канда наметавонад. Ҳар рӯз бо чеҳраи бозу хандон ба истиқболи онҳо мешитобад. Чун «чароғи ҳидоят» онҳоро ба ҳаёту зиндагии шоиста роҳнамун месозад. Рисолати устод ва омӯзгор ҳам дар ҳамин аст.
Чиллахон ИСОЕВ,
нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ