- Имсол мардуми кишвар 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил мекунад. Мафҳуми «Ваҳдат» - ро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед!
- Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ оби сард рехт, ба рушди босуботи кишвар шароит фароҳам сохт, ин воқеаи саид дар қатори бузургтарин рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳон қарор гирифт. Ин падидаи тақдирсоз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Ҳукумати бунёдкору сулҳпарвари кишварамон таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки азму иродаи қавии сиёсӣ дорад, ба вуқӯъ пайваст. Алҳол вақте ба ҳодисоти Сурия ва нуқоти дигари доғи сайёра менигараму мебинам, ки муколамаҳои сиёсӣ бо чӣ қадар кундӣ пеш мераванд, бештар муътақид мешавам, ки имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи навини кишвар ва ҷаҳон гардиши куллие будааст. Аммо ҳанӯз ҳам бадхоҳони давлати мо даст аз нияти нопоки хеш барнадоштаанд.
Исёни зиддиҳукуматии гурӯҳи Назарзода, ки чанде қабл рух дода, зуд саркӯб гардид, далели ин гуфтаҳост. Ин ҳодисаи мудҳиш моро бори дигар водор мекунад, ки арзиши сулҳу ваҳдатро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Тавре Сарвари давлатамон фармудаанд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон донем».
- Дар солҳои афзоиши бесобиқаи фишор болои кормандони мақомот аз ҷониби гурӯҳҳо Шумо дар кӯчаҳои шаҳр зиёд бо ҷавонон суҳбатҳо мекардед ва ба мисли имрӯз эҳтиром доштед. Асрори чунин муносибати мардум ба Шумо дар чист?
- Дар ҳаводиси ҷумҳуриамон кормандони мақомоти маҳаллӣ, ки аксарашон афроди касбӣ ва содиқ ба иҷрои вазифаашон буданд, ягон гуноҳ надоштанд. Мардум инро мефаҳмиданд. Дигар ин, ки аксари кормандони мақомот бо зиндагии хоксорона фарқияти зиёди иҷтимоӣ аз мардум надоштанд. Марҳум раиси Шӯрои вакилони халқи ВМКБ Ғарибшоҳ Шаҳбозов яке аз чунин ашхоси наҷиб буд, ки ба фишорҳои зиёди гурӯҳҳои мусаллаҳ нигоҳ накарда, дар бароварда сохтани ҳадафи сулҳу ваҳдат собитқадамӣ зоҳир намуд. Вай аз ҷиҳати камбуди сӯзишворӣ пиёда аз кор ба хонааш, ки дар гӯшаи шаҳр буду пур аз силоҳбадастон, мерафт. Дар ҳуҷраи корӣ дар як рӯз одамони зиёд ва гурӯҳҳоро қабул мекарду дар ҳалли масъалаҳои муҳим мекӯшид. Бештари кормандони дигари мақомот ҳам ба чунин тарз кор мекарданду ман яке аз онҳо будам. Он рӯзҳои ноамн ва номуайян, ки дар кӯча тир садо медоду танқисии сахти маводи ғизо дар ҳама ҷо эҳсос мешуд, ба дари ягон идораву муассисаи давлатии вилоят қуфл овезон нагардид. Кумитаи занон ва оила, ки нав ташкил шуда буд, дар маҳаллаҳои шаҳр тарғиботи густарда бар зидди силоҳ ва мухаддирот ва таҳкими фарҳанги сулҳу ваҳдатро ба роҳ монд.
Сарвари давлат аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омадан, баргардондани гурезаҳоро ба Ватан аз вазоифи муҳимтарини хеш арзёбӣ намуд. Ман ҳанӯз дар вазифаи масъули андоз кор карданам, дар баробари ҷамъоварии андоз, барои гурезагоне, ки тавассути марзи Ишкошим бармегаштанд, аз мардум ёрӣ мехостам. Шояд таҷрибаи кориамро дар сохторҳои ҳизбӣ ва давлатӣ ва муносибатамро бо мардум дида, маро дар он давраи душвор ба вазифаи муовини раиси Шӯро даъват намуданд.
- Ба иқрори шоҳидон, дар солҳои вазифаи муовини раиси Шӯро фаъолият карданатон, борҳо иттифоқ афтодааст, ки бо шахси аввали ҷумҳурӣ мустақиман дар тамос мешудед?
- Сарвари кишварамон дар мулоқот бо сокинони Бадахшон аз рӯзҳои душвори он солҳо ёдовар шуда, гуфтанд, ки баъзан барояш лозим меомад, дар ҳуҷраи корӣ шабро рӯз кунад. Ҳақиқатан он солҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хубтар фаҳмидани авзоъ ва баҳогузории дурусти он ба ғайр аз роҳбарони вилоят бо муовинонашон низ дар масоили гуногун тамос мегирифтанд.
Дар ҷараёни ҳодисот фуруд омадани тайёраи мансубияташ номаълум ба ин ё он давлат дар фурудгоҳи Хоруғ дар он шабу рӯз мақомоти вилоятро сахт нигарон кард, зеро хатари бо роҳи мусаллаҳкунонии мухолифин равған рехтан ба оташи ҷанги дохилӣ ва доман задани он вуҷуд дошт. Оид ба ин ҳодиса ба муовинони Эмомалӣ Раҳмон, ки Раиси Шӯрои Олӣ буданд, занг задам. Пас аз чанд муддат худи Раиси Шӯрои Олӣ занг зада гуфтанд, ки содир шудани чунин ҳодисаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ҷудоиандоз ошкор ва аз идома ёфтанашон ҷилавгирӣ гардид ва талаб кард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дар нахустин қабули Сарвари давлат масъалаи таъмини маводи ғизоиро ба миён гузошта гуфтам, ки донишҷӯёни Хоруғ аз нарасидани хӯрок сахт танқисӣ мекашанд. Хати интиқоли мавод аз роҳе мегузашт, ки қисмати он пурра зери назорати мухолифини мусаллаҳ буд. Ба авзои душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ нигоҳ накарда, бо супориши Сарвари давлат 80 мошини борбари ЗИЛ ҳомили орд ба маркази вилоят омад. Роҳбари ҷумҳурӣ бо дарки муҳимияти таъминоти мардуми Бадахшон бо озуқа барои созмонҳои байналмилалии мададрасон шароит фароҳам сохт, ки ёрии густардаи башарӣ ба роҳ монанд ва таҳдиди гуруснагӣ аз байн бардошта шуд.
Дар рӯзҳои бознишастагӣ ҳам аз эҳтироми Роҳбари давлат хотироти хубе дорам. Дар нахустин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қатори бонувони фаъоли саҳмгузор дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар маркази ҷумҳурӣ ба ман туҳфае тақдим намуданд, ки аз матоъҳои хушранг ва рӯймолу атриёт иборат буд. Он вақт духтарам дар Душанбе ҷашни арӯсӣ дошту ман ин туҳфаҳоро барояш армуғон додам. То ба имрӯз зарфҳои атриёт ва ашёи истифодашуда чун ёдгорӣ аз эътирофи саҳми модар дар таҳкими сулҳу ваҳдат аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар хонаи духтарамон маҳфузанд.
Соли гузашта ҳангоми ташриф ба ноҳияи Ишкошим Пешвои миллат дар қатори дигар собиқадорон бо гирифтани ному насабам аҳвол пурсиданд ва чунин муносибати Роҳбари давлат ба ҳар фарде, ки ҳатто агар камтарин ҳисса дар пешрафти давлату ҷомеа гузошта бошад, болу пар мебахшад.
- Қиссаи соати туҳфагирифтаатон ҳам хеле аҷиб аст?
- Он вақт дар даврони собиқ шӯравӣ ҳамчун иштирокчии Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Хатлон ва Душанбе дар қатори дигар роҳбарон ба ман се қолин бо аксҳои Ленину Ҷалол Икромӣ ва соати кандакоришуда бо шакли духтари соҳибҷамол туҳфа доданд. Пас аз бозгашт қолинҳоро борхат намуда, супурдам ва яктоаш ҳоло дар осорхонаи вилоятӣ ҳам гузошта шудааст. Фақат соатро дар дафтари кориам мондам. Вале бо пеш омадани буҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ боре дар як ноҳияи вилоят чорабинии фарҳангӣ баргузор шуду туҳфаи муносиб ёфт нагардид, ин соатро аз ман хоҳиш карданд ва аз ягона туҳфа ҳам бенасиб гаштам.
- Шумо ягона зан дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ будед?
- Оре. Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи президент баргузор шуд, ки воқеаи тақдирсоз дар ҳаёти мардуми кишварамон буд. Дар ҳудуди ВМКБ дар ин давра бештар аз 60 ҳазор гурезаи дохилӣ ва гурӯҳҳои зиёди мусаллаҳ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданду халал расондан ва хавфи баргузор нашудани интихоботу раъйпурсӣ ва зери шубҳа қарор гирифтани натиҷаҳои он дар вилоят вуҷуд дошт. Ба вазъияти душвор нигоҳ накарда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ баргузор гардид ва ин, бешубҳа, муваффақияти беназир буд. Мардум 75 дарсад ба ҷонибдорӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
-Ташаннуҷи авзои рӯзҳои охир дар деҳоти марзии Афғонистон ба рӯҳияи мардуми ноҳия чӣ таъсире расонд?
-Вақте даргириҳо дар он тарафи марз сурат гирифтанду чанд захмиҳои афғон барои табобат ба беморхонаи марказии ноҳия оварда шуданд, мардум каме ба таҳлука афтод. Вале ба зудӣ пайдо шудани тайёраҳо ва чархболҳо дар марз мардумро дилпур сохт, ки ҳифзи боэътимоди марзи Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои амниятии минтақавию байналмилалӣ таъмин асту ҳаёти муқаррарӣ дар ноҳия дар хурӯш аст.
- Дар Рӯзи ҷашни пуршукӯҳи Ваҳдати миллӣ ба мардуми кишвар чӣ таманно доред?
- Ба ифтихори ин ҷашни саодатмандтарин кулли мардуми кишварамонро табрик гуфта, ба қавли шоир мегӯям, ки «Парчами иқболи Ваҳдат ҷовидон бод!».
Суҳбаторо М.Саид,
ноҳияи Ишкошим