– Баъд аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченко, бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти рус корро дар мактаби миёнаи рақами 9 шаҳри Норак оғоз кардам. Фаъолияти омӯзгориам чандон тӯлонӣ нест. Зеро баъди як маърӯзаам дар конфронси августии омӯзгорон бахшида ба аҳамияти омӯзиши забони русӣ барои насли наврас, котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳр Рустам Қурбонов, ки дар толор буд, маро ба суҳбат даъват кард. Барои ишғоли вазифаи котиби сеюми кумитаи комсомолии шаҳр номзад мекофтаанд. Маро ба ин мақом пешниҳод намуд. Суҳбатро дар Кумитаи марказии комсомол муваффақ гузаштам. Ин соли 1979 буд. Бо ҳамин қадамҳои аввалам дар соҳаи хизмати давлатӣ гузошта шуд, яъне ба дунёи сиёсат ворид шудам. Баъдтар маро ба вазифаи котиби дуюм интихоб карданд. Кадрҳои корозмударо он замон ба Кумитаи марказии комсомол мегузаронданд, маро низ барои идомаи фаъолият ба он ҷо даъват карданд ва назорати кори кумитаи комсомолии вилояти Ленинободро бар зиммаам вогузоштанд.
Соли дуюми кор ба қабули мудири шуъбаи кадрҳои Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон даъват шудам. Мудири шуъбаи кадрҳо шодравон Дедов Иван Фёдорович гуфтанд: «Руқия Атоевна, мо Шуморо ба вазифаи котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Норак мефиристем. То ин замон дар ин мақом як муҳандис фаъолият дошт, аз ин ба баъд мо мехоҳем, ки Шумо-муҳандиси қалбҳо он ҷо бошед». Ин соли 1982 буд.
Соли 1986 бо роҳхати Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон маро ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Баъди хатм, ба ҳайси муовини мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи кумитаи ҳизбии шаҳри Роғун таъйин шудам. Зина ба зина дар вазифаҳои котиби сеюм ва раиси ҳизби шаҳри Роғун фаъолият кардам. Соли 1995 ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Роғун таъйин шудам. Чанде дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт фаъолиятамро идома додам.
Соли 2004 маро ба ҳайси мудири шуъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин карданд. Аслан, вазифа барои ман масъулият аст. Аммо, вақте новобаста аз ихтисос маро бо эътимод ба ин мақом таъйин намуданд, бо масъулияти дучанд ба кор шурӯъ кардам, то сазовори боварӣ бошам. Сипас, ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудам. Зимни суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд: «Вазифаи асосии Шумо, муттаҳид кардани тамоми бонувони ҷумҳурист». Корро дар доираи ин дастур ба роҳ мондам.
Соли 2005 бо фармони Сарвари давлат ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон ба кор гузаштам. Пешвои муаззам ин бор таъкидам карданд: «Кӯшиш кунед, ҷашни 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, ки ҳам чорабинии фарҳангӣ асту ҳам сиёсӣ, дар сатҳи баланд баргузор гардад».
Фаъолият дар яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ, ки аз 25 шаҳру ноҳия иборат аст, албатта, осон набуд. Роҳбарии соҳаи иҷтимоиро бар уҳда доштам. Соҳа пешравиҳо ҳам дошту камбудиҳо ҳам. Кӯшиш кардам камбудиҳо рафъ гарданд, дастовардҳо зиёдтар бошанд.
Моҳи декабри соли 2007 бо фармони Президенти кишвар раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин шудам. То як андоза ҳаяҷону тарс ҳам доштам, ки ман аз уҳдаи ин масъулият мебаромада бошам? Аз таъкиди Сарвари давлат, ки гуфтанд: «Руқия Атоевна, бо боварӣ Шуморо ба ин вазифа таъйин менамоям, кӯшиш кунед, шаҳри Қӯрғонтеппаро бо диди занона, бо диди модарона беш аз пеш ободу зебо намоед», рӯҳбаланд шудам.
Моҳи январи соли 2008 ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудам. Дар ин симмат 6 сол кор кардам. Пас аз ин, то синни расидан ба нафақа дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе фаъолият доштам. Ҳоло раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ ҳастам. Ин вазифаи ҷамъиятист. Ҳадаф дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва қарору барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз таҷрибаи бои зиндагӣ истифода карда, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстист.
– Мушкил набуд ҳамзамон барои фарзандон модари хубу барои кишвар сиёсатмадори намоёне будан?
– Рисолати аввалиндараҷаи зан-модар ин рисолати хонаводагист. Дар тарбияву нигоҳубини фарзандон чандон душворӣ накашидаам. Ба ҳайси як инсони хуб шавҳарам, баъдан падару модари бузургворам дар масъулияти хонадориву фарзанддорӣ дастамро гирифтаанд. Соҳиби ду фарзанд ҳастам. Шукруллоҷон ва Сарвинозҷон. Писарам донишҷӯ ва духтарам мактабхон аст. Шукргузор ҳастам аз тақдир, ки ҳам дар зиндагии шахсӣ ва ҳам дар сиёсат аз дастгириҳо бархӯрдор будам.
– Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар вазифаҳои гуногун дар шаҳри Роғун фаъолият доштед, чӣ хотироте аз он айём бо худ гирифтаед?
– Давраи вазнин. Алангаи ҷанг дар дили мардум тарсу ваҳмро бедор карда буд. Умеди зинда монданро то пагоҳ надоштем. Азоби гуруснагӣ, набудани амният. Ба кор мерафтем. Нафароне ҳам буданд, ки осудагиро намехостанд, ба мо халал мерасонданд. Аз хотирам намеравад. Ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Роғун таъйин шудам. Тақсимоти нон аз рӯи меъёр буд. Як рӯз зане ба ҳуҷраи кориам омаду таҳдид кард, ки агар меъёри нони маро зиёд накунӣ, худро бо 7 фарзанд ба дарёи Вахш мепартоям. Гуфтам, ки, хоҳар, сабр кун, ин рӯзҳо мегузаранд, модар силаи раҳм гуфтаанд, ба ояндаи нек бовар бояд кунем, рӯзҳои хубе моро интизоранд. Шукр, ба ана ҳамон рӯзҳои умедкардаамон расидем.
– Дар рафти гуфтушунидҳо байни неруҳои ҳукумативу намояндагони оппозитсия занон низ ҳузури чашмрас доштанд? Саҳми кадоме аз бонувони он солҳо дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ бештар аст?
– Бозгул Додхудоева, муовини вақти Сарвазири кишвар ва яке аз бонувони ғаюри мо, он замон узви Комиссияи оштии миллӣ буд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон вакилон мисли Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна, Адолат Раҳмонова иштироку суханрониҳо мекарданд. Бонувони фаъолу сулҳхоҳ зиёд буданд, аммо саҳми арзандаю волоро дар масъалаи барқарории сулҳу субот маҳз Сарвари давлат, ки бо дили софу ҳиммати бахшандагӣ бо мухолифин сари як хон нишастанд, авф карданд, вазифа доданд, зоҳир намуданд. Воқеан, Худованд ба Эмомалӣ Раҳмон хислатҳои неки инсониро насиб дидааст. Некиву нексиратӣ дар ниҳодашон аз падари оқилу модари отифа ирсист.
Вақте ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баста шуд, ғарибони дурафтода имкони бозгашти дубораро ба Ватан дарёфтанд, ба замин афтода хокашро мебӯиданду мебӯсиданд. Дар маросими 80-солагии пойтахт чанде аз бонувони афғон наздам омаданд. Бо меҳр иқрор мешуданд, ки Сарвари давлати шумо инсони шарифу худододест. Ин ҳама сол ба сари мардуми афғон гулӯла меборад, Эмомалӣ Раҳмон – фарзонафарзанди тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷангро хомӯш бикунад ва мардумашро аз парокандагӣ наҷот бидиҳад.
– Аз нигоҳи Шумо чун як сиёсатмадори соҳибандеша барои то абад нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ чӣ бояд кард, аз чӣ сабақҳо бояд ибрат гирифт?
– Сулҳ ба нақди ҷони фарзандони баору номуси Ватан ба даст омадааст. Ҳоло мардум метавонанд озод тавофи Каъба бикунанд, ба чаҳор тарафи дунё сафар намоянд, маъракаи тӯю сур, ҷанозаву мотамро анҷом диҳанд, имкони молиявие доранд, ки хонаҳои барҳаво бисозанд, мошинсавор бошанд, ин ҳама аз шарофати осоиштагиву озодист. Агар бо ин ҳама неъмат касоне пайдо шаванд, ки ношукрӣ бикунанд, кӯр хоҳанд шуд. Замоне буд, ки мо як бурда нон надоштем, пас ҳоло чаро мо носипосӣ бикунем?
– Сиёсати имрӯзаи Ҳукуматро дар масъалаи ҷалби бештари ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарӣ чӣ гуна қабул кардед? Аз нигоҳи Шумо ҷавонон имрӯз воқеан метавонанд зимоми идораи мақомҳои баланди давлатиро бар даст бигиранд?
– Вақте маро аввалин бор ба вазифа таъйин карданд, ҳамагӣ 22 сол доштам. Бубинед, зина ба зина то ин сатҳ расидам. Бо боварӣ мегӯям, ки ҷавонон имрӯз аз уҳдаи анҷом додани дилхоҳ вазифа мебароянд. Як маслиҳат медиҳам, мактаби дипломатияро бояд аз Эмомалӣ Раҳмон омӯзанд. Муносибат, муошират бо мардум, ба дарди муҳтоҷон расидан, заҳмат кашидан, ҳамдард будан бо халқ ин аст асоси муваффақияти Пешвои миллат. Пеш аз таъйини ҳар мансабдор Президенти муаззами мо таъкид мекунанд: «Ман ба Шумо вазифа медиҳам, аммо обрӯро ба Шумо дода наметавонам». Ин ҳикмат аст. Обрӯ аз натиҷаи кор ба даст меояд.
– Барои ҷалби бонувон ва иштироки фаъолтари эшон дар ҳаёти сиёсии кишвар чӣ бояд кард?
– Бонувон имрӯз хело фаъол гаштаанд. Аз сатҳи сиёсат каме фароему нигарем ба бонуе, ки дар саҳро кор мекунад, ё оне ки паси мошинаи дарздӯзӣ нишастааст, корманди ҷамоат ё соҳибкор аст, онҳо аз сиёсат огоҳанд, таваҷҷуҳ мекунанд, медонанд. Зан новобаста аз он ки сари вазифа аст ё не, бояд аввал отифагиву покиашро ҳифз кунад. Ҷиддӣ ба тарбияи фарзандон машғул шавад. Тозагии муҳити зисташро фароҳам оварад. Бонувон дар чӣ вазифае набошанд, бояд ҳамдигарро дӯст доранд, дастгирӣ бикунанд.
–Ба андешаи Шумо таърихи сиёсат номи кадоме аз бонувони сиёсатмадори тоҷикро ҳифз хоҳад кард?
– Исми ҳамонҳое дар таърих мемонад, ки содиқона хизмати ин Ватанро кардаанд. Наметавонам гӯям, ки яке арзанда асту яке не. Арзандаҳо зиёданд. Ман дар ҷавонӣ ба бонуи сиёсатмадор Низорамоҳ Зарифова, ки дар маъракаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар шаҳри Норак медидам, ҳавасам меомад, пайравӣ мекардам.
Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Гулафзо Савриддинова, Биҳоҷал Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Ҳусноро Мирзоева, Мунира Иноятова, Қимат Рустамова, Шуҷоат Ҳасанова, Марҳабо Ҷабборӣ, Мавҷуда Бобоева, Латофат Насриддинова, шодравон Ибодат Раҳимова, Махфират Каримовна ва бонувони зиёдеро ин ҷо метавон ном гирифт, ки исмашон мондагор аст.
Аз ҷавонон бо боварӣ метавонам исми бонуи сиёсат - Озода Раҳмон, ки бо тамкини хоса, саводу масъулиятшиносӣ бароям соҳибэҳтироманд, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ - Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила - Идигул Қосимзода, муовини вазири тандурустӣ – Умарзода Саида Ғайрат, муовини раиси вилояти Хатлон - Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Суғд - Назира Ғаффорӣ ва бонувони зиёде, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолияти муваффақе доранд, ки номашонро зикр накардам, ҳамагӣ арзандаанд.
– Чеҳраву салобати ҷиддиатон Шуморо бештар чун як зани иродаву хислати мардӣ дошта ба тасвир медиҳад, ин ҷиддият ҷузъе аз талаботи сиёсат аст ё табиатан чунинед?
– Ин аз таҷрибаи зиндагист. Сиёсат талаботи худро дорад, ки якеш ана ҳамин ҷиддият аст. Хоксориро ҳамеша бояд нигоҳ дошт, то вақте аз вазифа рафтӣ, ақаллан саломатро алайк бигиранд. Намунаи олитарин хоксориро аз Сарвари давлат бояд омӯхт. Мисли худ фарзандони бисёр хоксору заминиеро тарбият кардаанд. Ҳама забондону бофарҳанг. Паси ҳар марди муваффақ зане меистад. Бонуи Раиси ҷумҳур низ бисёр зани отифаву пок, ҳалиму бомаърифате ҳастанд.
– Таманнои ҷашнии Шумо…
– Ободии кишвар, рӯсурхии мардум, таҳкими сулҳу субот, амалӣ гаштани ҳар ташаббуси наву созандаро орзу дорам.
Гулноза БОБОМУРОДОВА