Дар замоне, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бар асари мудохилаи неруҳои хориҷӣ ва мансабталошии баъзе гурӯҳҳои дохилӣ ба гирдоби чанги шаҳрвандӣ афтида, ҳамчун кишвари мустақил роҳи наҷот меҷуст, фарзонафарзанди ин миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ (моҳи ноябри соли 1992) бар сари кор омад ва бо пеш гирифтани роҳи сулҳ кишварро аз ин вартаи фалокатбор наҷот дод. Ӯ тавонист пеши роҳи ҷангро бигирад, миллатро аз оворагию парокандагӣ наҷот диҳад ва масири рушду шукуфоиро дар пеши рӯи миллат қарор диҳад, ки инак 20 сол мешавад, ин масир бомуваффақият идома дорад.
20 соли сипаригардида барои миллати созанда ва ваҳдатофари тоҷик лаҳзаҳои тақдирсозу дастоварди назаррас ва нотакрори таърих буд. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик хуб дарк менамояд, ки ваҳдат асоси ҳастии ҳаёти ӯ буда, бидуни мавҷудияти он наметавонад истиқлолияти худро таҳким бахшад. Ваҳдати миллӣ василаи бақо ва пойдории Ватани азизи мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид, ки ба шарофати он ободиву созандагӣ беш аз пеш вусъат ёфт.
Сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон саҳифаи нави рушд ва ташаккули Тоҷикистони ҷавон ва мустақилро боз кард. Чораҳо барои демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, пешрафти иқтисодӣ ва дигаргунии иҷтимоӣ дар ҷамъияти тоҷикон, барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он, суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ, беҳбуди ҳаёти аҳолӣ ва рушди минбаъдаи он идома пайдо кард.
Бояд махсус таъкид намуд, ки расидан ба сулҳу субот ва ягонагӣ идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст ва бо саъю талошҳои ҳамвора ва фидокории Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ на танҳо гурӯҳи ҳукуматиро дар музокирот роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард, балки худаш бевосита бо роҳбарони Иттиҳоди мухолифин дар лаҳзаҳои душвори музокирот вохӯриҳо мегузаронд. Вақте ки кори ҳайатҳо ба бунбаст рӯ ба рӯ мешуд, барои ҳалли мушкилиҳо талош мекард.
Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик комилан ба сулҳу ваҳдат расид, ки ин муваффақияти тамоми тоҷикони олам маҳсуб меёбад. То имрӯз дар бораи раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, дар бораи он ки чӣ тавр ва ба кадом тарзу тариқ тарафҳои сулҳи тоҷикон ба сулҳ ва оштию ваҳдат расиданд, мақолаву рисола, маҷмӯаву китобҳо навишта, гузоришҳову суҳбатҳо карда ва мизи гирду конфронсҳое дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Имрӯз сулҳи тоҷикон аз тарафи коршиносони ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи муваффақи сулҳофарӣ шинохта мешавад. Ба қавли собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.
Бояд донист, ки ваҳдати миллӣ низ ба монанди дастовардҳои дигари миллӣ ниёз ба ҳифзу нигоҳубин дорад. Барои ҳифзи ҳамешагии ваҳдат омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа аст.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ваҳдати мо дар муддати 20 сол решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Мардуми шарифи мо самараи онро аллакай дид ва медонад, ки чи ганҷи боарзишест ваҳдати миллӣ ва чи қадар муҳим аст ҳифзу гиромидошти он. Дар хориҷ ҳам, агарчи дар ибтидо баъзеҳо ба ваҳдати тоҷикон бо чашми шубҳа менигаристанд, акнун касе ба устувории ин ваҳдат шубҳа надорад. Ҳамагон дарк карданд, ки миллати баруманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 кори бузурге анҷом дода, барои тамоми ҷаҳониён намунаи сулҳофариро ба намоиш гузошт ва роҳи ваҳдату сулҳу созандагиро минбаъд низ бомаром идома хоҳад дод.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз.
Шоҳона Сулаймон