Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат пайваста ва дар ҳама ҳол ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд ва онҳоро мавриди ҳимоят қарор медиҳанд. Нахустин мулоқоти эшон бо ҷавонон (соли 1993) дар шароите доир гардид, ки ҳанӯз тазоду муноқишаҳои дохилӣ бартараф нагардида буданд ва ин имкон намедод, ки Ҳукумати навтаъсис тадбирҳои судмандро дар мавриди ҷавонон андешад ва ҳама хостаҳои худро нисбат ба онон амалӣ созад. Вале дар ҳамон шароит низ, азбаски аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷавон буд, ҷалби насли ҷавон ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва беҳтар гардондани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар комилан мувофиқи мақсад буд.
Имрӯз бошад, ташаббуси навбатии ин марди наҷиб ва ин роҳбару роҳнамои миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 фурсати тиллоиест барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, талоши содиқона ва хастагинопазири қишри ҷавон барои худсозӣ ва баланд бардоштани савияи донишу касб, рӯҳбаландии онҳо барои иштироки фаъол дар созандагиҳои даврони Истиқлол, пешбурди ҳадафҳои волои роҳбарияти олии мамлакат дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин, пешгирӣ намудани шиддати ифротгароиву рафторҳои номатлуб ва ҳавасмандии онҳо барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида.
Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таҳкими мақоми ҷавонон дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардондани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст.
Аз тарафи дигар, дар шароити имрӯза, ки мутаассифона, гурӯҳҳои зиёди ифротгаро дар саросари олам ба «шикор»-и афкор ва андешаи ҷавонон даст задаанд, ҷавонони азизи кишвари моро зарур аст, ки дар посух ба ин ҳама меҳрубонию таваҷҷуҳи Пешвои миллат, бо шукронаи роҳату оромӣ, дар партави Истиқлолият илму дониш аз худ кунанд, дӯстро аз душман фарқ карда тавонанду фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Ҷавонони имрӯза насли хушбахтанд, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ фаъолият мекунанд. Зеро соҳиби давлати мустақили худ будан ва аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баромад намудан шарафест, ки ба ҷавонони наслҳои гузашта насиб нагардида буд. Ин шараф аз баракати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи махсуси он кас ба ҷавонон насиби ин насл гардидааст.
Ҷавониро барҳақ баҳори умр ва ҷӯшиши зиндагӣ меноманд. Бисёр мехоҳам, ки ҷавонони азизи мамлакат қадри неъмати умр ва қадри дилсӯзиҳои Роҳбари давлатро бидонанд ва аз ин ҳама имкониятҳое, ки барояшон фароҳам оварда шудаанд, бештарин ва беҳтарин баҳраро бардоранд.
Аз тарафи дигар, ниҳодҳои масъули кор бо ҷавонон ва тамоми идораҳои давлатӣ таваҷҷуҳи бештар рӯи мавзӯи тарбияи кадрҳои ҷавон дошта бошанд, онҳоро аз ҳар назар омода кунанд, барояшон имконияти онро диҳанд, ки неруву истеъдоди худро сайқал дода, барои анҷоми масъулиятҳои муҳим омода шаванд. Таваҷҷуҳ ба ҷавононро банда асосан дар тарбияи онҳо ҳамчун кадр ва боварӣ ба истеъдодашон мефаҳмам. Низ эҳсоси масъулият ва талоши худи ҷавонон барои ба даст овардани донишу касбу ҳунар, донистан ва гиромӣ доштани гузаштаву имрӯзи миллати худ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омезиш додани онҳо бо арзишҳои умумибашарӣ ва бад-ин васила саҳмгузорӣ дар рушди моддию маънавии кишвар.
Ин маъниро аз роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷавонон бардошт кардаам: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Ва, билохира, ин, ки дар Соли ҷавонон, Ҳафтаи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонон ба ин насли умеду ормонҳо, қишри созанда ва неруи пешбарандаи мамлакат саодату сарбаландӣ ва барору комёбӣ мехоҳам.
Шоҳонаи СУЛАЙМОН