Дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ гаҳу ногаҳ афкору андешаҳои солим низ садо медоданд, ки таҳрифгарони навхостаи таърихро рӯсиёҳи ҳар ду олам мекарданду ҳақиқатро бар муҳри худ меоварданд. Як нуктаи муҳимеро дар ин иртибот аз афкори нависандаи бузурги тоҷиктабори русзабон Темур Пӯлодов, ки дар як очерки портретии худ бахшида ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун далели қотеи соҳибтамаддунию зубдафарҳангии мардуми ориётабори мо ба кор бурда буд, ба худ иқтибос оварданашро иҷоза медиҳам: „ Тоҷиконро ба иллати ҷанги ҳамватанӣ миллати бефарҳангу фурӯтамаддун ҳукм мекунанд қисман сиёсатмадорону фарҳангдонҳои миллатгарову муғриз. Вале мағзи масъалаву моҷаро ин нест, балки он аст, ки тоҷикҳо, азбаски миллати собиқадори фарҳангианду ҳушманд, дар ҳама нобарориҳои хеш танҳо худро гунаҳгор меҳисобанд. Бинобар ин ба муқобили ҳамдигар мешӯранд то муддати мадиде. Ва баъд дар ниҳоди онҳо чун эҳсоси фитрии фарҳангиашон боло гирифт, боз бо ҳам сулҳу салоҳ мекунанду ба эъмори ҷомеа камар мебанданд. Миллатҳои ба қавле „мутамаддин“, вале бесобиқа, ҳатман айёрӣ мекунанду халқашонро гӯл мезананд ва дар нобарориҳои худ ҳамсояву бегонагонро гунаҳгор медонанд“.
Ин нуктаи бидуни баҳсу баррасиро хайрият аст, ки ба тасвиб расидану мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳон бори дигар мушаххасу рӯшан таҷаллӣ дод. Ҷонибҳо сари музокироту мулоқот бо мақсади сулҳу созишу оштию осоиш борҳо андари баҳсу мунозира гардида, табодули афкору назар бинмуда бошанд ҳам, ба иллати мавқеъгириҳои мухолиф ба як қарор омада наметавонистанд. Чаро ки дар баъзе мавридҳо манфиати гурӯҳӣ бар раванди гуфтушунид халал мерасонду гаҳе ба дастури хоҷагони хориҷии худ сар афшондани тарафи муқобил ба натиҷаи мусбат рахна ворид мекард. Чаро ки ҳайатҳои муваззафи мулоқот ба ҳич ваҷҳ аз мавқеи худ сари ёрию вафодорӣ надоштанд. Калиди бозкушои қуфли ин бунбасти сиёсиро дарёфтан мебоист, ки ҳанӯз номаълум буду нопайдо. Баъди гузора гардидани чанд даври гуфтушунидҳо боз ҳам ғаризаи табиии Пешвои муаззами миллати мо дар кушоиши ин уқда, саҳеҳтараш дар бишкастани тилисми нокомиҳои раванди ҳамгироиву сулҳталабӣ, кор доду фазои ҳамдилӣ фароҳам омад. Ин шаҳкалиди тозакашфи сулҳовари Сарвари давлати моро ном „Гузашти сиёсӣ“ буд, ки дар заминаи он пойбасти бинои созиш пай афканда шуд ва дар масири солҳо нафас ба нафасу қадам ба қадам ба як Кохи бегазанде табдил ёфт, ки хишт ба хишташро ғояи ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Муаллифи забардасти дурнигари ин ғоя, ки то ба сатҳу дараҷаи идеали миллӣ мартаба гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз дар партави ҳамин идеали миллӣ корҳои бунёдкорӣ авҷ гирифта, иншооти пуриқтидоре амсоли неругоҳҳои барқи обии „Сангтӯда-1“, „Сангтӯда -2“, садҳо корхонаҳои саноатӣ, иншооти хидматгузории иҷтимоию варзишию сайёҳӣ, шабакаҳои телевизионию радиоии ҷадид, шоҳроҳҳои байналмилалию ҷодаҳои нақлиётгарди дохилӣ, биноҳои бешумори таъйиноти истиқоматию корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Гузашта аз ӯ тамоми риштаҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба рушду ривоҷ оварда, сатҳи зиндагии ҷамъи раъияти сарзамин беҳтару шоистатар шуд. Аз нӯшаи ин арзиши беназиру бесобиқаи идеали миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи навини Тоҷикистон бархӯрдоранд, ки ҳамвораю пайваста дар нисбати меъмори сулҳ, ки тадбири фурӯкаш кардани ҷанги ҳамватаниро кашф карда, миллату меҳанро аз вартаи фано наҷот бахшид, каломи шукронаю сипоси самимӣ бар забон меоранд. Дар ин миён беш аз ҳама духтарону занон алфози миннатдории хешро аз фазои фароҳами сулҳу суботу ваҳдати миллию баробарҳуқуқиашон иқрор мекунанд, ки маҳз ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат онҳо ба давлат ёр гардидаанду ба масал дар чаманистони Ваҳдат соҳибихтиёранду бархӯрдор аз хонишу дониш, касбу кор ва мақому мартабаю эътибор. Имрӯзҳо дар қатори намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз ҳама хоҳарону модарони мо дар фазои некуи тараддуду такопӯи бо туҳфаҳои арзандаю шоистаю сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба сар мебаранд. Аз нигоҳи вақт ин таърихи муборак ҳар қадаре дур меравад, бад-он андоза барои мардуми озоданажоди мо қаринтар мешаваду муътабару муҳтарам, чаро ки он ба арзиши ҷовидона ва идеали миллии мо табдил ёфтааст.
Шоҳона Одиназода