Халқ, ки худ ҷавҳаршинос аст, эҳтиромашро танҳо ба дӯстдоштаҳояш изҳор медорад, ҳеҷ гоҳе ба ройгон намедиҳад. Лола Ғуломова соли 1981 баъд аз хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба хоҷагии маъруфи ба номи Томини вақт баргашта, аз рӯи ихтисос ба фаъолият оғоз кард.
Лола корро ба таври ғайриинтизор оғоз бахшид. Як муддат танҳо ба омӯзиш шуғл варзид. Устодаш, Пирназар Шарифов, ки як шахси хеле сахтгир ва нисбат ба камбудиҳо оштинопазир буд, ба ӯ дар ҳеҷ масъала гузашт намекард ва ҳамеша як чизро таъкид мекард: „Дар кори ҳисобу китоб чизи хурд ва ҷузъӣ нест. Ин ҷо ҳама чиз муҳим аст“…
Бо таъсири бевоситаи ҳамин шахси сахтгир, дар як муддати кӯтоҳ тамоми мушкилиҳо ва нозукиҳои корро аз бар карду аз худ чун як мутахассиси хуби соҳаи банақшагирӣ дарак дод. Ӯ собит сохт, ки дар ин ҷода дониши ҳақиқӣ дорад ва аз уҳдаи ифои вазифа мебарояд. Лола зина ба зина таҷрибаозмуда мешуду боло мерафту кордон, аз мушкилиҳо наҳаросида, ба як ҳавсалаи том корро идома дод. Ҳамчун муовини сариқтисодчӣ акнун ҷиҳати баланд бардоштани ҳаққи заҳмати деҳқонон тадбирҳои зиёдеро татбиқ кард.
Лола ба ҷиҳати заҳматписандӣ ва қобилию кордонияш дар хоҷагӣ ва берун аз он ном баровард. Дар кумитаи ҳизбии ноҳия аллакай ӯро чун як мутахассиси кордону навовар ва ташкилотчии хубу ҷамоатчии фаъол медонистанду эҳтиром менамуданд. Кишоварзон дар симои ӯ як ҳимоятгар ва пушту паноҳи худро медиданд. Ин ҳама, бешубҳа, ба обрӯ ва нуфузи ӯ бетаъсир набуд ва Лола миёни мардум каси шинохта ва соҳибэҳтироме ба шумор мерафт.
Он солҳо сарварии ноҳияи Восеъро ходими намоёни давлатию ҳизбӣ Ҳабибулло Табаров ба уҳда дошт. Ҳ.Табаров, ки дар роҳбарӣ соҳибтаҷриба буд, ҳама мутахассисони лаёқатманди ноҳияро як – як медонист, аз ҷумла Лоларо низ. Ин буд, ки соли 1987 бо пешниҳоди ӯ Лола Ғуломова аз вазифаи иқтисодчии хоҷагӣ ба вазифаи котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳия тавсия шуд.
Ин гуна „гардишҳои бузург“ он айём хеле кам рух медоданд. Яъне, хеле ғайриинтизор буд, ки як иқтисодчиро, бидуни собиқаи корӣ дар созмонҳои комсомолӣ ба вазифаи котиби аввали кумитаи комсомолии ноҳия лоиқ шуморанд. Барои Лолаи ҷавон ин мақом санҷишгоҳ буд ва ӯ аз ин имтиҳони қисмат бо сарбаландӣ гузашт. Дар ин вазифаи бисёр масъулиятнок, ки ҳар қадамаш зери назорати ҳизб қарор дошт, се сол пурсамар фаъолият бурд. Ба ивази кори бенуқсон дар ташкилоти комсомолӣ ва бо дарназардошти лаёқати роҳбарӣ доштанаш, соли 1988 ӯро барои таҳсил ба мактаби олии ҳизбӣ ба шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Русия фиристоданд. Соли 1990 мактаби мазкурро, ки барои кормандони ҳизбӣ даргоҳи камолоти роҳбарӣ маҳсуб мешуд, бомуваффақият ба итмом расонда, ба ноҳия баргашт. Акнун ӯ дар сафи он чанд нафар кадрҳои ҳақиқию тарбиятдидаи ноҳияи Восеъ, ки обутоби маънавӣ дида, барои роҳбарӣ омода шуда буданд, қарор гирифт.
Халқ фарзанди сазовор ва арзандаи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва дар лаҳзаҳои мушкилу вазнин маҳз ба онҳо эътимод баставу такя мезанад. Дар лаҳзаҳои мушкили солҳои 1992 – 97 Лола Ғуломова бо мардум буд ва мардум низ бо ӯ. Хосияти инсонҳои асил ин аст, ки дар ҳеҷ маврид асолати азалии худро гум намекунанд ва маҳз ҳамин чиз онҳоро бологузару болонишини мардум мегардонад.
Лола Ғуломова барои расидан ба мақоми муовини раиси ноҳия роҳи мушкилро паймуд. Яъне, фаъолияти серҷабҳа ва таҷрибаи амиқи кориаш дар сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, барои пеш бурдани корҳояш имкони мусоидеро фароҳам оварданд. Ҳоло ба зиммаи ӯ назорати соҳаи аз ҳама мушкил, яъне фарҳангу маънавиёт ва иҷтимоиёти мардуми ноҳия вогузор шудааст. Барои фаъолият дар ин соҳа донишу таҷрибаи роҳбарӣ, лаёқати баланди касбӣ, як ҳисси амиқи масъулиятшиносӣ зарур аст, ки ба фаъолияти зерсохторҳо баҳои воқеӣ дода тавонӣ. Хушбахтона, Лола Ғуломова ин ҳамаро дорад ва боз аз ҳама чизи муҳиму асосӣ, таҷрибаи кор кардан бо мардумро низ…
- Мо ҳарчи омӯхтем, аз пирони кор омӯхтем, - маънидорона ба сӯям менигарад ӯ. - Ифтихор мекунам, ки бо ашхоси шарафманду бузург, қаҳрамонҳои арсаи меҳнат ва маъруфи вақт амсоли бобои Миралӣ Маҳмадалиев, Абдӣ Авазов, Ҳабиб Партоев, Саид Қувватов, Пирназар Шарифов, Малика Қурбонова, Гулинор Рӯзиева, Гавҳарбӣ Пираковаю Бозоргул Алиаҳмадова ва боз чандин касони дигар якҷо фаъолият карда, аз онҳо на танҳо кору бор, балки сабру тоқат, адл, инсоф, муносибат бо мардум, таҳаммул, тарбия додану интихоби кадр ва ғайраю ҳоказоро омӯхтам.
Бобои Миралӣ чунон дар кори худ устод буд, ки як бор аз назди замин мегузашт, тамоми неку бади онро мефаҳмид. Мисли як донишманд, ки ҳама нозукиҳои кори соҳаашро медонад, ӯ низ заминро медонист. Абдӣ Аваз низ ҳамин гуна шахс буд. Дар хотирам ҳаст, ки дар хоҷагии ӯ намоянда будам ва чанд рӯз ҳамроҳаш дар саҳро давр задем. Аз саҳар то бегоҳ дар офтоби сӯзон аз як қитъаи замин ба қитъаи дигар мерафтем. Медидам, ки як бор ҳам хӯрдани хӯрок ба хотираш намерасид. Як замон ба ман нигаристу дарёфт, ки аз вақти хӯроки нисфирӯзӣ чанд соат гузаштаасту мо ҳанӯз гурусна, дар офтоби тафсон давр мезанем:
- Комсомол, ту ягон чиз хӯрдӣ?
- Не, охир ҳамроҳ замингардӣ кардем – ку.
- Рав, ягон чиз бихӯр, баъд корро давом медиҳем!
Вале худаш дар андешаи хӯрдан набуд. Гӯё барои ӯ ғизохӯрӣ ягон зарурате надошта бошад, боз бо хотири ҷамъ дар ҳамон офтоби сӯзон корашро давом дод…
Се сол пеш 100 - солагии бобои Миралиро бо тантана ҷашн гирифтем ва қасреро, ки худаш бунёд карда буд, аз нав таъмир намудем. Дар маркази ноҳия маҷлиси калон барпо кардем ва ҳамаи онҳоеро, ки бо ӯ кор карда буданд, даъват намудему аз кору рӯзгораш ёд овардем…
Лола Ғуломова, ки худ парвардаи созмони ҷавонон аст, ҳамеша ба ҷавонон ва кору рӯзгори онҳо мароқи бештаре зоҳир менамояд. Аз ҳама муҳим, онҳоро мефаҳмад ва дарк месозад. Ҷавонони ноҳия низ дар бештарини вақт ба ӯ такя мекунанд ва аз ӯ маслиҳат мегиранд.
- Ҷавонони имрӯза дигаранд. Онҳо дар андешаи худ мухторанд ва ба онҳо таъсир расондан кори осон нест. Ин як давраи бисёр кӯтоҳ аст ва дарҳол мегузараду шавқу шӯр кунд мешаванд. Ҳар ҷавоне инро аз сар мегузаронад, вале гумроҳию нодонӣ ва ҷоҳилӣ амалҳои нобахшиданиянд. Алҳазар, аз гумроҳону нодонон ва ифротгароҳо, ки дини мубини исломро сипар карда, ҳадафҳои ҷоҳилонаи худро амалӣ менамоянд, - мегӯяд Лола Ғуломова.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Восеъ теъдоди ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, дар ҳоли афзоиш аст, дар ин иртибот саҳми Лола Ғуломова арзанда аст. „Мо ба ҷавонон умед мебандем ва бовар дорам, ки онҳо ҷомеаи моро, ҳамон тавре ки лозим аст, месозанд ва бунёд мекунанд. Ба ин ягон шакку шубҳа надорам“, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Лола Ғуломова.
А. ҲАБИБУЛЛОПУР