Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА/CiCA) баргузор гардид.
Фишурдаи суханронии сарони давлатҳои аъзо:
- Иштирокдорони муҳтарам! Сипос барои эътимод дар роҳбарии МҲТБО. Тоҷикистон дар навбати худ ҷонибдори эътимоду таодул дар Осиёст. Имрӯз ҳамаи мо бо мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастем, ки баъзеашон бо хусусияти гузаштани солҳо таърихианду баъзеашон нав ба миён омадаанд. Ҳоло таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ зиёд шудааст, ки мебояд аҳамияти бештаре ба ин мушкил зоҳир намоем. Тоҷикистон вобаста ба мубориза бо терроризму экстремизм ду конфронси сатҳи баландро баргузор намуд.
Мушкили дигари минтақа вазъи носозгори давлати Афғонистон аст, ки бояд онро ба назар гирем, зеро барқарорсозии сулҳу субот бе ҳамгироиву ҳамкорӣ имкон надорад.
Дар самти дигар шудани иқлим ва олудашавии муҳит пешниҳод мекунам як ҳалномаи мушаххас рӯи даст бигирем. 93 фоизи Тоҷикистон кӯҳсор аст ва суръати баланди аз байн рафтани пиряхҳо хатаре барои экология хоҳад дошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
- Ба ин бовар ҳастем, ки Тоҷикистон ба ҳайси роҳбар МҲТБО-ро ба сатҳи нав мерасонад. Дар яке аз ҷаласаҳо зикр карда будам ва имрӯз ҳам мегӯям, ки барномаҳои муштараки давлатҳои аъзои ин созмон дар асоси эҳтироми мутақобил ба Истиқлолият ва тамомияти марзӣ бояд сурат бигирад. Дар ин сурат амнияти минтақаро метавонем таъмин бикунем. Мо, манофеи худро дар самти амният, сулҳ ва суботи байналмилал ҳимоя мекунем, аммо ҳеҷ гоҳ аз дигарон боло намегузорем. Барои мо амнияти тамоми дунё ва Қораи Осиё муҳим аст. Ба қавли Рӯдакии бузургвор:
Ҳама ниюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.
Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин
Си Ҷинпин
- МҲТБО метавонад корҳои хуберо барои кишварҳои Осиё анҷом бидиҳад ва барои рафъи мушкили давлатҳо расидагӣ бикунад. Фаъолияти мо бояд дар доираи эҳтироми ҳамдигарӣ ва адами дахолат ба корҳои давлатдории кишварҳои аъзо ва дастгирии иқдомоти ҳамкорӣ сурат бигирад. Бар зидди терроризму экстремизм мубориза бурда, нагузорем, ки гурӯҳҳои ҷинояткор ба маводҳои кимиёвию яроқи ҳастаӣ даст ёбанд. Вазъ дар давлати Сурия бояд ором карда шавад. Ҳоло дар дунё ҷанги иттилоотии ноодилона рафта истодааст, ки бояд аз он пешгирӣ кард.
Президенти Федератсияи Россия
Путин Владимир Владимирович
- Ташаккур барои меҳмоннавозии гарм. Дар нишастҳои МҲТБО мушорикат намуда, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва дӯстӣ байни кишварҳои аъзои он ҳастем. Кишвари мо имрӯз ба хатари терроризм рӯ ба рӯст. Роҳҳои мубориза бо онро бояд ҷустуҷӯ кунем. Мушкили дигаршавии иқлим ҳам вуҷуд дорад. Бангладеш мизбони паноҳандагони Руҳинҷост. Паноҳандагони Мянмар воқеан мушкилоте барои кишвари мо эҷод мекунанд. Роҳҳои кумак барои баргардонидани гурезаҳо ба ватанашон бояд андешида шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш
Абдул Ҳамид
- Мо имрӯз бояд ҷаҳоне созем орӣ аз терроризм, экстремизм бошад. ҶИЭ ҷонибдори ин тавофуқ аст ва борҳо омодагии худро барои дастгирии сулҳу амнияти ҳамагонӣ эълон кардааст. Мо аз пружаҳое, ки дар пешрафти омӯзишу маориф, иқтисод, коммуникатсия ва ҳар чизе, ки боиси пешрафти мардум аст, дастгирӣ хоҳем кард. Дар шароити ҷаҳони муосир як давлат наметавонад ба танҳоӣ амал намояд, дар замони имрӯз аз сиёсати ҳамгироиву ҳамкорӣ бояд кор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон
Ҳасан Рӯҳонӣ
- Мутаассифона, ҳоло вазъи ҷаҳон бисёр печида аст. Таҳдидоти амниятӣ, экологӣ ва нуқтаи назари мазҳабӣ хатари аксар давлатҳост. Бояд МҲТБО-ро ба як созмони ҷаҳонӣ мубаддал созем ва манофеи мо дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шаванд. Мо бояд бархӯрди муштарак ва маромнок дар мубориза бо терроризм дошта бошем. Пешниҳод менамоям Фонди шӯрои тиҷоратии МҲТБО ташкил карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
Касим-жомарт Такаев
- Аввал ташаккури бепоёни ман барои даъват ба ин конфронси сатҳи баланд аз ҷониби Тоҷикистон. Инро бояд иқрор шуд, ки оянда мутааллиқи Осиёст, аз ин рӯ, сулҳ дар минтақа бояд таъмин бошад. Бо таассуф аз ҳамлаҳои террористии охир дар Шри-Ланка, ки мардумро дар ҳолати шок қарор дод, ёдовар мешавам. Озодӣ ва Истиқлол аз дастовардҳои муҳими ҳар миллат аст. Мушкили асосии мо имрӯз терроризм аст. Фановариҳои технологиву иттилоотӣ ё ба истилоҳ «АйТи» технологияҳо бояд мақсаднок мавриди амал қарор бигиранд.
Президенти ҶДС Шри - Ланка
Майтрипала Сирисена (аъзои тозапайвасти МҲТБО)
- Мо ҳамла ба Шри - Ланкаро маҳкум мекунем. Ба ҷанги Сурия ҳам бояд зудтар хотима дод. 4 миллион паноҳҷӯёнро дар кишвар ҷо додаем. Мо хоҳиши анҷом додани амалиёти зиддитеррористӣ ҳастем. Дар марз бо Туркия ҳоло 330 ҳазор гуреза интизори баргаштан аст. Ҷанги Сурия даҳҳо ҳазор кушта ба ҷо гузошт. Барои вазъи ҷангии Афғонистон низ бояд чораҷӯӣ кард. Конфронси Душанбе бояд саҳифаи тозае барои анҷоми ҳамкориҳои бисёрҷониба бошад.
Президенти Ҷумҳурии Туркия
Реҷеп Тайип Эрдуғон
- Конфронси Душанбе як заминаи бисёр муътабар аст дар таъмини амният. Вайроншавии иқлим, зиндагии сатҳи паст, омӯзиши сатҳи ғайриқобили қабул, радикализм байни ҷавонон ва адами эътимод байни давлатҳо, ки коршиносон мегӯянд набудани боварӣ метавонад боиси сар задани низоъҳои низомӣ гардад.
Мушкили хушкшавии баҳри Арал, ки барои инсоният, хосса барои сокинони мавзеъҳои гирду атрофаш хавфнок аст, бояд мавриди ҳаллу фасли ҷиддӣ қарор бигирад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев
- Ҳадафи аслии созмон пойдории сулҳу амну субот дар минтақа мебошад. Мо бояд барои сулҳу субот, пойдории амният, аз байн бурдани фақр талош варзем. Афғонистон ташнаи сулҳ аст ва барои он талош меварзад. Барои ба даст овардани сулҳу субот аз ҷанобони минтақа хоҳиш мекунем, то кумакрасон бошанд.
Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ
- Муҳтарам Раиси созмон, ташаккур барои меҳмондории сатҳи олӣ. Ҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо, имрӯз ҳам расидан ба сулҳу озодӣ орзуи ягонаи тамоми давлатҳо боқӣ мондааст. Мушкилоти зиёде имрӯз давлатҳои дунёро дунбол мекунад, ки аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши яроқ ташвишовар аст.
Ноиби президенти Ҷумҳурии Ветнам
Данг Ти Нгог Тинх
Гулноза БОБОМУРОДОВА