Бахусус дар иртибот ба тайёр намудани кадрҳои болаёқат ин система хеле муваффақ буд. Барои ба як мансаб ва ё вазифаи роҳбарикунанда расидани як кадр солҳо барномарезӣ мекард ва дар тарбия ва ба камол расидани ӯ маблағҳои ҳангуфт ҳазина мекард. Дар натиҷа барои чунин ашхос иҷрои рисолат ва эҳсоси масъулият дар ҷои аввал қарор мегирифт. Онҳо на соати корӣ мегуфтанду на фарзанду оила, на маҳалли кор интихоб менамуданд ва на аз чизе гила доштанд, мисли сарбозони сарсупурда омода буданд ба ҳар гӯшаи Ватан бираванд ва дар рушди он саҳм бигиранд. Қаҳрамони навбатии мо аз шумули чунин ашхос аст.
Латофат Насриддинова 17 январи соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1968 баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ба факултаи педагогика ва психологияи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил мегардад. Азбаски баъд аз хатми донишкада дар даст дипломи сурх дошт, ӯро дар кафедраи педагогика ва психология ба кор пазируфтанд.
Бо гузашти вақт ба ноҳияи Муъминобод омад ва мудири боғчаи бачагона шуд. Ин шуғл табъи дилаш буд, аммо як орзуи падар оромаш намедод. Падар хеле мехост яке аз фарзандон корманди ҳизбӣ бошад. Азбаски писарон ин роҳро интихоб накарданд, Латофат ба худ қавл дод, ки то ба кори ҳизбӣ наравад ва мавқеи худро устувор насозад, издивоҷ нахоҳад кард.
Ҳанӯз замони донишҷӯӣ узви ҳизби коммунистӣ шуда буд ва ҳини фаъолият дар боғчаи бачагона маҳорати суханварӣ, ташкилотчигӣ ва талошу кӯшишҳояшро ба инобат гирифта, ӯро соли 1974 ба кори ҳизбӣ ҷалб намуданд.
Солҳои 1977 -1979 дар риштаи сиёсатшиносии мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил намуда, соли 1982 орзуи падарро ҷомаи амал пӯшонд, зеро ӯро дар пленуми ҳизбӣ котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Муъминобод интихоб карданд.
Замони издивоҷаш ҳам тақрибан ба ҳамин давра рост меояд. „Аз Тошканд баргаштам ва дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, вақти харидани чипта ба ҳавопаймо ба шаҳри Кӯлоб бо Амир Муҳиддинов ном ҷавон шинос шудам. Риштаи тақдир баъд аз се сол сарнавишти моро барои як умр бо ҳам пайваст“, – ёдовар мегардад ҳамсуҳбатам.
Дере нагузашта ӯро ба ноҳияи Фархор ба кор фиристонданд. Тайи ду сол дар ин ноҳияи нисбатан калон фаъолият дошт ва аз байни миллатҳои гуногун, аз қабили қирғизҳою қазоқҳо, русҳою тоторҳо дӯстони зиёде пайдо кард. „Роҳбарии як ноҳияи калон ва сермиллат кори саҳл набуд, аммо таҷрибаи андӯхтаам дар мактаби ҳизбӣ хеле кумак намуд. Бо назардошти махсусиятҳои миллӣ ва расму оинҳои халқҳои гуногун бо онҳо муносибати ҳасана роҳандозӣ кардам ва натиҷаи мусбате ба бор омад“, – ёд овард он солҳоро Латофат Шоҳмуродовна.
Баъд аз андӯхтани таҷрибаи кофӣ ӯро ба вазифаи хеле сермасъулият ва заҳматталаб –котиби ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб интихоб намуданд. Замони роҳбарии Латофат Насриддинова дар ин шаҳри бостонӣ ба солҳои 1985 – 1993 рост омад.
Соли 1993 мусоҳибамро ба симмати муовини раиси вилояти Хатлон таъйин карданд ва тайи ин муддат, ки ҷумҳуриро ҷанги хонумонсӯз фаро гирифта буд, ӯ ба маънии аслии ин ибора аз обу оташ гузашт. Се маротиба гурӯҳҳои ифротӣ хостанд ба қатлаш бирасонанд, хушбахтона, ба мақсад нарасиданд. Дастгирии ёру дӯстону ҳамкасбон, шавҳару хушдоман ва падару модар сабаб гардид, ки ӯ аз роҳи пешгирифтаи худ дар иртибот ба хидмат ба миллату Ватан бознагардад ва боре ҳам аз мушкилот наҳаросад.
Соли 1995 Латофат Насриддиноваро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карданд. „Вақте ба кор шурӯъ намудам, дар кумита ҳамагӣ 6 нафар фаъолият дошт, маош танҳо барои харҷи роҳ мерасиду халос. Илова бар ин, дар пойтахт хона надоштам, аз ин рӯ, дар хонаи як дугонаам зиндагӣ мекардам. Аммо вақте шахс зина ба зина камол меёбад, ҳеҷ мушкиле пеши роҳаш шуда наметавонад. Ба тадриҷ штати кориро ба 15 нафар расондем, иртиботро бо дигар вазоратҳову идораҳои давлатӣ ва созмонҳои ватанию хориҷӣ мустаҳкам намудем. Фаъолияти густурда сабаб шуд, ки мардум ба кумита роҳ гирифтанд ва мо ҳам то ҳадди имкон талош менамудем мушкилоти онҳоро ҳаллу фасл созем. Бо даст додани имкон талош мекардем корҳои хайрияро зиёдтар анҷом диҳем. Ёд дорам, вақте тасмим гирифтем, ки дар шаҳри Роғун, ки он замон маркази даргириҳо қарор гирифта буд, кори хайреро анҷом диҳем ва хатнатӯйи 150 писарро сарпарастӣ намоем, ҳама дар ҳайрат монданд. Илова бар ин, як рӯз қабл 5 нафар милитсионерро дар ин минтақа гурӯҳҳои мусаллаҳ ба қатл расонда буданд. Касе амнияти моро кафолат намедод. Вақте ба ин шаҳр расидем, мардум, ки аз ҷангу мотам дилгирифта шуда буд, хоҳиш карданд, ки маъракаро на дар дохили бино, балки дар майдон анҷом диҳем. Ҳар лаҳза аз бино ва ё баландие нафари мусаллаҳе метавонист кормандони мо ва аҳли ҳунарро, ки бо худ бурда будем, ба қатл расонад. Новобаста ба ин, бо хости аҳолӣ дар майдон маърака оростем ва мардум аз хурд то бузург шодию хурсандӣ карда, ба рақс баромаданд. Чунин лаҳзаҳо як умр дар хотир мемонанд“, – мегӯяд муаллима.
Қаҳрамони мо тайи 10 соли фаъолият дар Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон сафари корӣ дошт ва аз минбарҳои баланд дар иртибот ба Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он сухан гуфт.
Латофат Шоҳмуродовна солҳои 2004 – 2006 дар симмати муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ оид ба робитаҳои хориҷӣ фаъолият дошт. Дар ин муддат бо талошҳои ӯ квотаҳои президентӣ миёни ноҳияҳои ҷумҳурӣ баробар тақсим гардид ва духтарони зиёде аз минтақаҳои дурдасти мамлакат тавонистанд дар донишгоҳҳо таҳсил намуда, соҳиби касбу кор шаванд.
Солҳои 2006 – 2008 Латофат Насриддинова мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба илм ва технология буд. Аз соли 2009 дар нафақа мебошад. Баъд аз ба нафақа баромадан, соле дар Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ кор кард.
Дар баробари анҷом додани вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ аз соли 1998 боз ин бонуи заҳматкаш роҳбарии созмони ҷамъиятии „Зан ва оила“ -ро бар дӯш дорад. Ӯ соли 1999 барои аввалин бор курси семоҳаи занҳои сарварро ташкил дод. Тибқи озмун бонувони бомаърифату кордон аз вазоратхонаҳову идораҳои давлатӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Барои тайёр кардани кадрҳои болаёқат Латофат Насриддинова беҳтарин мутахассисонро дар риштаҳои иқтисод, сиёсатшиносӣ ва суханварӣ ба кор дар ин лоиҳа даъват намуд. Дар давоми се моҳ навад нафар онро хатм намуда, 81 нафар то имрӯз дар риштаҳои гуногун дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад.
Ба шарофати ин созмони ҷамъиятӣ мусоҳиби ман аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дидан карда, дар омода намудани кадбонуҳо, бонувони сарвар, косибон, кишоварзон ва боз даҳҳо касбу кори дигари занона саҳм гирифтааст.
Аммо бо ин ҳам фаъолияти Латофат Насриддинова маҳдуд намегардад. Дар давоми чанд соли охир аз зери қалами сабзи ӯ китоби таронаву ҳикояҳо ва қиссаву маслиҳатҳои тиббӣ таҳти унвонҳои „Сиришки ишқ“, „Гарде аз чархи гардун“, „Ҳазору як дармони дарди шумо“, „Сесад тавсияи ҷавон мондан“ ба дасти хонандагон расидаанд. Ногуфта намонад, ки дар чопи дувуми „Ҳазору як дармони дарди шумо“ 150 ретсепти дигар илова гардидааст. Худо хоста бошад, китоби панҷуми ин бонуи сабзқалам вақтҳои наздик ба дасти хонанда мерасад.
Вале ин ҳам ҳанӯз портрети мукаммали ин бонуи кордон, заҳматкаш ва муваффақ нест. Аз издивоҷ соҳиби ду фарзанди наку гардид. Ҳоло писараш Тоҷиддин Муҳиддинов дар ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси судя фаъолият дорад. Гулдухтараш Бону Амирзода иқтисоддон аст ва дар „Амонатбонк“ кор мекунад. Новобаста ба серкорӣ ва иҷрои вазифаҳои муҳими давлатию модарӣ ҳамеша дар қалбаш меҳр ҷӯш мезад ва эҳсоси накукорию корҳои хайр боло мегирифт. Латофат Шоҳмуродовна дар баробари тарбияи фарзандони худ духтареро аз хонаводаи маъюбон ба фарзандӣ пазируфт ва дар парвариши вай модарона саҳм дорад. Имрӯз шукри Офаранда мегӯяд ва дар вақтҳои фориғ аз кор 9 набераи дӯстрӯ ва зебояшро ба оғӯш мекашад.
Мо ба ӯ сари сабзу қалами сабз ва баҳори сабзу Наврӯзи сабз таманно дорем!
Фароруни Сабзқадам