03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ

presidenttj.jpg

Шурӯъ аз санаи 24 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид ва мардуми заҳматқарини ин ноҳия Пешвои миллатро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаи маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд. Баъдан аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои "Хингоб"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маркази савдо, дар ошёнаи дуюм чойхона бо 60 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ ҷойгир шудааст. Дар шафати маркази савдо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи иборат аз маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандиро мавриди истифода қарор доданд, ки дар он аз санъати волои кандакорӣ аз чӯб ҳар гуна лавозимоти рӯзгор омода ва пешкаши мизоҷон мегардад.

 

  • CLICK_TO_ENLARGE sangvor1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE sangvor2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE sangvor3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE sangvor4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE sangvor5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE sangvor6.jpg

 

Баъдан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона инъом намуданд ва сипас, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баландии 50 метр дар маркази ноҳияи Сангвор ботантана барафрохтанд ва зимни мулоқот бо сокинони он суханронӣ намуданд.  

Маврид ба ёдоварист, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ сокинони ноҳияи Сангвор, ки шуғли асосиашон кишоварзист, саҳми назаррас мегузоранд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳияи Сангвор дар соли 2019 27 гектар боғҳои нави мевадиҳандаи себу нок, аз ҷумла 1 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд намудаанд.

Раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Сангвор ба пешвози арзанда аз ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ босуръат идома дорад ва сокинони ин минтақаи дурдасти мамлакат талош бар он доранд, ки ин ҷашни бузургро бо дастовардҳои аз ин ҳам бештар истиқбол намоянд.

 

Баъд аз нисфирӯзӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод оғоз гардид.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон бо дастовардҳои меҳнатии мардуми ин ноҳияи хушманзара шинос шуданд ва ба навъҳои гуногуни ҳунари бонувони ин ноҳия баҳои баланд доданд. Баъд аз боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ Сарвари давлат ба фаъолияти хоҷагии навбунёди деҳаи "Холибек", ки 12 гектарро ташкил медиҳад ва дар майдони беш аз 5 гектар, аз ҷумла 2,54 гектар боғи интенсивии нав бунёд карда шудааст, шинос шуда, ба кори деҳқонон ва дар маҷмуъ ба вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод баҳои баланд доданд.

 

  • CLICK_TO_ENLARGE nurobod1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE nurobod2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE nurobod3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE nurobod4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE nurobod5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE nurobod6.jpg

 

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии ба номи “Абубакр”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар ин маркази хизматрасонӣ ҳамчунин сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона таъсис дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, барои анҷом додани чунин иқдомҳои созанда ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд. Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи мазкур марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд. Дар шафати роҳ 80 адад симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рушноӣ васл гардидааст.

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои коргоҳи коркарди тунука, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чӯб, коргоҳи истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми марказ фурӯши маводи ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин ҷо хони идона ороста шуда, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 50 нафар ятимони кул чун анъанаи неки аҷдодӣ туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону оилаҳои ниёзмандро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуданд. Баъдан, бинои Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.

 

Санаи 25 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ  ба ноҳияҳои водии Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд ва бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ тақдим гардид.

 

  • CLICK_TO_ENLARGE tojikobod1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE tojikobod2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE tojikobod3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE tojikobod4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE tojikobod5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE tojikobod6.jpg


Сипас, дар маркази ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Майдони Парчам (бо баландии 35 метр) ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорҳ қарор доданд, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Ҳамчунин дар назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни бунёди Боҳи фарҳангу фароғатии ноҳия аз наздик шинос шуданд, ки он дар масоҳати 2,30 гектар бунёд гардида, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон пешбинӣ гардидааст ва дар назар аст, ки макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ноҳия гардад.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори занбӯри асалпарварони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Баъд аз иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи Сари Пули ноҳия бо доираи васеи сокинони ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти самимию созанда баргузор шуд.

Зикр гардид, ки соли 2018 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ татбиқ шуда, соли ҷорӣ дар ин самт иҷрои корҳо ба маблағи 8 миллион сомонӣ идома дорад. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.

           

Нимаи дуюми рӯзи 25 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Лахш - шаҳраки Ваҳдат ташриф оварданд, то аз вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ воқиф гарданд. Дар ин шаҳрак аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ занону духтарони ҳунарвар ва пешаварони номӣ аз 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсули ҳунари худро пешниҳод карданд. Маврид ба тазаккур аст, ки бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзонидани он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он чанд коргоҳи хурд сохта ба истифода дода шуд.

 

  • CLICK_TO_ENLARGE lakhsh1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE lakhsh2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE lakhsh3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE lakhsh4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE lakhsh5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE lakhsh6.jpg

 

Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ (бо поя - 8 метр) ва Нишони давлатиро (бо баландии 14 метр) ифтитоҳ карданд. Бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю ободгаронаи Ҳукумати кишвар сокинони ноҳия сохтмони муҷассамаро аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони ватандӯст бунёд карданд ва майдони он айни ҳол макони сайру тамошои мардуми меҳнаткаши ноҳия гаштааст.

Дар фарҷоми сафари хеш ба ноҳияи Лахш Президенти мамлакат бо шумораи зиёди сокинони ин ноҳия, ки барои мулоқот бо Сарвари давлат дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.

Санаи 26 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд ва нахуст дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ карда шудааст, мавриди истифода карор доданд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 3 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар ихтиёри онҳо 4 ҳазору 659 гектар, аз ҷумла 3 ҳазору 339 гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Набот»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум шинос шуданд, ки дар хоҷагии мазкур 72 нафар саҳмдор, ки 28 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд, фаъолият дошта, маоши хуб низ дарёфт менамоянд. Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт”-ро, ки аз ошхона, сехи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар таҳхонаи бинои маркази хизматрасонӣ Чойхонаи миллӣ бунёд ёфтааст, ки имконият дорад якбора ба 120 нафар хизмат расонад. Масъулин дар маркази хизматрасонии мазкур ҳамчунин меҳмонхонаи замонавиро бо 40 ҷойи хоб барои қабули сайёҳон бунёд кардаанд. Ҳамчунин, дар ноҳияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд, ки ин иншооти хизматрасонӣ дар шафати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунёд карда мешавад, ки то соли 2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои  Маркази ташхисию табобатии “Сияриён”-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир дар масоҳати умумии 2000 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре иттиллоъ дода шуд, солҳои қабл аз сабаби набудани чунин марказҳои муосири ташхису табобат, сокинони ноҳияи Рашт роҳи дарозро тай карда, ба пойтахти мамлакат барои ташхису табобат мерафтаанд.

 

  • CLICK_TO_ENLARGE rasht1.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht2.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht3.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht4.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht5.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht6.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht7.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht8.jpg
  • CLICK_TO_ENLARGE rasht9.jpg

 

Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 442,8 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Баъдан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Рашт дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Санаи 26 июн дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказӣ дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори санаи таърихӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику табрику таҳният гуфта, ҳамагонро барои вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

:.  Сиёсат 02.07.2019 09:06 1173

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz