Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравии ҷомеа ва тарбияи насли солимро аз баракати модарон медонанд ва доим таъкид менамоянд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оила ин ҷузъи асосию таркибии ҷомеаро дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф намудаанд, зеро дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015- ро „Соли оила“ эълон карда буданд. Ҳадаф аз эълон шудани соли оила баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, устувор гардондани мавқеи оила дар ҷомеа, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар самти таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муносибати хубу ғамхорона дар хонавода, эҳтироми падару модар ва умуман калонсолон, инчунин ҳифзи оила ҳамчун арзиши ниҳоят гаронбаҳои фарҳанги миллиамон мебошад.
Ҷашни Рӯзи Модар ба рӯзҳои аввали фасли зебои баҳор рост меояд ва ба андешаи Сарвари давлат, агар баҳор оғози эҳёи табиат, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медоранду ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо меоранд. Барҳақ, модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонанд.
21 июни соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи „Меҳри модар“ барои 1200 ҷой бо Муҷассамаи модар майдони васееро интихоб намуданд ва барои сохтмони он оғоз бахшиданд. Ин иқдом, яъне бунёди чунин як маҷмаа ба хотири гиромидошти қадру манзалати зан-модар дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар ҷамъомади тантанавӣ 6 марти 2015 ба миён омада буд.
Аз тарафи Пешвои миллат қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо“ аз 1 марти соли 2005 таҳти рақами 89 намунаи олии чунин қадршиносию баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо бонуи тоҷик роҳбари кордон, донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Айни замон 2 нафар бонувон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии „Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016“ айни замон 2608 нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2015–2016 аз 1312 нафар ҷавононе, ки тибқи квота қабул гардидаанд, 678 нафари онҳоро духтарон ташкил доданд ва 123 нафар духтарони тибқи квота дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доранд. Аз ҳисоби ҷавонзанони тибқи квотаҳои президентӣ мактабҳои олиро хатмнамуда 9 нафар ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъйин шудааст. Ба ҳолати 1 сентябри соли 2016–ум 1446 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла 219 нафар занон дар озмунҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, аз онҳо 735 нафар, аз ҷумла 149 нафар занон ба мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд. Чунин мисолҳо хеле бисёранду беохир.
Сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти кор бо занон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд ва дар худи ин сохтори давлатӣ низ бонувони пешқадами ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд. Аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои ҳамаи табақаҳои занон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Занони соҳибкору ватандӯсти тоҷик аз таваҷҷуҳу дастгирии Сарвари давлат ҳамеша баҳравар мебошанд.
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории занон барои солҳои 2016–2020“ ба тасвиб расид. Аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳо, таъсиси ҷойҳои корӣ барои занони хонанишин ва бо ин роҳ беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии онҳо маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.
Барои занони бекасб ва бешуғл низ чорабиниҳои алоҳида татбиқ мегарданд. Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии „Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон“ бо имконияти касбу ҳунаромӯзӣ барои калонсолон фаъолият мекунад, ки ҳамасола бонувони зиёде дар ин ҷо соҳиби ҳунарҳои зарурии рӯзгор мегарданд.
Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони касбу кори гуногунро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ қадр мекунанд. Ин таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ масъулияти занону модаронро, пеш аз ҳама, барои тарбияи фарзандон дар роҳи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ бештар мегардонад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар мулоқоту вохӯриҳо ва зимни ироаи паёмҳои табрикотӣ ба ифтихори Рӯзи Модар изҳори боварӣ менамоянд, ки модарон минбаъд ҳам рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Бино бар таъкиди Сарвари давлат нақш ва таъсири модарони азиз дар амри тарбияи фарзандон, хусусан духтарони худ дар рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла, нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо, бузург ва ҳалкунанда мебошад. Яке аз ҳадафҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ низ ба ҳамин хотир аст.
Зимни мулоқотҳои анъанавӣ бо занону бонувон ва духтарони фаъоли кишвар дар арафаи Рӯзи Модар Сарвари давлат онҳоро бо идашон, ки ба оғози фасли зебои баҳор рост меояд, шодбош мегӯянд ва дар симои иштирокчиён тамоми модарони тоҷикро табрику таҳният менамоянд. Ин аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан - модар олиҳаи зиндагӣ барои мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагӣ, солимии модарон ва иштироки фаъоли онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар навбати худ тамоми мардуми кишвар ва модарони тоҷик ба зан-модаре аҳсан мегӯянд, ки чунин фарзанди фарзонаро барои наҷоти миллат ба халқи тоҷик ҳадя намуданд. Дуои модари меҳрубон Майрамбону (рӯҳашон шод бошад) барои писар, ки дар рӯзҳои сахту сангин раҳнамову роҳкушои халқ гардид, мустаҷоб шудаву имрӯзҳо ба шарофати фотиҳаи неки модари мушфиқу ғамхор фарзанди азизаш барои шукуфоии давлату миллат, пешрафти сарзамин ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ содиқона хизмат менамояд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Самариддини АЙНИДДИН