Аз тамошои навори видеоие, ки марбут ба таҷлили Иди Ғалаба буд, дилаш таҳ кашид. Дар он навор суҳбати журналистро бо ҷавонони раҳгузар медид, ки дар посухи суоли барои чи санаи 9-май ҳамчун ид таҷлил мешавад, раҳгум мезаданд. Беш аз даҳ нафар ҷавону наврас намедонистанд, ки 9 май кадом рӯз аст ва ба кадом хотир ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Яке ин ҷашнро «Иди Фалак» мегуфту дигаре «Рӯзи Истиқлолият»-у сеюмӣ …
- Муаллима, чаро якбора Шумо аз ин навор ёдовар шудед? - мепурсам аз ҳамсуҳбатам:
- Метарсам, ки ваҳдати ба баҳои ҷон баробари мо низ рӯзе чун Иди Ғалаба ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Аз ин бармеояд, ки шояд назари бархе аз ҷавонон ба ваҳдат ҳам чунин бошад. Имрӯз, ки онҳо аз меваҳои шаҳдбори Истиқлолияту Ваҳдат ком ширин мекунанд, шояд аз моҳияти ин вожаҳои сарнавиштсози миллат бехабаранд? – андешамандона посух мегӯяд Раъно Каримова.
- Вале мебоист бо ёди хотираҳои то расидан ба ваҳдат, чӣ гуна ба даст омадани ваҳдати миллиро тариқи барномаҳои радиоиву телевизионӣ ба зеҳни ҷавонон ҷо кунем. Чаро ки ваҳдат барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Хун рехт, садҳо нафар ҷон бохтанд, харобию гуруснагиро зиндаҳо паси сар карданд, ки баъд рӯ ба ободӣ овардем. Хотираҳоро бояд гуфт, агарчӣ талх бошаду сангин, зеро ибратомӯз асту роҳнамо ба сӯи амалҳои нек. Ҷавононро аз омилҳои сар задани он ҳодисаҳои нангину сангини миллат огаҳ бояд намуд. Онҳо бояд донанд, ки дар ҳама давру замон дасисабозону бадхоҳон барои амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ омода ҳастанд, ки мардумро фирефтаи найрангҳояшон созанд. Дар саҳифаи таърихи тоҷикон роҳҳои то ба Ваҳдати миллӣ расидан мебоист ҷовидонӣ монад, - мегӯяд Раъно Каримова.
«Ту аз куҷоӣ....?»
Он замон Раъно Каримова дар шуъбаи ҳуқуқи Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба ҳайси мудир фаъолият мекард. Шоҳиди кашмакашҳо ва нобасомониҳои давр буд. Пеши чашм садҳо тани ба хун оғӯштаро дид, мардуми сарсону саргардон, гуруснаву бехонаю дар, шоҳиди хонасӯзию ба гӯристони умумӣ табдил ёфтани мавзеъҳои обод ҳам гашт.
- Ба ёд овардани он лаҳзаҳо худ даҳшат аст. Даврае, ки нобасомониҳои давр оғоз ёфтанд, шавҳарамро ба таври гузариш ба Авиатсияи Қурғонтеппа ба кор таъйин карданд ва он ҷо зиндагӣ ихтиёр намудем. Агарчи пошхӯрии давлати шӯравӣ ба рӯҳияи мардум зарба расонида буд, вале касе дар бораи ҷанг тасаввуроте ҳам надошт. Ҳоло фикр мекунам, ҳамон маҳалгароие, ки байни мардум доман густурда буд, яке аз омилҳои ҳодисаҳои баъдӣ буданд. Ҳама мепурсиданд: «Ту аз куҷоӣ? Кӯлобӣ, дарвозӣ ё…?», - ботаассуф мегӯяд ҳамсуҳбатам.
«Гурез! Куҷо гурезам!?»
Ҳар боре ӯ аз он хотираҳои сангини зиндагиаш, ки ҷавониашро сарфи он рӯзҳои мудҳиш намуд, ёд меорад, мисли дигар модарони ташнаи сулҳ дуо мекунад, то дар фазои осудаи Ватан хандаи беғаши кӯдакони бегуноҳ танинандоз бошад. Наметавонад ба таҳлука афтодани мардуми саргумгаштаро фаромӯш созад, нидои «ҷанг сар шуд, ҷанг сар шуд» аз лавҳи хотираш дур намегардад.
- Моҳи майи соли 1992 буд. Дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор доштам. Занги телефони хонагӣ садо дод. Гӯширо бардоштам, аз он сӯ як дӯстам мегуфт: «Раъно, гурез, ҷанг сар шуд». Дар ҳайрат будам. Ба худ суол мекардам, ки «ҷанг бо кӣ?». То имрӯз ба ин суол ҷавоб наёфтаам. Воқеан, он рӯзҳои сиёҳе буданд, ки ба сари миллат омад ва то ҳанӯз доғаш аз қалбҳо зудуда нагаштааст. Яке писар гум карду дуюмӣ падар, дигаре ёру бародар. Маро низ бародар ҳадафи тири нохалафе қарор гирифт ва се фарзанд аз ӯ ятим монд. Агарчи бароям ёди он рӯзҳо хеле дарднок асту сангин, гоҳо мехоҳам он давраҳои бесарусомонӣ ва бемаънии рӯзгори миллатамро ба қалам бикашам, то дарсе бошад, барои ҷавонон, ки ояндаи ин миллату ватанро ба онҳо месупурем, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Саҳми бонувон дар барқарорсозии сулҳу Ваҳдат
Соли 1993. Замоне, ки ҳанӯз ҳам нафарони яроқбадаст «ҳукмронӣ» доштанд, Раъно Каримова ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон таъйин гашт. Мебоист бо баъзе бехирадони ситамгар забон меёфт, кор мекарду мушкили мардуми оддиро осон менамуд. Бонувони корозмудаву таҷрибаандӯхтаи дар сиёсат пухта - Низорамоҳ Зарифова, Қиммат Рустамова ва Латофат Насриддинова насиҳаташ мекарданд, ки дар муносибат бо мардум пуртаҳаммулу боандеша бошад.
- Ҳамагӣ 36 сол доштам. Новобаста аз даргириҳои замон вақте бо боварӣ масъулиятро вогузорам карданд, қувваю неру гирифтаму аз пайи кор шудам. Воқеан, он замон бо мардум забон ёфтан ниҳоят душвор буд. Ҳама дар ҳолати ошуфтагӣ қарор доштанд ва касе ба касеву чизе бовар намекард. Бонувони фарзандмурдаву ёру бародаргумкардаро сарҷамъ намудам. Аввалин иқдомамон ташкили қабристони умумӣ буд, зеро шабона сагҳо аз ҳар гӯшае мурдаҳоро ба кӯчаҳо мебароварданду муҳити мотамзадаро пураламтар месохтанд. Сипас, бонувони ғамзада бо эътироз расмҳои фарзандону наздикони фавтидаашон ба даст гирифта, ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо хоҳиш мекарданд, то пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад, - мегӯяд муаллима.
«Шукр, ки ба ваҳдат расидем»
Раъно Каримова мегӯяд, ки баъдан вазифаҳои масъулияташ вазнинтарро (соли 1999 ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон ва сипас панҷ соли дигар роҳбари ноҳияи Муминобод таъйинаш мекунанд) ба уҳда дошт. Вакили Парлумони кишвар ҳам буд. Имрӯз муаллима дар вазифаи роҳбари Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
- Ҷавонии мо солҳои мушкилу нобасомони кишвар номаълум сипарӣ гашт. Аз ҷавонӣ ҳамқадаму ҳамнафаси сиёсат будам. Агарчӣ аз пирӯзии мо, аз ваҳдати миллати тоҷик бархе норозӣ буданд, шукр, ки ба ваҳдат расидем. Ин ганҷи бебаҳоро, ки аксари давлатҳои дунё орзуи ба даст оварданашро доранд, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорем ва ба қадри ин неъмати Худодод расем. Шукр, шукр ва боз ҳам шукр! - бо табассум ва ифтихорманд мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Қутбияи Неъматулло