21 марти соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зери унвони „Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист“ фармуда буданд: „Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Бахусус дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи Модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.
Дар ин раванд бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиҳати ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта гардад“.
Агар нек бингарему биандешем, ба „Рӯзи Модар“ табдили ном додани ҷашнвораи озодии занонро Пешвои муаззами миллати бофарҳангу меҳани биҳиштосои мо бо дарки рисолати азалии ҷинси зан, ки таъмини бақои насли одамият бувад, қонунан амалӣ намуд. Ангезаи ин тасмими дурандешонаю мулоҳизакоронаи Сарвари давлати озоду озодаамон аз қалби саршори эҳсоси табиии эҳтиромаш ба модарони поктинату сафеднияти тоҷик маншаъ мегирад. Зимнан, Пешвои миллат борҳо дар ҷараёни суханрониҳо дар чорабиниҳои сатҳи гуногун, мулоқоту суҳбатҳо бо хабарнигорону аҳли адабу фарҳанг иқрор омадааст, ки нақши модари бузургаш дар ташаккули ҳайсияту шахсияташ беандоза муассир аст, чаро ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба фаро овардани илму донишу ҳунар ҷигарбандонашро ҳидояту раҳнамоӣ мекард. Маҳз модари бузургворашон роҳкирову тӯшаи сафар оростанду фарзанди азизтарини хонаводаро ба хондан фиристоданд. Кушоиши кораш аз дасти дуои модар буд, ки Ӯ аз остони падар то ба минбари башар раҳ бурду бо ташаббусу тадбирҷӯиҳои хирадмандонааш, андешаҳои амиқу эътимодбахшаш, қарорҳои қатъияш ва тасмимҳои раҳомӯзу ибратангезаш оташи ҷангро фурӯкаш сохту ба марҳилаи ҷадиди созандагиҳою ободкориҳо дар қаламраваш асос гузошт. Ва дар он авзои ҳассоси моломол аз ҷангу ҷӯшҳои хатарзо наҷоти миллатро дар нӯшдоруи алфози модараш дарёфт, ки мегуфт: „Писарам, қадри модаронро бидон“. Дар ангезаи ҳамин давопандҳои модар Сарвари давлат ба ҳар минтақае, ки сафари корӣ анҷом медод, қабл аз ҳама бо пиразанҳо писарвор суҳбату мулоқот мекард, мисле ки аз модари худ аз онҳо дуо мегирифт. Ҳамчун зан, ҳамчун модар иқрор меоям, ки эҳтироми шоистаи модаррову ба ҷо овардани хидмати ӯро мо ҳама бояд аз Пешвои муаззами кишвар омӯзем. Чаро ки маҳз ба шарофати сиёсати мардумсолоронаи Сарвари давлат таносуби занону духтарони қобилу ташаббускор дар ниҳодҳои идории дараҷаҳои гуногуну макотиби олӣ ва мақомоту созмонҳои интихобӣ рӯз ба рӯз афзуда, мартабаи онҳо то арши аъло расид. Илми муосир кайҳо бо далелҳои раднопазир исбот намудааст, ки дар пасманзари ҳар ихтирооту эҷоди нодир аксар маврид модарону занони хушгуҳар меистанд. Ва ҳамин воқеият аст, ки шоирони тавонои тоҷик Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ дар ашъори худ модаронро ситоиш кардаву дар пайравӣ ба онҳо адибони дигар низ шеъру асарҳои баландмазмуне эҷод намудан доранд. Аз ин радиф мусаввирону пайкаратарошони мумтозу муқтадири тоҷик истисно нестанд. Дар ин доираи суратгарон Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар офаридани тимсоли модар аз муваффақтарин мусаввирони Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар асарҳои офаридааш, ки бӯи гуворои деҳаю накҳати мушкбези модар медиҳанд, як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст, ки ҳар роғибе аз онҳо барои худ ба андозаи зарфияти зеҳнию фикриаш баҳра мегирад. Дар онҳо наҷвои нишотмандиҳо аз ҳузури модар, шевани шонашикани бемодариҳо ва садҳо панду насиҳатҳои дигарро ниюшидан метавон. Ин бардошт дар ман аз ошноӣ бо силсилатасвираҳои ба модараш бахшидаи ин суратгари тавоно дар китоби басо нодиру камёфти ёддоштҳояш таҳти унвони „Чанори танҳо“ ҳосил шуда. Аз мусаввараҳою қиссаҳои ин асари мусаввари дуҷилдаи муаллиф бармеояд, ки ӯро дар ин роҳи душвори моломол аз шебу фарозҳо муттакояш модар буду ҳаст, бигзор ки солиёни бешуморест аз балои бемодарӣ ранҷ бикашад ҳам. Ӯ чунин нигошта: „…Ӯ ҳамагӣ 65 сол умр дид…Тамоми умр дар пеши назари ман симои зебои модарам, ки ту гуфтӣ аз умқи дуди ниландуд падид меояд, нақш бастааст… Модарам аз ҷони азизаш болотар маро дӯст медошт ва ин муҳаббати ӯ ба хешу ақрабо муассир омада буд, ки касе аз онҳо дар пайи озори мани дар доди тифлиҳо аз падараш маҳрум, ҷуръат намекард…“ Ва дар ин муқаддастарин рӯз, ки баста ба эҳтироми модарон аст, гуфтааму мегӯям, ки кулли модарон мушобеҳи модари Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф шарифанду фаротар аз ҷони азизшон моро дӯст доранд. Пас, ҳазорон бор бештар арзандаю лоиқи эҳтирому эътибори мо мебошанд.
Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз барои ҳамаи шумо муборак бодо, ҳамватанони гиромӣ.
Шоҳонаи Сулаймон